БОЙГОНӢ

«    Июн 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дармонбахши дилҳо

Тандурустӣ

Гуландом дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаву муҳаббати пешаи пизишкӣ аз овони наврасӣ дар дилаш маъво гирифтааст. Замони мактабхонӣ,

баробари адабиётҳои дарсӣ, китобҳои марбут ба илми тибро бештар мехонд ва худро дар олами орзуҳои ҷавонӣ бо хилъати сафед сари болини бемор тасаввур мекард. Майлу хоҳиши Гуландом бо гузашти солҳо ва бо рӯ ба рӯ омадан бо табибе ё ҳамширае ба пешаи дӯстдоштааш меафзуд, ки ҳатман аз он ҷониб дилхоҳ хостаашро пурсон мешуд. Бо анҷоми соли хонишу хатми мактаби миёна, соли 2007 духтараки фаъол аз волидон фотиҳаи нек гирифта, ҳуҷҷатҳои худро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино супурда, бо иқболи баланд донишҷӯи ин муассисаи олии тиббӣ шуд.

- Духтури занона не, табиби дилшинос шав, духтарам,- гуфт падар. Гуландом, ки орзуҳои худро дар симои духтури занона шудан об медоду дар олами андешаҳояш болои дастонаш рӯзе то даҳ навзод рӯи дунё меомад, аз тавсияи падар берун нарафт. Медонист, ки падари азизашро ранҷи дил азият медиҳад, шояд ин тавсияро барои худ гуфта бошад. Ба ҳар ҳол аз рӯзи нахуст назди табибони дилшинос шогирд истод.

…Замони донишҷӯйӣ турнаосо мегузаштанду духтарак худро миёни шарикдарсон фаъол ва дар корҳои ҷамъиятӣ мададгор муаррифӣ мекард. Соате агар фориғ меёфт, худро дар бемористону марказҳои саломатӣ мегирифт, бо саволу муаммоҳои хеш аз устодону дигар табибон нозукиҳои касби дӯстдоштаашро ҷӯё мешуд. Хусусан, бо тарзу усулҳои табобати кори дил ва пайдоиши он зиёдтар мароқ зоҳир мекард, зеро касби ояндаи худро дар ҳамин бахш муайян карда буд. Соли 2013 Гуландом Донишгоҳро бо сари баланд хатм намуда, то соли 2015 шуъбаи ординатураи клиникиро низ бомуваффақият гузашта, корро аз Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил» оғоз бахшид. Ӯ рӯзҳои аввали корашро дар бемористон зери сарварии устоди меҳрубонаш Аъзам Табаров хуб ёд дорад. Таваҷҷуҳи ҳамкасбонашро ҳис менамуд, ки чи сон ба табиби ҷавоне, ки боварӣ ба худ дораду аз уҳдаи кор бо сари баланд мебарояд, эҳтиром мегузоштанд.

-Барои ман саломатии бемор дар ҷойи аввал меистод ва гоҳҳо шабу рӯзҳо назди дардмандон будаму ёрии худро аз онҳо дареғ намедоштам,- ёд меорад солҳои аввали корашро бонуи табиб ва меафзояд, - вақте ки мардум табиби ҳозиқи худро гарму ҷӯшон истиқбол мегиранд, меҳраш ба касб зиёду муҳаббаташ ба онҳо афзун мегардад.

 

Ба андешаи қаҳрамони мо, эҳтироми самимии атрофиён ба ӯ осон даст надодааст. Аз худ гузаштанҳо, шабҳои бехобию комёбию нокомиҳо, ҳаяҷонию асабонӣ шуданҳоро ин пеша дар худ дорад.

Ба чанд пурсише, ки бемории қалб чӣ сон сар мезанад ва чӣ паёмаду чӣ пешгириҳо дорад, Гуландом Касирова бо посухҳои илмиву асоснок моро ҳам мутмаин сохт, ки давои ҳар дард ва пешгирии он дар дасти худи инсонҳост. Аз ҷумла, ӯ баён дошт:

-Мувофиқи омори тиббӣ, тақрибан 60 дарсади фавти бармаҳал ба бемориҳои дилу рагҳо во баста аст. Барои бартараф ва пешгирӣ кардани бемории системаи дилу рагҳо машқҳои ҷисмонӣ, кори сабук, зиндагии ором зарур аст. Аз кам шудани кори ҷисмонӣ мушакҳои дил суст мешаванд. Масалан, дар сурати 70 шабонарӯз тамоман беҳаракат будани одам, ҳаҷми дилаш 13–18 фоиз хурд мешавад. Нафароне ба бемории дилу рагҳо гирифторанд, ки аҳамияти бузурги тарзи ҳаёти солимро дарк накардаанд. Омилҳои асосии боиси пайдоиши патологияҳои дил, баландшавии сатҳи холестерин дар хун, камҳаракатӣ, тамокукашӣ ва нӯшокиҳои спиртӣ, баланд шудани қанди хун, истифодаи аз ҳад зиёди чарбуи ҳайвон, хӯрокҳои хамириву сернамак, фишори дарозмуддати равонӣ, фишори баланди хун ва ғайраҳо мебошанд,- иқрор меояд табиб.

Ба ақидаи табиби дилшинос, барои пешгирии бемории дил бояд реҷаи муайяни хӯрокхӯриро риоя намуд. Ба номгӯи ғизои ҳаррӯза меваю сабзавот афзалият дода шавад ва аз шӯриву чарбуи ҳайвон парҳез бояд кард. Қариб ҳамаи меваҳои тару тоза барои дил муфиданд. Аз ин рӯ, дар тобистон шумо бояд ҳарчи бештар себ, нок, олу ва ҳама навъҳои буттамева бихӯред. Тамоми буттамеваҳо на танҳо витамини баданро пур мекунанд ва мушакҳои дилро ғизо медиҳанд, балки сатҳи гемоглобинро дар хун зиёд мекунанд.

Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар 15 соли охир, бемориҳои дилу рагҳои хунгард дар байни сабабҳои марг ва маъюбии калонсолон ва ҷавонон ҳоло ҳам мавқеи пешсафии худро нигоҳ медорад. Бемориҳои дилу рагҳои хунгард, бахусус бемории ишемияи дил ва гипертонияи артериалӣ, инчунин бемориҳои мағзи сар сабабҳои асосии корношоямӣ, маъюбӣ ва фавти аҳолии бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва рӯ ба инкишоф гардидаанд.

Тибқи пешгӯиҳои СҶТ, то соли 2030 шумораи бемориҳои дилу рагҳо, аз ҷумла бемориҳои дил ва ихтилолҳои мағзисарӣ шояд ба 23,6 миллион нафар расид. Вобаста ба ин гуфтаҳои пешгирии бемориҳои дилурагӣ дар Тоҷикистон, ҳамчун вазифаи муҳими давлатӣ барои кормандони соҳаи тиб, бахусус шифокорони дил эътироф шудааст.

Гуландом Касирова мисли дигар бонувони ҳамкасбаш пайваста меҳрубону мулоим пайи дармони мизоҷонаш ҳаст. Шукргузор аст, ки бо боварӣ ӯро мудири шуъбаи бемориҳои музмини ишемиявии дил дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил интихоб кардаанд. Табиби дармонбахшу бонуи бомасъулият аст ва ҳам пайи кору омӯзишҳои илмӣ. Зери роҳбарии устодаш, доктори илмҳои тиб Музаффар Раҷабзода унвонҷӯи соҳаи интихобкардааш мебошад. Табиби умедбахш ва донишманд аз пешаи интихобкарда розӣ ва хушбахт аст, ки имрӯз 80 дарсади ҳамкоронаш ҷавонон ҳастанду ҳамагӣ баробари касбу кор пайи унвони илмӣ аз худ ташаббусҳо нишон медиҳанд.

Фарзона ВОСЕЕВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон