БОЙГОНӢ

«    Феврал 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Орзуи сиҳатӣ аз дил кай равад беморро

Тандурустӣ

Ноҳияи Ховалинг на  танҳо дар минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон, балки дар ҷумҳурӣ низ бо табиати афсункораш чун яке аз гўшаҳои зебоманзар вирди забонҳост. Тайи чанд соли охир намои шаҳраку деҳоти ин ҳудуд хеле зебову пероста шуда, даҳҳо биноҳои хуштарҳу замонавӣ ҳусни Ховалингро боз ҳам афзудааст. Дар ҳар қадам эҳсос мешавад, ки мардуми бунёдкору заҳматписанд, модарону хоҳарони ҳунарманд маҳали зебову ободи худро аз ҳарвақта дида гулафшону шукуфон дидан мехоҳанду барои афзудани ҳусни дилрабояш бо ҳам муттаҳиду иттифоқанд. Аммо роҳи мо, мавзуи интихобнамудаамон ҷоест дигар…

 

Аз дари ҳавлии беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг даромадан замон ҷониби рост чашм ба бинои якқабатае вомехўрад, ки болодариаш чунин навиштаҷот дорад: Муассисаи давлатии «Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам дар ноҳияи Ховалинг». Вақте бо зинапояҳо ба дари он наздик мешавам, таваҷҷуҳи чандеро, ки дуздида-дуздида ба ман менигаристанд, ҳис намудаму ҳайратам чандон наафзуд. «Одамизоди олам ба ҳам монанд мешавад-ку…», аз хаёлам ҳамин андеша гузашту халос. Аммо баъди суҳбат бо роҳбарони Марказ пай бурдам, ки дар нигоҳи атрофиён шакку шубҳаи дигар ниҳон буда. Аз Меҳрангез Мирзохонова, директори Марказ, ба пурсишҳои худ посух мегираму устоди касбу малакаи хеш буданаш бароям рўшан мегардад. Пайдост, ки на танҳо таҷрибаи зиёд ва маҳорату кордонӣ, балки хоксорию фурўтаниаш ин бонуи роҳбарро миёни ҳампешаҳою атрофиён соҳибэҳтиром намудааст. Таваҷҷуҳи беморону корафтодаҳо низ ба табиби дардошношон гарму самимӣ ба назар мерасид.

- Ин беморӣ то ҳамин ноҳияи кўҳистон ҳам сар халонд?

- Зиндагӣ дар гардиш аст, мардум мераванду меоянд, яке ба меҳмонӣ, дигаре ба муҳоҷират, гоҳе арус шуда мераванду гаҳи дигар келин шуда меоянд. Ба ҳамин зайл, кам ҳам бошад, теъдоди муайяне аз беморони ВИЧ/СПИД дар Марказ ба қайд гирифта шудаанд, ки пайваста таҳти назорату муоинаи духтурон қарор доранд. Маълум аст, ки ин беморӣ нав ҳам нест ва, агар дар нахустин рўзҳое, ки вирус дар бадани инсон мақом мегирад, ба тавсияи духтурони табобатӣ риоя карда шавад, нафари бемор умри дароз хоҳад дид ва то ҳадди СПИД расиданаш ҳам дар гумон аст.

- Нишонаҳои пайдоиши бемориро инсон дар худ чӣ сон ҳис мекунад ва барангезандаи вирусро дар чӣ мебинед?

- Аввалтар аз ҳама, як чизи муҳимро бояд донист. Оне, ки вируси масунияти баданро дар худ кашф кардааст ё ташхисҳои тестӣ вирусро муайян намудаанд, ин нафарро бемори СПИД гуфтан дуруст нест. Баъд аз он ки вирус худро дар бадани инсон ҷой мекунад, одам марҳалаҳои зиёди умрро аз сар мегузаронад, ки ҳатто баъзе инсонҳои масунияти бақувватдошта онро дар худ ҳис ҳам намекунанд. Танҳо пас аз гузашти як даҳсолаи ҳаёт, агар беэҳтиётию бепарвоӣ ба вирус аз тарафи шахси касал дида шавад, масуният заиф шуда, одитарин бемориҳо, аз қабили зуком ё дарди аввалияи шуш маризро ба ҳадди СПИД бурда мерасонад. Барангезандаи вирус аслан сўзандоруҳои тамизнашуда, алоқаи ҷинсии бетартиб ва бо роҳҳои таваллуду синамаконии модари сироятёфта ба навзод аст. Пешгирӣ ва омилҳои сироят наёфтан, ҳамаи ин дар дасти худи инсон аст, на танҳо табибу ҳамшираю бародари шафқат.

- Масалан…?

- Нахуст эҳтиёкор бояд буд, хусусан ҷавонон, умуман ҳамаи нафароне, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ҳастанд, яъне нафароне, ки ба муҳоҷират ё сафарҳои хидматӣ мераванд. Ман зану мард, ҳамагиро дар назар дорам, ҳатто дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳам. Бояд бо кӣ ҳамхоба шудани худро донанд, ҳар куҷо, ки мераванд, дохил ё хориҷ, дар фикри зану шавҳару фарзанд, оилаву ояндаи худ бошанд. Ишрати яклаҳзаина метавонад сабабгори кўтоҳии умри онҳо, шикасти умри даҳҳо нафар шахсони бегуноҳ гардад. Дигар ин ки ҳатман, вақти сўзандору гузарондан дар бунгоҳҳои тиббӣ, хусусан духтури дандон, ботаваҷҷуҳ бошанд. Беҳтараш бо худ сўзандоруҳои яккарата бигиранд. Омилҳои дигари сироят аз мо ва нафарони бемор вобаста аст.

- Ёдовар шудан мумкин?

 - Чаро не. Модом ки нафаре мубтало ба вирус шуда аст, дар қайд ҳаст. Шояд бошанд нафароне, ки вируси онҳо дар хориҷи кишвар муайян шудаву худро аз шарм ба қайд намегиранд. Вирус худро ҷо кард, дигар илоҷ нест, акнун коре кард, ки ақаллан ба инсонҳои дигар, лоақал ба атрофиён, ба аҳли хонавода онро сироят накунем. Ба зану шавҳари худ хиёнат накунанд, ба ҳангоми ҳамхобагӣ воситаҳои пешгирикунанда риоя шаванд, аз як сўзандору нагузоранд, ки ҳам худ ва ҳам аҳли хонавода истифода баранд. Дар ҳолати хунравӣ аз дасту пой ё қисмҳои дигари бадан нисбат ба атрофиёни худ сахт боэҳтиёт бошанд, ки барангезандаи аслии вирус маҳз тавассути хун ва ҷароҳатҳои бадани ду ҷониб гузашта метавонад.

- Бо роҳҳои таваллуд ва ширмаконӣ ҳам гуфтед?

- Бале, ҳангоми таваллуд чораҳои пешгирикунандаро риоя намуда, давоми 48 соат навзод аз ташхис мегузарад. Барои ин кор Марказ момодояи худро дорад, ки ҳангоми таваллуд, тифли ин гуна модарон солим ва безарар ба дунё оварда мешавад. Марказ имконият дорад, ки навзодонро то як давраи муайян бо шири сунъӣ таъмин намуда, аз шири модар сарфи назар кунад.

- Ташхисҳои Марказ ройгонанд ва онҳо ба кадом қишри ҷомеа нигаронда шудаанд?

- Маркази мо дар ноҳияи Ховалинг аз соли 2017 фаъол аст, тестҳо ба қадри зарурӣ мерасанд. Танҳо давоми соли 2025 панҷ ҳазор тест оварда шуд. Сарфи назар аз шакли моликият дар ҳамаи сохтору ташкилоту муассисаҳо вохўрию чорабиниҳои худро дар мавриди пешгирӣ аз ин вирус мегузаронем ва ҳамаи иштирокчиён аз санҷишҳои тестӣ мегузаранд, ба ҷуз аз хонандаҳои мактаб, яъне то синни 18-сола. Хусусан ҳангоми аз муҳоҷират ё аз сафарҳои хориҷа баргаштани шаҳрвандон, Маркази пешгирӣ дарҳол ба суроѓи онон мебарояд. Хушбахтона, солҳои охир ин бемории сироятӣ дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг ягон-ягон ба назар мерасад, ки ин гувоҳи корбарии дурусти табибону ҳамшираҳои идора, ҳамкорӣ бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аст, ки вохўрию чорабиниҳои моро дар дилхоҳ муассиса бо кормандон дар сатҳи зарурӣ баргузор менамоянд.

Аз ҳавлии беморхона берун мешаваму андешаҳои табиби шифокор, як бонуи ҳозиқу дардошно, ки мудом худро дар паҳлуи беморонаш мебинад, талқин ба навиштан аз рўзгораш мекунад. Меҳрангез Мирзохонова тавассути квотаи Президент Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм намудаву ба диёри азизаш баргашт, то дасти шифояш ба мардуми маҳал марҳам шавад.

- Бархе ҷавонанду аз сад гул якеш ҳам ҳоло ношукуфта, дар дил орзую умедҳои зиёде доранд ва орзуи аввалия ин дармони онҳост, чун орзуи сиҳатӣ аз дил кай равад беморро, - мегуфт ҳамсуҳбатам аснои хайрухуш…

                                                                                                      Рустами НАЗИР,

                                                                            Душанбе - Ховалинг - Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2026_small.pdf [2.91 Mb] (зеркашиҳо: 12)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон