БОЙГОНӢ
« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Зодгоҳаш дилрӯзак, рисолаташ табибӣ
ТандурустӣЗимистони қаҳратун, абрҳо барои сабук кардани бори худ болои марзу қуллаҳои сарбафалаккашидаи Бадахшони Афғонистон, доман меафшонданд. Дар яке аз дурдасттарин рустоҳои ин диёр, ки зери барф монда буд, як дудмон кӯдакону чанд зану пиразанҳо баробари пирамарди такя ба девор нишастае даст ба дуо бардошта буданд, то ки чашми модаре ба осонӣ равшан шавад…
Дар ҳамон лаҳзаҳои тақдирсоз андар моварои пуштаҳои барфпӯш гурӯҳи «Шафқат», ки аз табибони риштаҳои гуногун ташкил шуда буд, роҳи расидан ба модари обистанро меҷуст. Бонуи ориёичеҳрае, ки чашмони обиаш ба манзарҳои барфпӯши пайроҳаи кӯҳистонӣ нури лоҷувардӣ мебахшид, бо шеваи ширини тоҷикӣ мегуфт: «Ин ҷо Бадахшони Тоҷикистон нест, ки то охирин деҳкадаҳояш шоҳроҳҳо бунёд ёфтаву соате пас роҳҳо аз барф тоза карда шаванд ва чароғон бошанд. Ба ҳар васила як тани мо бояд ба мадади модару кӯдак расем». Лаҳзае пас, асперо ҳозир карданду момодояи тоҷик савори он сӯи рустои барфпӯш роҳсипор гардид.
Навишта Файзуллоева, момодояи номвари гурӯҳи «Шафқат» аз Тоҷикистон ба Афғонистон омада, давоми панҷ соли фаъолияти касбӣ ба садҳо хонаводаҳои ин кишвари ҷангзада шодиву нишот овардааст. Ӯро дар вулусволиҳои Бодғис, Тахору Бадахшон ба унвони «Фаришта-момон» мешиносанд. Баъди расидан ба хонаи бемор, бо табассуми малеҳу хушбинона аҳли оиларо якояк ҳолпурсӣ намуда, вориди кулба мешавад. Момодояи чашмикордон, ки тули собиқаи қариб 30 солааш афкору рамузи мардуми Афғонистонро ба хубӣ омӯхта буд, орому ботамкин назди модари аз дарду ҳарос дар изтироб нишаст. Бемор аз дидани меҳмони хилъати сафедпӯш неруи тоза пайдо кард, ки хандида ба гапи даромад: «Худоро сипос, шуморо ба мо расонд».
Монои ин саргузаштҳои ёдмон дар фаъолияти момодоягии ҳамсуҳбати мо беҳаду шуморанд, ки инак, бо гузашти 11 сол аз бозгашташ ба Ватан дар хотироти ӯ ҷовидонӣ нақш бастаанд. Ҳолиё бо таҷрибаи зиёда аз чиҳилсолаи момодоягӣ шогирдони навомӯзаш намегузоранд, ки лаҳзае фориғ аз таълиму машваратдиҳии ҷавонони ин ҷода бимонад. Чаро ки ӯ бо фаҳми назокатҳои муоинаву муолиҷаи модарони ҳомила ва назорати онҳо то ҳини таваллуд, донишномаеро мемонад, то донишҷӯён ва дигар момодояҳои ҷавонро дар такмили касбияту азбар намудани таҷрибаи пешқадам роҳнамоӣ дошта бошад. Бо ин марому ниятҳои наку баъди бознишастагӣ ҳамкориро бо Муассисаи давлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб» идома бахшида истодааст, ки муҳити таълимгоҳаш таваллудхонаи воқеиро мемонад.
Илова ба дарсҳои силсилавӣ ба донишҷӯёни ихтисоси момодоягӣ аз таҷрибаам ҳарф мезанам, ба саволу муаммоҳои касбӣ ҷавоб медиҳам,- риштаи суҳбатро кушод Навишта Файзалиева. –Шахсан ба момодоягӣ машғул набошам ҳам дар ҳолатҳои зарурӣ аз момодояҳои ҷавон маслиҳату машварати худро дареғ намедорам. Рисолати мо, табибону ҳамшираҳои шафқат, он аст, ки илму ҳунари азбарнамудаамонро ба идомадиҳандагони пешаи синоӣ биомӯзем…
Баъди хатми Омӯзишгоҳи тибии шаҳри Кӯлоб фаъолиятро дар шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказӣ оғоз бинмуд. Таҷрибаи касбӣ гирифт, аз зумраи беҳтарин момодояҳо дониста мешуд. Дар ин миён соли 2004 барномаи «Аксия алайҳи гуруснагӣ» рӯи кор омаду аз миёни беҳтарин мутахассисони соҳа ӯро ба ҳамкорӣ даъват намуданд. Пасон, аз соли 2006 фаъолиятро ба симати сармомодояи таваллудхона идома бахшида, баъди ду сол барои идомаи рисолати касбӣ дар қатори 14 тан табиби риштаҳои гуногуни соҳа ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар кард.
Хушбахтона, тули шаш соли фаъолият дар кишвари ҳамсоя ба мо муяссар гардид, ки сатҳи маргу мири модару кӯдакро дучанд коҳиш диҳем,-ба ёд меорад табиб.
Фаъолияти мондагори момодояи соҳибтаҷриба далели гуфтаҳояш буда, ки асоси хушбахтиву саодати инсон аз ишқу муҳаббати бузург ба зиндагӣ ва ҳунару пешаи интихобнамудааш об мехӯрад, ки дар пайи фатҳи қуллаи орзуҳо пайваста дар ҷаҳду талош бошем. Рӯзу рӯзгорони бонуи Навишта ё ба қавли мардуми афғон «Фаришта-момон» романи дилангезеро мемонад, ки қаҳрамони он аз зодгоҳаш, рустои Дилрӯзаки ноҳияи Шамсиддин Шоҳин як пайроҳаи пуршебу фарози ҳаётиро паси сар бинмуда, ҳолиё ҳам бо завқу меҳру маҳбубияти беҳад рисолати касбии худро идома дода истодааст.
Ба гоҳи қиссапардозиҳо аз лаҳзаҳои фаромӯшношудании нахустин навбатдории мустақилаш дар таваллудхонаи деҳкадаи Зиракии шаҳри Кӯлоб ёдовар мегардад, ки бо рӯи даст бардоштани тифли навзод баробари модари аз дарди таваллуд раҳо ёфта, ашки шодӣ мерехт.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
шаҳри Кӯлоб
Мубодила:
Шарҳҳо
