БОЙГОНӢ

«    Феврал 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Пайвандгари боғи зиндагӣ

Тандурустӣ

Бонуи сариштакору чашмикордон ва ҳам табиби ҳозиқу дардошнои мардум Махсуда Қурбонова аз овони мактабхонӣ дар дил орзу мепарвард, ки табиб бошад, ба дарди мардум дармон бахшад. Махсусан, кўдаконро хеле дўст медошт. Аз ин рў, азм кард, ки табиби занон бошаду ба ин ҷинси латиф оромию осудагӣ ва саломатии комил бахшад. 

Пас аз хатми мактаби миёна соли 1959 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, онро бо сари баланд ба итмом расонд.

Кўдаконро баробари тавлидашон ба оғўши пурмеҳри худ мегирифт, ба модарон нишоту сурур мебахшид. Рўзҳое мешуданд, ки дар беморхона ҳафтаҳоро сипарӣ мекард, зеро аввалин табиби занона дар ноҳияи Ашт буд.

Қиблагоҳаш Садриддин Аминов солҳои зиёд роҳбари коргоҳи пиллаи ноҳияи Аштро ба зимма дошт. Модараш Шаҳодатхола низ ҳамкори ҳамсар буд. Онҳо дар оила шаш фарзандро ба камол расонданд, ки ҳар яке дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар адои вазифа менамояд.

Борҳо шудааст, ки ўро аз осоишгоҳҳо, ки барои истироҳат мерафт, барои табобати беморони вазнин ба ноҳия меоварданд. Як ҳамсафараш боре бо табассум изҳор намуда буд, ки бо Махсуда ба ҷое рафтан хеле мушкилиҳо дорад. Ў бо ваҷд воқеаеро ёдовар шуд, ки боре дар осоишгоҳи «Зумрад» ҳамроҳ табобат мегирифтему нисфи шаб аз ноҳияи Ашт хешовандони бонуе омада, Махсударо барои наҷоти фарзандашон бо худ бурданд.

Махсуда баробари оғози фаъолият дар ноҳияи Ашт мудири шуъбаи амрози занона таъин гардид. Он лаҳзаҳо занҳо бисёртар дар хонаҳои худ тавлид мекарданду барои ба беморхона рафтан розӣ намешуданд. Ў байни онҳо корҳои тарғиботӣ мебурд, мефаҳмонд, ки тавлиди кўдак дар хона оқибати нохуш дорад. Раво-раво занҳо дар симои ў наҷотбахши худро диданд ва чунин лаҳзаҳо ҳам мешуданд, ки занҳо боисрор талаб мекарданд, ки Махсударо даъват намоянд.

Албатта, ин ҳолатҳо худ аз худ пайдо намешаванд. Паси ин чӣ қадар рўзҳоро шабу шабҳоро рўз бояд карду заҳмат кашид. Ў дар баробари дониши васеъ доштан, дар муносибат ба занҳо хеле эҳтиёткор аст. Дар ҳолати таваллуд бо лаҳни ширину суханони шакаррез, нақли лаҳзаҳои гуворо ўро модарро саргарм месохт, то ки дарди ҷонкоҳро паси сар кунад. Баъди гузашти амалиёт, яъне тавлиди навзод, ба ёдаш гуфтаҳои волидон меомаданд, ки бо нони ҳалол ризқу рўзӣ пайдо намуданро тавсия медоданд. Ҳамзамон, қиблагоҳӣ таъкид мекард, ки ба бемор ҳамчун хоҳар, модар муносибат намо, дарди ўро дарди хеш дон!

Боре бо бонуе ҳамсуҳбат гардидам.

-Шукр,– гуфт вай, - қариб хонавайрон шуда будам. Охир, хонае, ки тифл надорад, он ҷо ғамхона аст. Чаҳор сол рўи фарзандро надидам. Ҳам дари табибро кўфтаму ҳам дари муллою фолбинҳоро, мурод ҳосил нашуд. Бо тавсияи ҳамсояам ба ҳамин шифохона омадам ва ба шарофати духтур Махсуда Қурбонова соҳиби фарзанд шудам. Имрўз ҳамроҳи кўдакам ба аёдати ў омадам.

Махсуда Қурбонова тамоми умри худро барои табобати бонувони ин макон масраф намуд. Аз соли 1965 то соли 2000 мудирии шуъбаи таваллудхонаи ноҳияи Ашт буд. Баъдтар дар шаҳраки Дўстӣ беморхонаи нав бунёд ёфт. Ўро ба ин ҷо даъват карданд, то ки ба табибони навкор устод бошад.

Махсуда дар оиладорӣ низ намунаи ибрат аст. Ў давоми 45 соли ҳамзистӣ тавонист ҳамчун аруси ботамкин дар дилу дидаи оилаи Қурбоновҳо мақоми хосса пайдо намояд. Шоистаи зикр аст, ки хушдоманаш Саъдинисо Халилова дар ҳалқаи фарзандон ўро чун духтари худ дўст медошт. Ҳамеша дуои ҷонаш мекард ва аз он хушнуд буд, ки келинаш чун зани бовафо рисолати ҳамсариашро иҷро карда, эҳтироми шавҳар ва хонадони ўро ба xубӣ ба ҷо меорад. Бале, Махсуда Қурбонова бо ҳамсари равоншодаш Абдумаҷид Қурбонов пас аз хатми Донишгоҳ ақди никоҳ баста, оилаи намунавӣ бунёд карданд.

Имрўз Махсудабону нафақагир аст. Хизмати чандинсолаи ў бо ордени Нишони фахрӣ қадр шуда, табиби дараҷаи олӣ аст. Аз он ифтихорманд аст, ки навниҳолони боғи зиндагиаш давомдиҳандаи номи некаш ҳастанд.

                                                                      Гулҷаҳон МАҲКАМОВА

                                                                                     ноҳияи Ашт

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2026_small.pdf [2.91 Mb] (зеркашиҳо: 5)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон