Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дар рисолати хеш фаъоланд
ТандурустӣМуассисаҳои давлатии «Кумаки аввалини тиббӣ- санитарӣ» (КАТС) маҳсули даврони истиқлол буда, дар асоси таҷдиди сохтори соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ таъсис ёфт. Имрӯз дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар дар баробари беморхонаҳо ин муассиса низ фаъол аст, ки марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро дар маҳал зери назорат ва корбарӣ қарор медиҳад.
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба кори ин муассиса баҳои воқеӣ дода, аз ҷумла зикр намуданд, ки тули ду - се соли охир дар баробари масъулияти баланди табибон ва ҳамшираю бародарони шафқат таваҷҷуҳи мақомоти маҳаллӣ ва мардуми бумӣ низ ба соҳаи мазкур бармало мушоҳида мегардад.
Бо роҳбаладии муовини менеҷери КАТС-и шаҳр Умар Мамедов аз чанд муассисаҳои тиббии шаҳр дидан намуда, ба воқеияти андешаҳои муовини раиси шаҳр Фирӯза Муъминзода бовар ҳосил намудем. Бинои асосии Кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ, ки дар маркази шаҳр қомат афрохтааст, чун дигар биноҳои хуштарҳу замонавӣ диққати ҳар роҳгузарро ба худ мекашад. Муассисаи мазкур дар тобеи худ ду маркази саломатии шаҳрӣ, 19 маркази саломатии деҳот, 30 бунгоҳи тиббӣ, ҳамчунин, марказҳои солимии репродуктивӣ, иммунопрофилактикӣ, бемориҳои ҳамбастагии кӯдакона, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва шуъбаи барқарорсозии саломатиро фаро гирифтааст. Дар ҳамаи ин бахшҳо табибону ҳамшираҳои соҳибтаҷриба ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Дар паҳлуи муассисаи тиббӣ- санитарӣ бинои Маркази саломатии шаҳрии рақами 1-ро дида, вориди он шудем. Бинои мазкур соли 1970, дар аҳди шуравӣ эъмор ёфта, барои хизматрасонӣ ба 15–16 ҳазор нафар аҳолӣ пешниҳод шуда буд. Тайи 50 соли охир Истаравшан ҳамчун шаҳри саноатию ҳунармандӣ рушд намуда, аҳолӣ низ афзоиш ёфт. Қатори садҳо иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ бинои нави маркази саломатии шаҳрӣ низ ба объектҳои ҷашнӣ ворид шуд, ки сохтмончиён онро дар нимсолаи аввали соли 2024 мавриди истифода қарор доданд. Бинои сеошёна дорои 36 ҳуҷраи корӣ ва як толори барҳаво барои 120 нафар иштирокчиёни маҷлису чорабиниҳои табибон пешбинӣ шудааст. Иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва суханрониҳои пурмуҳтавояшон барои кормандони соҳа неруи тоза бахшид, ки масъулияти ҳар кадомро ба кор ва муносибатро ба беморон боз ҳам ҷиддӣ намуд.
- Тавре мебинед, дар қабули ҳар кадом табиб на камтар аз 7–8 нафар бемор истодааст, ки қисме барои маслиҳату машварат низ омадаанд, - аз таваҷҷуҳи мо рамуз гирифта мегӯяд Мамедов. - Бо мақсади бошукӯҳ таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ дар дигар минтақаҳои шаҳр корҳои азнавсозию бунёди биноҳои соҳаи тандурустӣ дар назар аст, ки аллакай қисме аз онҳо ба истифода дода шудаанд. Бунёд ва навсозии маркази саломатии деҳаи Куҳандиж, бинои нави маркази саломатии деҳаи Боботағо, бинои нави маркази саломатии «Курушкада», бинои маркази саломатии деҳаи Варсиқ аз ҷумлаи биноҳои ба фаъолият пардохтаанд. Имрӯз мардуми маҳал шаҳр нарафта, ба табибони минтақавӣ муроҷиат мекунанд. Марказҳои саломатӣ бо таҷҳизоти ба талаботи муосир ҷавобгӯ таъмин буда, ба ниёзмандон кумаки аввалия ройгон расонда мешавад. Барои ин дар ҳамаи марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Азнавсозии бинои бунгоҳи саломатии деҳаи Сепула дар Ҷамоати деҳоти Пошкент аз ҳисоби аҳолии деҳа ва соҳибкорони маҳаллӣ оғоз ёфта, корҳои сохтмонӣ ин ҷо бомаром идома доранд. Дар назар аст, ки бинои мазкур то охири сол мавриди истифода қарор гирад. Монанд ба ҳамин дар деҳаҳои Ҷавкандак, Нофароҷ, Сари Мазор, Ободдара таъмиру тармими пурраи марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ аз ҳисоби буҷети маҳал дар якҷоягӣ бо қувваи аҳолии деҳот ба нақша гирифта шудааст, ки ба тозагӣ корҳои ободгароӣ дар ин нуқтаҳо оғоз мешаванд.
Татбиқи Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2025 дар муассисаи КАТС-и шаҳри Истаравшанро яке аз табибони собиқадор Раъно Тошматова хуб арзёбӣ намуда, фаъолияти пурсамари кормандони соҳаро аъло баҳо гузошт. Айни вақт аз 133 нафар табиби маълумоти олидор, 89 нафар дараҷанокии тиббиро дороянд, ки ин 87 дарсади шумораи умумиро ташкил намуда, нисбат ба дигар бахшҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо авлавият доранд. Миёни ҳамшираю бародарони шафқат низ 225 нафар ба дараҷаҳои гуногуни тиббӣ ноил шуда, аз кору масъулияташон хуб фаҳм мебаранд.
Дар маркази саломатии шаҳрӣ ва марказҳои саломатии деҳот табибони тибби оилавӣ низ фаъолият мебаранд, ки ҳамагӣ курсҳои бозомӯзиро гузашта, аз дараҷаҳои тиббӣ бархурдоранд. Ҳамчунин, 133 нафар ҳамшираю бародари шафқат низ аз курсҳои бозомӯзии тибби оилавӣ гузашта, малакаи кориашонро афзун намудаанд. Семинару дарсҳои омӯзишӣ ҳар сари чанд вақт дар минтақаҳо бо иштироки аҳолӣ гузаронда шуда, модарону хоҳарони маҳаллаҳо бо ёрии аввалияи тиббӣ ошно карда мешаванд, ки ин ҳамкории кормандони соҳаро бо мардум қувват мебахшад.
Ба пиндошти муовини роҳбари муассиса, муроҷиати аҳолӣ аз тарафи маъмурият сари вақт баррасӣ мегардад. Ба беморон ва маъюбоне, ки дар шароити хона табобат мегиранд, аз ҷониби табибону ҳамшираҳои вобастшуда бемамониат ва сари вақт кумакҳои тиббӣ расонда мешаванд.
Аснои боздид аз марказҳои саломатии «Вогат» ва «Курушкада» мушоҳида гардид, ки табибону ҳамшираҳо дастандаркоранд. Ба ҳар нафар ҳамшираи шафқат моҳе муоина ва боздиди 1000 нафар мизоҷон рост меояд, ки бино ба гуфтаи мудири маркази саломатии «Курушкада» Раҳима Мингбоева хоҳарони шафқат вазифаю масъулияти худро аз ин ҳам бештар ба сомон мерасонанд.
Рустами НАЗИР,
Душанбе - Истаравшан - Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
