Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Интихоби пеша тасодуфӣ набуд
ТандурустӣҚабл аз мусоҳиб шудан бо Мунира Муродова, ўро назди ҳавлии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус вохўрдам, ки сари кадом мавзуи ҷиддие бо муовини раиси ноҳия Мақсуда Нарзуллоиён суҳбат дошт. Мулоҳизакорона ҳарф мезаду бо ишораи даст гуфтаҳояшро тақвият мебахшид.
- Бонуи кордону таҷрибаандўхта аст Мунира, раҳбари Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ буда, ҳар ҷое фаъолият кард, он ҷо корро аз ободонӣ оғоз намуд. Мутахассиси хуби соҳаи тиб, ба садҳо бемор ёрӣ расондааст, - гуфт Мақсуда Нарзуллоиён дар бораи Мунира Муродова.
Ў замони наврасӣ таваҷҷуҳи зиёд ба филмҳои пурмоҷаро дошт. Шавқу рағбати дар оянда муфаттиш шудан маҳз аз тамошои онҳо дар қалбаш мақом ёфт. Мисли қаҳрамонони филмҳои дўстдоштааш хислатҳои боҷасоратӣ, истодагарӣ, ҳақиқатпарастӣ, ростқавлию инсондўстиро дар ботин мепарварид. Ҷасуру нотарс буд ва мехост, ҳамеша дар ошкор намудани ҳақиқат дастболо бошад…
- Падар ниҳоят инсони хоксор буданд ва ҳар нозу нузи фарзандро бо ҷону дил ба дида мебардоштанд. Зодмандонам 8 фарзандро ба воярасонданд, ки мо, духтаракон, 6-то будем. Барои донишманд ва соҳибкасб шуданамон талош варзиданд, то ҳар яке дар самте роҳи хешро пайдо намоем. Онҳо ба муроди хеш расиданд ва имрўз мо сарфароз аз интихоби пеша ҳастем, - иброз дошт Мунирабону.
Агарчи орзуи муфаттиш шудан ҷилавгираш буд, интихоби пеша аз ҷониби падар сурат гирифт. Бо хотима ёфтани мактаб аз тасмимаш огоҳонд. Падар лаҳзае сукут варзида, гуфт: «Не ҷони падар, ту бояд духтур шавӣ!». Бо хости ў духтур шуд ва аз интихоби пеша пушаймон нест.
Соли 1995 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино супурд. Соли 2000, пас аз хатми мактаби олӣ ҳамчун духтури акушер-гинеколог фаъолиятро дар Маркази саломатии ноҳияи Рўдакӣ оғоз кард.
Соли 2006 дар Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус корро идома дода, солҳои 2015–2021 мудири таваллудхона буд. Аз соли 2021 роҳбарии Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияро ба уҳда дорад.
- Дар аввали соли 2025 кормандони ШМКАТС ба 143 ҳазору 596 нафар ёрии тиббӣ расонданд. Онҳо, ҳамчунин, оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили зардпарвин, домана, сил, бруселлёз, дарунравӣ, ВНМО, табларза байни аҳолӣ мунтазам корҳои тарғиботӣ мебаранд, - гуфт мавсуф.
Тарғибот дар масъалаҳои пешгирии ҳамли номатлуб, зоиши хонагӣ, сари вақт фарогирии эмгузаронии кўдакон, назорат намудани меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар маҳалҳо, истеъмоли оби тоза, назорати диспансерии бемориҳои музмини дарунӣ ва ғайра кори доимии кормандони муассисаҳои тиббӣ буда, дар баробари иҷрои вазифаҳои касбӣ, онҳо саҳми худро дар пешгирӣ аз зўроварӣ дар хонаводаҳо низ мегузоранд.
Як даврае, агар нарасидани мутахассисони соҳа мушкили рўз буд, имрўз он вуҷуд надорад. Дар ШМ Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 59 духтури соҳибтахассус ва 295 корманди миёнаи тиб ба аҳолӣ хидмати аввалияи тиббӣ мерасонанд.
Солҳои охир корафтодагон барои ташхису муоина ба ноҳияҳои дур ё ба пойтахт нарафта, дар Маркази саломатии ноҳия аз табибон сари вақт маслиҳат ва бо истифода аз таҷҳизоти муосири тиббӣ табобат мегиранд.
«Корвони саломатӣ», ки аз ҳайати табибон ва кормандони миёнаи тиб иборат аст, сари ҳар вақт созмон ёфта, барои аз наздик огаҳ шудан аз вазъи саломатии аҳолӣ мусоидат менамояд. Сафари чанде пеш, ки ба деҳаи Шарқи Шаҳритус доштанд, ба духтурон имкон дод, то беморони зиёдро муоина намоянд.
- Дар ин сафар табибони «Корвони саломатӣ» ба 19 ҳомила, 55 гирифтори маризии асаб, 8 диабети қанд, 41 мубталои бемориҳои дилу раг ва дигар маризҳоро ташхис карда, тавсияҳо доданд, - мегўяд ҳамсуҳбатам.
Дар қайди ШМКАТС-и ноҳияи Шаҳритус, ҳамчунин, занҳои ҳомилае ҳастанд, ки ба онҳо аз ҷониби табибон таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Инҳо занонеанд, ки бемориҳои камхунӣ, гурда ва ғадуди сипаршакл дошта, шумораашон нисбат ба давраи гузашта камтар гардида, 15 нафарро ташкил медиҳанд.
Солҳои пеш аксари занон дар хона таваллуд карданро авло медонистанд ва ин оқибати хатарзо ба саломатии худ ва навзодашонро ба бор меовард. Маслиҳату машваратҳое, ки табибон байни мардум мегузаронанд, натиҷаи хуб дода, дар чандмоҳи охир ҳамагӣ чаҳор зан, бо сабаби дур будан аз маркази ноҳия, дар хона тифл ба дунё овард.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,
Душанбе - Шаҳритус - Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо











