Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Сартабибе аз Ванҷ
Тандурустӣ / СлайдерРоҳбарии беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ имрўз ба дўши ҷавонзанест, ки дар иҷрои кору вазифа чолоку устувор. Ҳамин гуна баҳо медиҳанд масъулони ноҳия ва ҳамкоронаш ўро.
Зарина Музаффарова соли дуюм аст, ки чун сардухтур дар ин даргоҳ фаъолият дорад, - мешиносонад моро бо ў мудири бахши занҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ганҷина Саъдон.… Замони мактабхон буданаш, ба пешаи модар, ки ҳамшираи тиббӣ буд, мароқ зоҳир мекарду ҳавасаш меомад, табиб бошаду ба дарди мардум дармон бахшад. Бо модар гоҳе ба хонаи ҳамсояҳо барои ташхису доругузаронӣ, гоҳи дигар ба боғчаю мактаб рафта, ба кору амалиёти ў зеҳн мемонд.
Бо хатми мактаби миёна Зарина пайроҳаи модарро идома додан хосту ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, ҳамчун духтури паразитолог онро соли 2011 хатм намуд. Нахуст дар Маркази мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ ҳамчун духтури паразитолог корро оғоз бахшида, дертар роҳбари ҳамин идора таъин гашт. Сипас, дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия фаъолият намуда, таҷрибаю малакаи кор андўхт. Духтари қобил, кордону уҳдабаро буданаш миёни ҳамкорон зуд аён гашт, ки баъд аз ду соли фаъолият ўро дар ҳамин муассиса ҳамчун роҳбар пазируфтанд.
Дар фосилаи кўтоҳ паҳншавии бемориҳои мавсимӣ ва сироятӣ бо кўшиши духтури ҷавон дар ҳудуди ноҳия пешгирӣ мешуданд. Бо пайдо гаштани нахустин вирусҳои сирояткунанда дарҳол маркази вилоят ва ҷумҳуриро огаҳ месохту мутахассисонро барои пешгирӣ сафарбар менамуд.
Соли 2023, ҳангоми боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ванҷ вамулоқот бо сокинони маҳал, қатори дигарон Зарина низ аз минбар меҳмони олиқадрро самимона хайрамақдам гуфт. Лутфи ў, кӯтоҳу пурмуҳтаво сухан гуфтанҳояш Пешвои миллатро басо хуш омада буд. Барои ў низ ин дидор аз ёд нарафтанист.
– Рў ба рўи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бароям сухан гуфтан, албатта, берун аз эҳсосот буда наметавонист, аммо кўшиш намудам, ки худро ба даст гирам ва он чи ки мехостам, онро гуфта тавонистам.
Имрўз Заринабону, ин бонуи ҷавон, ки зина ба зина бо маҳорату дониши доштааш рушд меёбад, худро дар вазифаи сардухтури ноҳия дида, ифтихорманд аст, ки Сарвари давлат барои ояндаи дурахшони ҳамсолонаш - ҷавонони кишвар роҳи фароху ҳамворе боз намудааст.
Бону дилпуронаю ризомандона ифодаи болоро бо се хулосаи муҳим тақвият медиҳад. Нахуст, квотаҳои президент барои таҳсил дар макотиби олии ҷумҳурӣ ва берун аз он ё дилхоҳ муассисаҳои таълимии дохилу хориҷ. Дувум, барои омўхтани забонҳои хориҷӣ, ки ҳам дар пойтахт ва ҳам дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд. Сеюм, барои ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавону соҳибмалака, ки бо ақлу заковат ва дониши доштаашон ҳеҷ гоҳ паси дар намемонанд.
-Ҳамаи ин аз ташаббусҳои созандагӣ ва ғамхориҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони хуштолеи замони соҳибистиқлолист, ки мо ба қадри ин гуҳар расем, - бо ризоят аз кишвари ободу зебояш мегўяд сартабиби ҷавон Зарина Музаффарова.
Дар муассисае, ки имрўз ин бону сарвар аст, аксар ҷавонписарону ҷавондухтарон фаъолият доранд. Дар чанд бахшу шуъбаҳои беморхонаи марказӣ ва минтақавӣ, марказҳои саломатии деҳоту бунгоҳҳо ҷавонони уҳдабаро вазифаҳои мудириву муовиниро ба дўш гирифтаанд. Ба пиндошти сартабиб, дар баробари ин, духтурону ҳамшираҳои ботаҷрибаро роҳбарият канор гузаштан намехоҳанд.
- Онҳо ва малакаи кордонии онҳо барои ҷавонони навкор худ як сабақи кору зиндагӣ аст, ки ҳар лаҳза аз онҳо истифода бояд бурд. Ба ин хотир, наздики даҳ дарсади кормандони беморхонаро табибону ҳамшираҳои собиқадору бознишаста ташкил медиҳанд, - мегўяд сардухтур.
Биноҳои ҳозираи беморхонаи марказӣ, ки солиёни зиёд дар истифода аст, 6 шуъбаи доимоамалкунандаро бо фарогирии 100 нафар бемор дар худ ҷо дорад, ки то кунун аз таъмиру тармим борҳо баромадааст. Дар бемористон 6 нафар зани табиб ва 36 нафар бонуи ҳамшираи шафқат фаъолият мекунанд, ки ин рақам қисмати зиёди кормандони соҳаро ташкил медиҳад. Сардухтур изҳори боварӣ мебахшад, ки барои ҳодисаҳои фавқуззикр ва нафарони ниёзманд дастрасии доруҳо мушкилиро пеш намеорад, яъне ба ҳадди зарурӣ дар чунин ҳолатҳо беморхона захираи доруворӣ дорад.
Заринабону иқрор меояд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ноҳияи дурдасту кўҳистони Ванҷро аз мадди назар дур намемонад ва пайваста ғамхории онҳо ба минтақа зоҳир мегардад. Яке аз ин афзалиятҳо он аст, ки табибону ҳамшираҳо барои тақвияти касбӣ сари ҳар чанд вақт ба курсҳои бозомўзӣ дар вилоят ва маркази ҷумҳурӣ даъват мешаванд.
Бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандест, ки сохтмони бинои нави беморхона барои 120 кат оғоз шуда, хурсандии табибону мардуми маҳалро афзун кардааст. Дар назар аст, ки бинои нави беморхона то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Ҳамзамон, ба фаъолият оғоз намудани беморхонаи нав ҳуҷраҳои корӣ ва рахти беморон бо таҷҳизоти наву замони муосир, аз ҷумла дастгоҳҳои ташхису табобат таъмин хоҳанд гашт, ки ин кори табибонро осон хоҳад кард.
- Сохтмони бинои нав дар ҳудуди беморхона, ки барои чор ошёна тарҳрезӣ шудааст, хуб ҷараён дорад, - афзуд сартабиб ва исми даҳҳо кормандони шафқатро, чун Ҷаббор Ризвонов, Фарҳод Назришоев, Шаҳриёр Акобиров, Нилуфар Ноёфтова ва дигаронро зикр намуд, ки касбу ҳунари хешро дўст медоранду сиҳатии оммаро барои худ масъулияти бузург медонанд.
Рустами НАЗИР,
Душанбе - Ванҷ - Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо










