БОЙГОНӢ

«    Август 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Сухани нек – тавонбахши рӯҳ аст

Тандурустӣ

Доруи табиб

Ҳини суҳбат бо Ҳусния Дурманова, вай аз фаъолияти табибиаш чанд нуқтаи ҷолиберо зикр намуд, ки аз миёни он лаҳзае аз хотироташ басо таъсирбахш ва ҳам риққатовар буд.

– Ҳатто бузургтарин табиб ҳақ надорад, ки рӯз ё сонияҳои охирини ҳаёти беморро пешгӯӣ намояд, вале ӯ метавонад бо суханони неку рӯҳбахш ба мариз умри дубора бахшад. Ба ҷойи тарсу ваҳм дили ранҷурро бо ҳарфҳои хуш ба зиндагӣ гарм карда, андешаҳои маргандешонаро аз хаёлаш дур бояд сохт, – мегӯяд Ҳусниябону.

 

Давраҳои аввали кориаш дар беморхонаи марказии ноҳия шоҳиди воқеае гашт, ки то ҳанӯз аз лавҳи хотираш зудуда нагаштааст. Зане ҳамроҳи писарчаи хурдсоле дар интизори навбати духтур истода буд. Бо ворид шудан ба ҳуҷраи кории табиб ва дидани духтуре, ки ӯ низ ба муоинаи беморон шуғл дошт, якбора авзои зан тағйир ёфт. Бо нафрат ба сӯи табиб назар афканда, зери лаб бо худ чизе мегуфт. Ҳолати бади равонии зан Ҳуснияро ором нагузошт. Ӯ аз ҷой бархоста, занро мурооти нишастан намуд. Зан ба курсӣ нишасту рӯ ба ҷониби табиб намуда, бо овози ларзон ба сухан оғоз кард:

– Ман ҳанӯз зиндаам. Намурдам, аммо он гапҳои ту то имрӯз дар гӯшам садо медиҳанд. Ба бачахоям гуфтӣ, ки модаратонро баред, ҳамагӣ чанд рӯзи дигар умраш боқӣ мондааст. Муддати панҷ сол мунтазири марг шуда, ҳатто ба кӯча набаромадам.

– Алҳол беш аз 15 сол шуд, ки ин зан барҳаёт аст, вале он ҳолати рӯҳафтодагиро бо чӣ машаққат пушти сар кард, танҳо худаш медонад. Аз ин хотир, барои табобати ҳар бемор аввалин «дору»-е, ки истифода мебарам, ин бо сухани хуб истиқбол намудан мебошад, – иброз медорад табиби ҳозиқ.

Меҳри касб

Баъзеро дар интихоби касб ё ҳунар шахсе далолат медиҳад, ки дар оянда бо шавқ пайдо намудан ба пеша дар ҷодае муваффақ мегардад. Завқ ва рағбати Ҳусниябонуро ба табибӣ ҳамон духтурони маҳал, ки дар тан хилъати сафед доштанд ва гоҳ-гоҳе ба мактаб барои назорати гигиении хонандагон меомаданд, бедор намуданд.

– Аз орзуям, ки солҳо дар як кунҷи дил мепарваридам, модарро огоҳондам. Албатта, барои духтарони маҳал таҳсил дар пойтахт хеле мушкил аст, аммо модар бо ҳарфҳои рӯҳбаландкунандааш умеди маро қавӣ гардонд.

Соли 2008 бо меҳрубонониҳои модар ва дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи Квотаи президентӣ ба факултети тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шудам. Баъди таҳсил дар интернатура ба ноҳия баргаштам.

Соли 2015 дар Беморхонаи марказии ноҳияи Носири Хусрав ҳамчун мудири шуъбаи амрози даруна ба фаъолият пардохтам. Баъдан, солҳои 2017–2019 мудири шуъбаи қабулгоҳ, 2019–2021 директори Ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳия ва аз соли 2021 ба симати роҳбари Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Носири Хусрав ифои вазифа дорам, – мегӯяд Ҳусния Дурманова.

Аз мушкили кор

Ба гуфтаи мавсуф, дар зертобеи Маркази саломатии ноҳия 4 маркази саломатии деҳот ва 21 бунгоҳи тиббии деҳот фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 14 табиби тахассусӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад.

– Алҳол, аз 201 воҳиди корӣ 171-тои онро кормандони тибб банд намудаанд, яъне ҳанӯз ҳам ҷойи кори холӣ дар Маркази саломатӣ мавҷуд буда, нарасидани мутахассисони соҳа нигаронкунанда аст. Бахусус, аз 45 табиби тибби оилавӣ, ки мебоист барои аҳолии 49-ҳазораи ноҳия хизмати тиббӣ расонанд, ҳамагӣ як нафар чун табиби тибби оилавӣ фаъолият дорад.

– Ҳамчунин, набудани духтурони бемориҳои чашм, табиби кӯдакона, асабшинос ва равонпизишк низ мушоҳида мешавад. Вақте табибони тахассусӣ вобаста ба ҳар беморӣ намерасанд, мушкили хизматрасонии тиббӣ ба мардум низ меафзояд, – мегӯяд Ҳусниябону.

Соли гузашта ба Маркази саломатии ноҳияи Носири Хусрав табибони шикастабанд, момодоя ва ҷарроҳ ба кор ҷалб гардиданд, ки онҳо тибқи Квотаи президентӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳсил намудаанд. Ҳусниябону мегӯяд, ки дар таваллудхонаҳои се ҷамоати деҳоти ноҳия момодояҳо фаъолият доранд ва дар ҳолати мувоҷеҳ шудани занони ҳомила ба мушкилӣ боз бо табибон ва момодояҳои Маркази саломатии ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён ҳамкориро роҳандозӣ менамоянд.

 

Аз муваффақиятҳо…

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми августи соли 2016 «Дар бораи қоидаҳои гузарондани муоинаҳои тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда», ки тартиби муоинаи тиббии ҳатмии никоҳшавандаро муайян менамояд, яке аз тадбирҳои Ҳукумати кишвар мебошад. Дар доираи ин қарор, дар ҳамкорӣ бо кормандони ташаккули тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ корбарӣ намуда, дар бораи зарари никоҳи хешутаборӣ суҳбатҳо доир мекунем. Домуллою имомхатибҳо, ки дар ин росто бо мо ҳамкорӣ доранд, бе нишондоди ташхиси духтурон гузарондани маросими никоҳи расмиро иҷозат намедиҳанд. Ин ҳамкориҳо имкон дод, ки дар семоҳаи аввали соли равон 65 никоҳшаванда аз муоинаи тиббӣ гузашт.

Аз рӯи Барномаи «Модари солим, кӯдаки солим» фаъолиятро роҳандозӣ намудаем, ки дар ин самт низ муваффақиятҳо назаррасанд, – гуфт дар фарҷом Ҳусния Дурманова.

Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,

Душанбе–Носири Хусрав–Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2025_small_.pdf [4.18 Mb] (зеркашиҳо: 10)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон