БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Соҳиби теғи Сино

Тандурустӣ

Мелоди аввалин орзуҳояш аз вуқуи як ҳодиса маншаъ мегирад, ки айни субҳона ҷеғзании имдодхоҳонаи парандаҳои хонагӣ хаёлоти кӯдаконаи ӯро парешон кард. Чолоктар аз ҳама ба саҳни ҳавлӣ шитофта, бо ситеза сагчаашро аз миёни мурғу мурғобиҳо тӯронд. Гӯшчапар узрхоҳона гирдогирди соҳибхона ҷастухез дошту дум меликонд. Аммо дандонҳои тез аз пару пӯсти мурғобӣ гузашта буд, ки ҷонвари бечора гардани ғарқи хунашро дар роҳрави сӯи боғча ёзонда ҷиғ-ҷиғ мекард.

Баъди таъкиди падарам, ки мурғобиро ҳалол бояд кард, худ намедонам чӣ гуна аз борҷомаи модаркалонам лӯладока оварда, гардани мурғобиро бастам. Чандин рӯзҳо онро дар як паноҳгоҳи анборхонаамон нигоҳубин карда будам,- табассумомез ба хотир меорад Дилрабо. - Рӯзе падарам аз ҳоли мурғобӣ ҷӯё шуда, бадоҳатан таъкид намуд, ки хубу аъло таҳсил намоям, табиби хуб мешавам.

Дар ин миён ба шуғли роҳбалади ҳавопаймо (стюардесса) майл пайдо кардам, вале баъди навиштани як иншо дар мавзуи «Касби дӯстдоштаи ман» ва суҳбат бо бобоям, ки дар симои ман табиби ояндаро медид, дигар ба интихоби касб нуқта гузоштам. Солҳои саъю талоши донишандӯзӣ дам ба дам сипарӣ гардида, рӯзе ҳамчун довталаби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба курси омодагӣ дохил шудам.

 Овони донишҷӯйӣ ҳадафи табиби момодоя шудан дошт, аммо дар соли сеюми таҳсил, зимни таҷрибаомӯзӣ дар беморхонаҳои клиникии шаҳри Душанбе ба самти тибби ҷарроҳӣ майл кард. Бо дарки масъулиятҳои ҷиддӣ, тақозои сабру таҳаммули бузург дар шебу фарози ин ҷода ва бардошту худгузаришҳо дар мушкилу муаммоҳои пешомад, ӯ интихоби худро карда буд, ки ҳамакнун, бо гузашти солҳо заррае эҳсоси пушаймонӣ надорад. Баъди ҳар як амалиёти ҷарроҳӣ гӯё боз як имтиҳони зиндагиро паси сар карда бошад, хушбину сарафрозаз ҳуҷраи ҷарроҳӣ берун меояд ва атрофиён аз чеҳраи меҳрангезаш фоли нек мегиранд.

 

Аз нахустин лаҳзаҳои иштирокаш дар амалиёти ҷарроҳӣ, ки таҳти роҳбарии устодаш профессор Шукрулло Калонов вазифаи ёрдамчии ҷарроҳро бар зимма дошт, то кунун ба ин бовар аст, ки табиби ҷарроҳ будан, рисолати ҳаётии ўст. Бо ҳама масъулиятҳои рўзмарраи касбиву мудирияти шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии шаҳри Левакантро ба уҳда доштанаш, аз амалиёти ҷарроҳии вазнин баромада бошад ҳам, мусоҳиба бо моро ба рўзи дигар нагузошт.

Дилрабо дар деҳаи имрўза ба номи Нақиев, хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Кўшониён, дар оилаи коргар ба дунё омада, таҳсилоти ибтидоиро дар МТМУ №36-уми зодгоҳаш ба итмом расонда, пасон, дар МТМУ №6-ум ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Бохтар таҳсил кардааст. Модар ҳамшираи шафқат буду падараш ба симати муҳандис - механик фаъолият дошт.

Ба пиндори Дилрабо Ғоибова, шинохти вақт яке аз муҳимтарин зарфиятҳои шахси табиб, ба хусус мутахассисоне мебошад, ки ҳамзамон роҳбарии муассисаҳои тиббииро пеш мебаранд. Ба вижа барои табиби ҷарроҳ ҳар лаҳза ғанимат асту илова ба вазифаҳои рўзмарра мебояд омодаи иҷрои рисолати касбиаш бошад, ки мабодо бемори дар ҳолати вазнинро оҷилан ҷарроҳӣ намояд.

- Ба инояти пешаи интихобкардаам, мудом бо беморону нафарони дар ҳодисаҳо захмбардошта рў ба рў мешавем, ки аз табибон умеди мадад доранд. Ба хусус, дар шаҳри Левакант, ки талабот ба бонувони ҷарроҳ хело ҳам зиёд шуда, корафтодагон ҳатто аз дигар шаҳру ноҳияҳои минтақа ҳам ба суроғам меоянд,- мегўяд Дилрабо Ғоибова. – Ба хотири сазовори боварии мардум будан, мисле, ки дар нахустин амалиёти ҷарроҳӣ омодагӣ мебинам, бори дигар маълумотҳои вобаста ба беморро аз бар намуда, аз китобҳои илми тиб вобаста ба намуди беморие, ки ҷарроҳӣ мешавад, мавзуеро мутолаа мекунам.

- Тақозои вазифаву масъулиятҳои касбӣ оилаи моро водор намуд, ки аз ноҳияи Кўшониён кўчида, дар шаҳри Левакант сукунат ихтиёр намоем. Чаро ки баъзан субҳу шом бемори дар ҳолати вазнинро ба беморхона интиқол медиҳанд, ки ҳатто ҳар дақиқаи сари вақт расондани мадади тиббӣ ба ивази ҷони онҳост.

Аз суҳбат бо ҳампешаҳои Дилрабо бармеояд, ки сокинони шаҳр ба ҷарроҳи ҷавон меҳру ихлосмандии беҳад пайдо кардаанд.

 

Дар мавриди нуфуси бонувон дар соҳаи тиб Дилрабо Ғоибова изҳор медорад, ки табибонро ҳабиби мардум мегуморанд, бесабаб набудааст. танҳо ҷавонони матину ҳушманд ихтисоси ҷарроҳиро интихоб менамоянд, ки ин як бахши ниҳоят мураккабу пурмасъулияти риштаи тиб арзёбӣ мегардад. Аз ин рў, омилҳои иҷтимоӣ, сарбориҳо ва тарбияву фарҳанги хонаводагӣ баъзан монеи бонувон дар интихоби ихтисосҳои ҷиддие мисли ҷарроҳӣ мегардад.

Масъулияту рисолати мо, табибони ҷарроҳ, на танҳо бомуваффақият гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ аст, балки омодасозии бемор то амалиёт ва муоинаву муолиҷаи мариз то интиҳои марҳалаи барқарорсозии саломатии ўст. Шахсан баъди аз беморхона мураххас шудани онҳо то чанд муддат аз вазъи солимии онҳо пурсон мешавам, зеро раванди табобати ҳар ҷарроҳишуда худ таҷрибаи омўзанда барои табиби ҷарроҳ ба ҳисоб меравад.

                                        Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

                                                      шаҳри Левакант

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 6)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон