Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурустӣ меафзояд
ТандурустӣТандурустӣ, ки бархӯрдорӣ аз осоиши комили ҷисмониву равонӣ ва иҷтимоист, ба инсон имкон медиҳад, ки муддати тулонӣ дар шароитҳои гуногуни муҳити корӣ фаъолият намуда, суботкории хешро нигоҳ дорад. Ин аст, ки дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд мавзӯи тандурустиро пайгирӣ намуда, бо Ҷаҳонгир Музаффаров – муовини сартабиб оид ба корҳои табобатии Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон суҳбат оростем.
Ҷаҳонгир Музаффаров тули 23 сол аст, ки дар соҳаи тиб фаъолият дорад. Корро аз клиникаи хусусӣ ҳамчун духтури навбатдори шуъбаи амрози дарунӣ оғоз карда, баъдан 8 сол муовини директори маркази ташхисӣ-табобатии хусусии “Ависенна” фаъолият намудааст. Сипас, корро ҳамчун духтури навбатдор дар Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон идома дода, аз соли 2021 инҷониб муовини сартабиби беморхонаи мазкур мебошад.
- Аз мушоҳидаи мо, биноҳои Беморхона солҳои қабл сохта шудааст. Чӣ таърихеро дар худ ниҳон дорад?
- Воқеан, биноҳои беморхона бозмонда аз овони шуравист, ки соли 1947 сохта шудааст. Ин ҷо пеш поликлиникаи шаҳрӣ буд ва таъмини пурраи он аз ҷониби Москва роҳандозӣ мегардид. Зеро шаҳри Бӯстон (собиқ шаҳри Чкаловск) шаҳри саноатӣ буду заводҳои металлургӣ, автомобилӣ ва ғайра фаъолият мекарданд. Аксарияти мутахассисони ин коргоҳҳо аз Россия буданд. Барои ташхис, муолиҷа ва бистарикунонии ин кормандон ҳама шароит муҳайё буд. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста театр, донишгоҳи кӯҳӣ-метталургӣ, манзилҳои истиқоматӣ ва дигар инфрасохторҳои зарурӣ бунёд ёфта, шаҳр васеъ гардид. Дар ин муддат поликлиника ба поликлинакаи шаҳрӣ ва беморхонаи шаҳрӣ табдили ном кард.
- Ҳоло барои тахриби биноҳову азнавсозии беморхона зарурат ҳаст?
- Беморхона агарчи аз давраи шуравӣ монда бошад ҳам, биноҳои он хуб мустаҳкаманд ва пурра ба меъёрҳо ҷавобгӯ мебошанд. Фақат баъзе биноҳои алоҳидаи он таъмирталабанд. Беморхона қариб 11 бино дошта, ҳар як шуъба алоҳида бинои худро дорад, ки аз ҳамдигар дар масофаи дур ҷойгиранд. Ҳоло ба сохтани биноҳои иловагӣ ниёз надорем. Бинои шуъбаи бемориҳои сироятиро бошад бо девор ҷудо карда, даромадгоҳи онро аз дигар ҷониб кардаем, ки мувофиқ ба талаботи соҳа аст.
Бояд гуфт, ки тули се соли охир таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурустӣ афзудааст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД-и шаҳр, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат ҳар сол тибқи нақша ду бинои беморхона аз таъмири куллӣ бароварда мешавад. Маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, ҳоло 5 шуъба пурра аз таъмир бароварда шудаанд. Масалан, шуъбаи бемориҳои дил, ки фарсудаву лӯлаҳои обгузари он корношоям гардида буданд, пурра навсозӣ шуда, насби тирезаҳои пластикӣ ва кошинкории фаршҳо роҳандозӣ гардид. Дар умум, шуъба пурра аз таъмир бароварда шуд.
Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шуъбаи бемориҳои сироятӣ ва шуъбаи осебшиносӣ пурра аз таъмир бароварда, бо дастгоҳҳои замонавӣ пурра муҷаҳҳаз гардиданд. Имсол бошад таъмири ду шуъбаи дигар бо дастгирии МИҲД-и шаҳри Бӯстон ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло дар шуъбаи ҷарроҳӣ корҳои таъмирӣ ҷараён дошта, шуъбаи амрози дарунӣ ҳамин сол бояд аз таъмир бароварда шавад.
- Дар мавриди иқтидор ва имкониятҳои беморхона мегуфтед...
- Беморхона дорои 275 кати бистарикунонӣ, 16 шуъба, аз он ҷумла 4 шуъбаи ёрирасон, 12 шуъбаи бистарикунонӣ мебошад. Хусусияти хоси ин беморхона дар он аст, ки ғайр аз шуъбаи таваллуд, шуъбаи бемориҳои амрози дарунӣ, бемориҳои дил, амрози занона, кӯдакона, бемории асаб, ва осебшиносӣ ҳамчунин майитхона ва шуъбаи наркологиро дорост. Шумораи табибон бошанд 56 нафар буда, 136 нафар кормандони миёнаи тиб, 66 нафар кормандони хурди тиб ва дигар кормандони техникиву хоҷагидорӣ мебошанд.
Аз оне, ки мутахассисони хубу варзида дорем, на танҳо сокинони шаҳри Бӯстон, балки аз аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Нов Деваштич, Ашт ва Айнӣ беморон барои ташхису муолиҷа муроҷиат менамоянд. Агар ба омор нигарем, 75 дарсади беморони мо аз дигар ноҳияҳои вилояти Суғданд.
- Дар беморхона мутахассисон аз ҳисоби бонувон чӣ қадаранд?
- 70 дарсади кормандони тиб ва ҳамшираҳои шафқат аз ҳисоби занҳо мебошанд. Аз табибони варзида Каромат Ҳакимова, ки солҳо дар Маркази ҷумҳуриявии “Шифобахш” ҳамчун мудири шуъбаи таваллуд фаъолият кардааст, новобаста ба оне, ки 83 сол доранд, то ҳоло ҷарроҳии экстрипатсияи бачадон, яъне пурра гирифтани онро дар сатҳи вилоят анҷом медиҳанд, ҳатто аз Душанбе ҳам беморон ба ӯ муроҷиат менамоянд. Роҳбарияти беморхона мекӯшанд, ки мутахассисони хубро, сарфи назар аз синну сол, ба кор ҷалб созанд, то онҳо кадрҳои ҷавонро тарбия кунанд.
Любов Саломоновна ҳам аз синни 70 гузаштаанд ва аз мутахассисони ангуштшуморанд. Ҳоло он кас ду шогирд омода карда истодаанд. Муҳаббат Қурбонова - духтури амрози дарунӣ низ мутахассиси хуби беморхона мебошанд.
- Аз ҳисоби бонувон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият мебаранд?
- Аз 11 шуъбаи беморхона чор шуъбаи онро занон роҳбарӣ мекунанд: мудири шуъбаи бемориҳои сироятӣ Барно Саидова, мудири шуъбаи таваллуд Сабоҳат Самиева, мудири шуъбаи амрози занона Гулрӯ Маҳмудова ва мудири шуъбаи бемориҳои амрози дарунӣ Фирӯза Амонова. Ибрагимова Зулола Осимовна қаблан сардухтури беморхона буданд, ки ҳоло дар Беморхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият мебаранд.
- Аз норасоии кадом таҷҳизотҳои зарурии тиббӣ танқисӣ доред?
- Бояд гуфт, ки шуъбаҳо бо таҷҳизотҳои зарурӣ таъминанд, аммо ба баъзе таҷҳизотҳои гаронарзиш ниёз дорем, ба монанди дастгоҳи эндоҷарроҳӣ ва амсоли ин. Ба Раёсати тандурустии вилоят ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мактуб ирсол кардаем. Қобили қайд аст, ки ҳар сол мо бо таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин мешавем, аз ҷумла бо дастгоҳҳое, ки қаблан аз норасоии онҳо танқисӣ мекашидем, амсоли дастгоҳи нафасдиҳии ҳам барои кӯдакон ва ҳам калонсолон, ки ҳоло се намуди чунин таҷҳизот ба беморхона дастрас шудааст. Мушкили норасоии рентгени рақамӣ ҳам аз байн рафт, ки ду намуди чунин дастгоҳ аз тарафи Вазорат таъмин карда шуд, ки яктоаш портативӣ буда, дигараш дар замин васл шудааст. Масъалаи беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонӣ бошад ҳамеша мадди назари роҳбарияти Беморхона аст.
- Таъмин кардан бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ агар як паҳлуи масъала бошад, норасоии мутахассисони ташхисгар мушкили дигар аст. Ҳастанд мутахассисоне, ки дар чунин дастгоҳҳои муосир фаъолият баранд?
- Аз норасоии мутахассисони ташхисгар мо он қадар ҳам танқисӣ намекашем. Барои кор кардан дар таҷҳизоти замонавӣ мутахассисони ҷавон дар хориҷи кишвар аз такмили ихтисос гузаштаанд, яъне мо аз норасоии мутахассисони ташхисгар танқисӣ намекашем, ба мо дастгоҳҳои замонавӣ лозим аст. Танҳо 1,5 воҳиди корӣ ба табибони дастгоҳи МРТ, 0,5 воҳиди корӣ ба патологоанатом, осебшиноси навбатдор барои майитхона ва ҷарроҳи кӯдакона зарур аст. 1,5 воҳиди корӣ - се мутахассис бо воҳиди кории 0,5 мешавад, дар ин самт кормандони доимӣ дорем, танҳо ёрирасонаш даркор.
Дар умум, сатҳи тандурустӣ нисбат ба солҳои гузашта беҳтар шуда, дастгирӣ аз ҳама ҷиҳат эҳсос мешавад. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода барои баланд кардани сатҳи сифати дониши мутахассисон зиёд саъю кӯшиш мекунанд. Дар ҳар ҷаласаи Вазорат бобати дар хориҷи кишвар аз такмили ихтисос гузарондани мутахассисон таъкидҳо дошта, ин масъаларо дар мадди аввал қарор додаанд. Ин масъулияти моро афзун карда, барои баланд бардоштани сатҳи дониши касбии мутахассисон таҳрик медиҳад.
Суҳбаторо
Ситора АШӮРОВА
Мубодила:
Шарҳҳо











