Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҷарроҳе аз домани кӯли Сарез
ТандурустӣДухтури ҷарроҳ Мунира Аноятова сӣ сол боз дар шифохонаи марказии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ фаъолияти садоқатмандона ва босамар пеш мебарад. Дониш, кордонӣ, малакаву таҷрибаи зиёд ва сифати хуби ҷарроҳиҳои анҷомдодаи ин пизишки заҳматқарину мушкилписанд имкон доданд, ки ӯ чун мутахассиси дараҷаи олӣ ва инсони накукору сазовори иззату эҳтиром шуҳрат ёбад.
Одатан ҷарроҳиро касби мардона мешуморанд, вале ба бовари Мунира зан дар ҳама касбҳо дар баробари мардон метавонад муваффақ бошад. Занони зиёди ҷарроҳро, ки дар муассисаҳои тиббии кишвар ба хотири шифо бахшидани дардмандон теғи синоӣ ба даст гирифтаанду аз лиҳози касбият аз мардон кам намеоянд, далели гуфтаҳояш медонад.Мунира яке аз чунин ҷарроҳони ҳозиқ аз байни бонувони пизишк аст. Дардмандон ба донишу малака ва таҷрибаву эъҷози дастони шифобахшаш эътимод доранд ва бо дили пур гузарондани амалиёти ҷарроҳиро ба ӯ бовар мекунанд. Дастони нарму дили гарми табиби ҳозиқу таҷрибадида барояш имкон доданд, ки дар ҳар маврид амалиёти ҷарроҳиро бомуваффақ анҷом диҳаду умеди дардмандонро ба беҳбуд ёфтани ҳолу аҳвол ва шифо ёфтанашон бароварда созад.
Пайроҳаи камолоти касбӣ ба сӯйи қуллаи шуҳрат барои бонуи пизишки ҳозиқ аз бунгоҳи тиббӣ дар ноҳияи Рӯшон оғоз ёфт. Пас аз хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Мунира ба зодгоҳ баргашта, муддати се сол дар бунгоҳи тиббӣ муроқиби саломатии сокинони деҳот буд.Мудири бунгоҳ дар беҳтар намудани шароити хизматрасонии ин муассисаи тиббӣ ба беморон кӯшиши зиёд ба харҷ дода, дар баробари қабули корафтодагон ба деҳаҳои дуртарин ва баландтарини ноҳия ҳам пойи пиёда сафар карда, аҳли хонаводаро аз ташхиси аввалияи тиббӣ мегузаронд ва ба эҳтиёҷмандон доруву даво тавсия медод. Ҳар хонаводаи Ҷамоати деҳоти Савноб, ки дар доманаи кӯли Сарез умр ба сар мебаранду Мунира моҳҳои таҷрибаомӯзии айёми донишҷӯияшро дар ин ҷо гузаронда буд, ӯро шахси наздики худ медонистанду бо эҳтиром «духтури мо» мегуфтанд.Дарки масъулият ва садоқати касбӣ дар иҷрои вазифаи хизматӣ мутахассиси ҷавонро дар байни сокинон чеҳраи шинохта ва маҳбуб гардонд. Аҳли хонавода ба шаҳр кӯчиду Мунира волидонро ҳамроҳӣ намуд. Дар ҷои нав дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятӣ ба кор даромад. Муҳити созгор ва созандаи касбӣ дар шуъба, ки табибони ҷарроҳи ҳозиқ, назири Корманди шоистаи Тоҷикистон Қурбоналӣ Сабзалиев дар он фаъолият мекарданд, ба камолоти касбӣ ва тахассуси минбаъдаи мутахассиси ҷавон таъсири амиқ гузоштанд.Табиби ҷавон ҳамчун ёрдамчӣ дар амалиётҳои ҷарроҳӣ ба устодон дастёр буда, аз донишу таҷрибаи онҳо баҳра мегирифт.
Дар баробари беморон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории байнидавлатӣ он давра занону мардони бемор аз деҳоти марзии кишвари ҳамсояи Афғонистон низ, ки ба ҷарроҳӣ ниёз доштанд, барои табобат ба шуъба ворид мешуданд.
-Иддае аз занони бемор вақте медонанд, ки амалиёти ҷарроҳиашонро мард мегузаронад, эҳсоси нороҳатӣ мекунанд, хуб мебуд, ки бонуи ҷарроҳ медоштем, — боре дар ҷаласа масъалагузорӣ намуд мудири шуъба.
-Мунира Аноятоваро беҳтарин номзад ба ин тахассус медонам. Дониш, қобилияти касбӣ, сабру тамкин, малакаи хуб ва шавқу завқи зиёд ба омӯзиши назария ва таҷриба дорад, бодиққат ва тозакор аст. Амалиётҳои ҷарроҳиро бехато ва бо сифати баланд анҷом медиҳад, - изҳор дошт яке аз ҷарроҳони шинохтаи бемористон Аскар Ҷумъахонов.
Мунирабонуро барои такмили ихтисос ба маркази ҷумҳурӣ фиристоданду пас аз бозомӯзӣ ва сайқали маҳорати ҷарроҳӣ ӯ ба шифохонаи вилоятӣ баргашт.Бонуи ҷарроҳ дар гузарондани намудҳои гуногуни ҷарроҳӣ касбияти баланд дорад ва эъҷози дастони табиби ҷарроҳ тӯли ин солҳо ба садҳо беморон шифо бахшидаанд. Ҳангоми гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ бо қатъият рафтор мекунаду кулли вуҷудашро ба иҷрои кор мебахшад ва фариштаи барор ӯро ҳамроҳӣ намудаву ҷарроҳиро ҳамеша бидуни оқибатҳои ногувор ва бо сифати баланд анҷом медиҳад. Духтурони ҷавон ин ҷарроҳи соҳибтаҷрибаро устоди хеш медонанду аз ӯ меомӯзанд…
Мунира Аноятова аз зумраи он табибони ҳозиқи кишвар аст, ки беморон саломатиашонро ба ӯ бовар мекунанду ӯ бо касбияти баланду муносибати нек сазовори ин боварӣ буданро собит месозад. Хидмати арзанда ва шоёни пизишки номвар дар ҷодаи касбӣ бо нишони Аълочии тандурустии Тоҷикистон қадр гардидааст.
Ш. Мирзоҷалол,
ВМКБ
Мубодила:
Шарҳҳо












