БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Насле аз Пуштароғ

Тандурустӣ

                 Бонуи тоҷике, ки дар Финляндия табиби дараҷаи аъло гардид

 Гулнора Асоеваро дар Тоҷикистон шояд кам касоне шиносанду донанд, аммо дар яке аз кишварҳои мутараққии Аврупо – Финляндия ӯ ҳамчун мутахассиси соҳибтаҷрибаи соҳаи пизишкӣ, возеҳтараш духтури бемориҳои касбӣ (профпатолог) шинохта гардида, дар ин масир ҷойгоҳи хосе дорад. Тули 20 сол аст, ки дар Беморхонаи шаҳрии бемориҳои профпатологии шаҳри Турку, дар 150 километрии шаҳри Хелсинки ифои вазифа менамояд.

Барои табиби тоҷик, ки бо ихтисоси духтури бемориҳои дарунӣ диплом ба даст оварда буд, оғоз бахшидани фаъолият дар Аврупо бидуни донистани забони мардуми бумӣ кори на саҳл буд. Танҳо заҳмати амиқ, шабҳои бедорхобӣ ва иродаи матин метавонист нияти бузурги ҷавонзанро қабои амал пӯшонад ва ҳамин тавр ҳам кард. Як сол забони финӣ омӯхт, дар Маркази клиникии шаҳри Турку ҳамчун ёвари табиб заҳмат кашид ва ду сол ба омӯзиши ҷиддӣ пардохт, то дипломи олии худро дар ин мамлакат тасдиқу мутобиқ гардонад.

 

 Руҷуъ

Ба Финляндия рӯ овардани Гулнорабону тасодуфӣ набуд, зеро ҳамсафари ҳаётиаш Фурқат Мансуров, гирандаи стипендияи ленинӣ ва дипломи сурхи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ки муддате чанд дар беморхонаҳои клиникии ҷумҳурӣ фаъолият дошт, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ барои ҳимояи рисолаи илмӣ дар Комиссияи олии аттестатсионӣ озими шаҳри Москва шуд. Дар яке аз чунин сафарҳо ғайриинтизор ӯро барои табодули таҷриба ба муддати се моҳ ба кишвари Финляндия даъват намуданд. Баъди шиносоӣ бо усул ва технологияҳои муосири табобат дар Аврупо ҷавони тоҷик бо кулбори пур аз таҷрибаи бебаҳо мехост ба Ватан баргардад. Профессори финӣ ба ӯ пешниҳоди фаъолият дар соҳаи ҷарроҳӣ намуд ва хоҳиш кард, ки забони мардуми таҳҷоиро омӯхта, дипломи табибиашро ба он мутобиқ созад. Баъди шаш моҳи забономӯзӣ Фурқат сарбаландона имтиҳон супурда, ба кор қабул гардид.

Ҳиҷрат

Соли 1996 олиҳаи ҳаёташ Гулнораро, ки замони донишҷӯӣ шефтаи ҳусну зеҳни вирои ӯ гардида буду мисли вай тахассуси олии табибӣ дошт, бо ҳосили ширини умрашон – Ясмина ба ин кишвар овард.

Дар фурсати начандон тулонӣ дар кӯи ғурбату ғарибӣ ҳамсарон барои худ тавонистанд ҷойгоҳи сазовор ороянд. Дар заминаи маҳорату масъулияшиносии касбӣ ва таҷрибаи қариб 30-сола Фурқат Мансуров дар шаҳри Турко шифохонаи қиёфаҷарроҳии хусусии худро таъсис дод, ки бо номи «Эстетика Мансуров» (Estetiikka Mansurow) феълан фаъолияти пурсамар дорад. Ба муҳити маҳаллӣ ва иқлими он хӯ гирифта, мақоми шаҳрвандиро низ дарёфтанд. Фарзанди дувуми хонавода – Сабинаи нозанин дар ин кишвар чашм ба ҳастӣ кушоду зиндагии оилаи ҷавонро рангу таровати бештар бахшид.

Гулнораю Фурқат меросбарони заковату хиради азалии гузаштагони хеш, олим ва табибони барҷастаи тоҷик Закариёи Розию Абуалӣ ибни Сино ҳамакнун мубаллиғи тибби муосири тоҷик дар миёни мардуми Аврупо рисолати хешро анҷом медиҳанд. Фурқат ният дорад, ки оянда, дар хоки аҷдодон барои ниёзмандон ҷарроҳиҳои ройгон доир намуда, доираи фаъолияти хешро дар Ватан низ доман густарад.

Дудмони некуном

Қиблагоҳи Гулнора Қиём Асоев дар обёрию ободони даштҳои минтақаҳои гуногуни вилояти Хатлон ва бунёди иншооти тавлиди неруи барқи «Сангтӯда-1» ва «Роғун» заҳмат кашидаву соҳиби шону ҷоизаву унвонҳо, амсоли Ирригатори хизматнишондодаи хоҷагии оби ИҶШС, ордени Дӯстии халқҳо ва ғайра гардидааст. Мавсуф ҳамчун устои қаторию муҳандиси соҳибтаҳсилот, саркори бинокорон, сардори Колоннаи механиконидашудаи № 13, сарвари Раёсати сохтмонии «Ёвонводстрой», муовини сардори Сарраёсати «Тоҷикводстрой»-и Вазорати хоҷагии оби ИҶШС, муовини директори Раёсати «Роғунсохтмон» дар иншооти азамати гидротехникии оҳуни Ёвон, обмӯриҳои зеризаминии «Парчасой», «Лойқасой», бунёди пойгоҳҳо ва тадвини хатти обёрии заминҳои ташналаби водии Ёвону Обикиик, Бешкенту Қароқуму Данғара, эҳдоси неругоҳҳои барқи обии «Роғун»-у «Сангтӯда-1» ва садҳо иморатҳои таъиноти фарҳангию маишӣ ва истиқоматию идорӣ заҳмат кашидааст.

Соли 1988 Қиём Асоевро ҳамчун мутахассиси варзида ба Москва даъват намуда, дар вазоратхонаи марказ як ҳайати эъзомия­еро иборат аз 18 тан коршиноси риштаи муҳандисию обёрӣ таҳти роҳбарии ӯ мураттаб карданду ба кишвари Мозамбики қораи Африқо фиристоданд. Ҳудуди 4 сол онҳо дар лоиҳаи шодоб намудани 1000 гектар замини кишт заҳмат кашиданд, ки аз дарёи машҳури Лимпопо шодоб мегардид. Модари Гулнора Ойгул Саидмуродова дар ин сафар шавҳарро ҳамроҳӣ намуда, ба мактаббачаҳои африқоӣ забони русӣ меомӯзонд.

Ифтихори волидон

Аз ҳосили умри ду фарзанди сазовори меҳан Қиём Асоев ва Ойгул Саидмуродова ду духтар айёми камолот меронанд, ки Дилбар фарзанди бузург ва Гулнора фарзанди хурдист. Ҳарду хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, Дилбар дар Тоҷикистон ва Гулнора дар Финляндия дар ҳифзи тандурустии мардум камар бастаанд.

Фарзанди бузурги Гулнорабону Ясмина дар Финляндия дар риштаи ҳуқуқшиносӣ таҳсилоти олӣ дарёфт ва ҳоло дар шаҳри Хелсинки ҳамчун судя пайи иҷрои рисолат аст. Варзишу тарбияи ҷисмониро дӯст дошта, дар баробари машқу тамрин дар маъракаҳои гуногуни варзишӣ неруяшро меозмояд. Дар риштаи варзиши тӯби дастӣ (ҳандбол) нишони тилло ва унвони қаҳрамони Финляндияро дарёфтааст. Хоҳараш Сабина мисли волидони накуномаш пешаи пизишкиро баргузида, ҳоло дар Донишгоҳи тиббии Финляндия таҳсил дорад. Бо даст додани фурсат ба шифохонаи падар шитофта, дар гузарондани амали ҷарроҳӣ ӯро кумакрасон аст. Ният дорад, ки дар оянда ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ пардозад.

Гулнора бо хонавода ҳар сол ба ватани бобоии худ – Тоҷикистон ба дидори пайвандону хешу табору ёру дӯстон меоянд. То дами вопасин ба қиблагоҳаш, ки моҳи майи соли 2020 дунёро падруд гуфт, ҳар рӯз ба суроғи ӯ сим мезад ва падар бархӯрдор аз ёрии моддии духтари бонангаш дар ҳаққаш дуои нек медод.

Амакаш Юсуф Шоев ифтихорманд аз бародарзодагонаш, хосса аз Гулнора, бо сипосу ихлосу ифтихори бузург барои ҳифзи номи неки сулолаи Асоевҳо китобе низ мураттаб сохт, то фарзандону пайвандони ин хонаводаи соҳибмаърифат аз корнамоиҳои дудмони хеш, ки ҳамагӣ аз Пуштароғи ноҳияи Сангвор ба ҷодаҳои бузург гом ниҳодаанд, баҳравар гарданд.

Ситора АШӮРОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 11)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон