БОЙГОНӢ

«    Январ 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дармонбахш

Тандурустӣ

Солҳои тулонӣ дарди буғумҳои пою миён азобам медод. Чандин бор дар беморхонаҳо бистарӣ шуда, аз муолиҷаи табибони бешумор гузашта бошам ҳам, вазъи саломатиам беҳ нашуд. Охир ба тақдир тан дода, бо ҳамин ҳолати вазнин бовариам ба касбияти духтурон ва доруҳои қиматбаҳои олам коста гардид.

Рўзе пас аз гирифтани нафақа аз кассаи амонатии назди истгоҳи Роҳи оҳани Тоҷикистон ба манзили истиқоматиам баргаштам. Аз хуруҷи дарди буғумҳо ва беҳолию бемадорӣ маҷбур шудам, ки дар се ҷой ба замин нишинам. Духтараке аз паҳлуям гузашта, ҳоли зори маро дида, бо лаҳни ширин пурсид:

- Холаҷон, ба шумо чӣ шуд? Ҳолатон вазнин шуда бошад, «ёрии таъҷилӣ» - ро ҷеғ занам, - гўён телефони ҳамроҳашро ба кор даровард. –

Лозим нест, - бо овози хаста ҷавоб гардондам ва аз дилсўзии духтараки ношинос дилам ба риққат омада, саргузашти талху ғамангези худро бо ашки шашқатор қисса кардам.

            О, холаҷон, мана дар ҳамин беморхонаи рў ба рўятон табиби ҳозиқе ҳаст, ки ба дарди шумо даво мебахшад, - нозаниндухтар бо дасташ шифохонаи Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» - ро нишон дод. - Ному насабаш Яқубова Нигора Иброҳимовна. Бо сўзандору дар як ҳафта шуморо ба по мехезонад. Мана рақамҳои телефони ҳамроҳаш. 

Пирони хирадманд мегуфтанд, ки олам пур аз одамони нексиришт аст. Муомилаи дилсўзонаи духтари меҳрубон ин гуфтаро пурра тасдиқ кард. Ҳамон лаҳза ба табиб занг задам.

- Пас аз панҷ дақиқа ман шуморо интизор мешавам - шунидам садои нарму диловези табибро. – Ҳуҷраи кориам дар ошёнаи дуюм, рақами ҳуҷра 18ум.

Дари дафтари кориашро кушодам, пешорўям ҷавонзани мавзунқомати зебочеҳраро бо табассуми малеҳ ва чашмони шаҳлои ҷилодиҳанда дидам. Дарҳол аз дастам гирифта, болои курсӣ нишонд. Аз ҳарорати дасташ ба баданам неруи тозае давид. Набзамро санҷида, бо ду – се калимаи меҳрангез аз таърихи бемориам огаҳ шуд, якчанд дорую дармон тавсия дод ва ҳамон лаҳза ба табобат гузашт.

Воқеан, пас аз даҳ рўз дар баданам осоре аз беморӣ намонд. Гўё ман навакак аз модар таваллуд шуда бошам. дунё, одамон, замину осмон, гирду атроф дар назарам тобиши дигар ёфт. Аз ҳама муҳимаш, ҳолати руҳиям ба куллӣ тағйир ёфта, аз аламу шикоят нишоне намонд ва дар симоям хушнудӣ ва дар лабонам табассум ҳувайдо гардид.

Тағйироти хурсандибахш маро водор сохт, ки ба шарҳи ҳоли табиби дармонбахш, ба рўзгори бонуи меҳрубон таваҷҷуҳ зоҳир намоям. Гўё мо кайҳо ошнову дугона будем. Нигора бо овози маҳин ва лабони пуртабассум таърихи зиндагиномаашро ба ман ҳикоят кард.

Соли 1983 дар оилаи зиёӣ, дар шаҳри Душанбе, чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Мактаби миёнаи №9-и пойтахтро соли 2000 хатм намуда, бо ҳидояти модари табибаш Раҳимова Малоҳат Каримовна ҳамон сол ба шуъбаи рўзонаи факултети муолиҷаи бемориҳои умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, пас аз шаш соли омўзиш онро бо сари баланд ба итмом расондааст.

Дилаш, ки саршори омўзиши фанҳои дигар низ буд, дар ҳамин муддат ғоибона шуъбаи механикии факултети инженерӣ – менеҷментии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис – бизнес ва менеҷмент хатм кард.

Дилбохтаи касб аз соли 2005 дар беморхонаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» нахуст ҳамчун ҳамшираи шафқат, аз соли 2006 дар вазифаи табиби муолиҷавӣ ба фаъолият пардохт. Инак, 20 сол аст, ки вориси шоистаи нобиғаи дунё Абуалӣ ибни Сино мебошад. Дар ин муддат ду сол курси такмили ихтисосро паси сар карда, чор сол муовини якуми сартабиби беморхона буд. Соли 2023 табиби дараҷаи олӣ ба нишони Аълочии тандурустии Тоҷикистон сазовор гардид.

Дар суҳбати самимӣ ва холисона дарк намудам, ки мукофоти олӣ, ҳақиқӣ ва муқаддасаш миннатдории шахсони аз беморӣ раҳоёфта, дурахши чашмонимардуми шифоёфта, табассуми ризомандонаи наҷотдиҳандагонаш ба ҳисоб меравад.

                                                                                                         Тоҷинисо ШАРИФОВА,

                                                                                                             собиқадори меҳнат

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 43)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон