БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Аввалин бонуи трансплантологи тоҷик

Тандурустӣ / Слайдер

Ситорабону Гулшанова ягона табиби ҷарроҳ дар соҳаи пайвандсозӣ (трансплантология) дар Тоҷикистон аст. Бонувони ҷарроҳе мисли ӯ дар дунё камназиранд. Фарзи мисол, дар Федератсияи Россия то ҳол ҷарроҳони пайвандсозро аз ҳисоби занон надоштанд. Дар Эрон ҳам то чанд сол қабл чунин ҷарроҳбону набуд. Табибони эронӣ пас аз ошноӣ бо корҳои духтари тоҷик Ситорабону дар андешаи омода намудани занони ҷарроҳ дар кишварашон уфтоданд.

Ситорабону дар давлатҳои пешрафтаи дунё Амрико, Чин, Корея, Россия, Эрон, Туркия, Белоруссия аз олимону табибони машҳур нозукиҳои илми мазкурро омӯхтааст.

 

– Дар Тоҷикистон кадом сол табибон ба пайвандсозии узви инсон даст заданд?

–Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пайвандсозии (трансплантатсияи) узв ва бофтаҳои инсон» соли 2007 ба имзо расидааст. Аввалин пайвандсозӣ дар кишвари мо соли 2009 гузаронда шудааст, ки он сол табибони тоҷик бори нахуст пайвандсозии гурдаро муваффақ анҷом доданд. Соли 2012 бошад, пайвандсозии ҷигар шуруъ шуд.

Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон аъзои Ассотсиатсияи пайвандсозони дунёст. Ин як навъ эътирофи касбист. Олимону табибони номии дунё дар самти пайвандсозӣ Тоҷикистон ва табибонашро хеле хуб мешиносанд. Табибони Марказ соли 2025 дар давраҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос дар Ҷумҳурии Корея, Чин, ИМА буданд. Мо дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ ширкат варзида, аз пешрафту дастовардҳои пайвандсозии гурдаву ҷигар дар Тоҷикистон маълумот ироа намудем.

Соли равон дар шаҳри Шанхайи Чин дар Конфронси ҷаҳонии пайвандсозӣ бо забони англисӣ сухан рондам. Дар толоре, ки парчами пештозони соҳа давлатҳои муқтадире чун ИМА, Чин, Россия, Ҷопон, Олмон, Корея, Ҳиндустон, Италия парафшон буд, ливои кишвари ман — Тоҷикистон ҳам ҷавлон дошт. Ифтихоре бештару болотар аз ин бароям набуд. Он ҷо ба ҳайси олим ва табиб риштаеро муаррифӣ намудам, ки буданаш исботи пешрафту муқтадирии давлат аст.

Имсол дар Сан-Франсискои Амрико низ дар Конгресси муҳташами «Масъалаҳои пайвандсозӣ дар ҷаҳон» Тоҷикистонро муаррифӣ намудам. Аз давлатҳои қитъаи Осиё танҳо Тоҷикистон имкони иштирок дар чунин чорабинии сатҳи баландро дошт.

– Соҳаи пайвандсозӣ таҳти назорати давлат қарор дорад. Марказҳои мустақил дар соҳа наметавонанд фаъол бошанд, чаро?

– Ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз ҷинояти вазнини хариду фурӯши узвҳои инсон гирифта шудааст, ки қонунӣ ва мантиқист. Марказҳои пайвандсозӣ аслан бо ташаббуси давлат ташкил мешаванд. Пайвандсозӣ чун муайянкунандаи маҳакки пешрафт ва рушди дилхоҳ давлат арзёбӣ мегардад. Аз рӯйи шумори амалиётҳои пайвандсозии анҷомёфта мешавад дар хусуси рушди воқеии давлат хулоса намуд. Танҳо давлатҳои мутараққӣ омодаанд ҳамчунин марказе таъсис бидиҳанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсонро таъсис дод ва зери назорат гирифт. Марказ имрӯз ҳам ба калонсолон ва ҳам ба кӯдакон пайванди гурдаву ҷигарро аз хешованди наздик амалӣ менамояд.

– Дар илми пайвандсозӣ ду истилоҳ: «пайвандсозии зинда» ва «пайвандсозӣ аз майит» роиҷ аст. Табибони тоҷик дар амал аз кадом равиш кор мегиранд?

– Аслан, мувофиқи қонун узвҳои иллатнок ва бемори инсон бояд аз нафари фавтида пайванд гирифта шавад, ин амал дар тамоми дунё ба чунин шакл сурат мегирад. Аммо дар шароити кишвари мо иҷрои ҳамчунин амал айни замон ғайриимкон аст. Агар имконпазир мебуд, ҳоло дар Тоҷикистон пайвандсозии дил, шуш, мағзи устухон ва амалҳои дигари мушкилтарро низ мегузарондем. Дар Тоҷикистон ду маротиба пайванди ғадуди зери меъда анҷом ёфт, вале чун амалиёт нозук ва худи узви пайвастшаванда ҳассостар аст, бо ҳамин иктифо намудем.

Дар Ҷумҳурии Қазоқистон пайвандсозии гурда пас аз мо шуруъ намуда бошанд ҳам, чун онҳо пайвандсозиро аз майит қабул карданд, кайҳо пайвандсозии дилро ҳам ба роҳ монданд. Нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар пайвандсозии гурдаву ҷигар дар Осиёи Миёна дар ҷойи аввал қарор дорад, аммо замоне расидааст, ки дар ҷумҳурӣ пайвандсозии дигар узвҳоро низ бомаром ба роҳ монем.

Соли 2025 табибони тоҷик 110 амалиёти пайвандсозии ҷигар ва 200 амалиёти пайвандсозии гурдаро сомон доданд. Ин теъдод метавонист ба маротиб афзун бошад, чунки беморон зиёданд, вале чун қонун анҷоми амалиёти пайвандсозиро танҳо аз майит ва аз хешовандони наздик иҷозат додааст, имкони қисми ниёзмандон маҳдуд аст.

Қонун дар Тоҷикистон иҷозаи интиқоли узви нафари дучори марги мағзигаштаро ба беморони вазнин ва ниёзманд медиҳад, аммо барои ин розигии пайвандон лозим аст, ки дар бисёр ҳолат, мутаассифона, гирифтанаш ғайриимкон аст. Дар давлатҳои исломӣ, аз қабили Эрон, Туркия, Иордания, Арабистон, тамоми давлатҳои Аврупо ва Амрико интиқоли узви зарурӣ аз майит роиҷ аст.

Дар мо ҳодисаҳои бо сабаби фалокат, садама, марги нобаҳангом фавтидани одамон ба қайд гирифта мешаванд, аммо санаде марги мағзӣ будани онҳоро таъйид намесозад.

Мо борҳо шоҳиди ҷарроҳиҳои аз нафарони дучори марги мағзишуда ба бемори вазнин дар давлатҳои Эрон, Россия, Туркия, Чин гаштаем. Дар Эрон дидам, ки кӯдаке дар садама ҷони худро аз даст дод. Падару модар барои савоб иҷозаи интиқоли узви зиндаи ӯро ба кӯдаки бемор доданду барояш умри дубора бахшиданд.

 

– Дар дунё кадом навъи амалиёти пайвандсозиро бештар анҷом медиҳанд?

– Тибби дунё ҳоло корҳоеро дар самти пайвандсозӣ анҷом медиҳад, ки солҳои пеш афсона маънидод мешуд. Имрӯз пайвандсозии ғадуди зери меъда, ғадуди зери меъда бо гурда дар як вақт, дил, шуш, мағзи устухон, гурда, ҷигар ва хеле узвҳои дигар як амали маъмулист. Воқеан, мо дар кишвар пайванди мағзи устухонро анҷом медиҳем, аммо тариқи «аутотрансплантатсия», яъне аз худи беморе, ки дар ҳолати ремиссия қарор дорад, ҳуҷайраҳояшро мегирем ва дар натиҷаи бемории такрорӣ онро ба худаш интиқол медиҳем.

Тибби муосир дар хусуси роботпайвандсозӣ ҳарф мезанад, ки ҷарроҳиҳоро ҳам дар донорҳо ва ҳам дар шахсони қабулкунандаи узв роботҳо анҷом медиҳанд. Сифатан ин амалиётҳо хубтар, камосеб, аммо арзишашон гарон аст.

Пайвандсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба тамоми давлатҳои ҷаҳон арзонтар аст. Нархи пайвандсозии гурда дар Тоҷикистон 47 ҳазору 800 сомонӣ ва пайвандсозии ҷигар зиёдтар муқаррар гардидааст.

Бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дигар вазорату мақомотҳои кишвар ин амал дар ҷумҳурӣ метавонад қисман ройгон анҷом ёбад, аммо гаронии амалиёти пайвандсозӣ ба гаронии технология ва дорувориҳои ҳатмии он, ки эҳтимоли кандашавии узви пайвастшударо аз байн мебарад, рабт дорад.

Донор ё узвдиҳанда танҳо хешу табори бемор буда метавонанд. Вақте узв аз бегона шуд, ин аллакай хариду фурӯш аст. Хариду фурӯши ҳама гуна узв тибқи қонунҳои байналмилалӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят мебошад.

– Дуруст аст, ки нафарони пайвандшуда ба назорати доимии табибон ниёз доранд?

– Бале, инсони пайвандшуда бояд таҳти муроқибати доимии табибон қарор гирад. Айни замон бемороне дорем, ки беш аз 10 сол аст пайванд шудаанд ва мисли одамони маъмулӣ дар ҷомеа кору зиндагӣ мекунанд. Бо мавридаш меоянд, ташхис мекунем, шояд реҷаи истеъмоли дорувориашон иваз шавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро, ки амалиёти пайвандсозиро паси сар намудаанд, бо дорувории ройгон таъмин менамояд.

– Яке аз самтҳои вазнини соҳаи тандурустӣ ин ҷарроҳист. Мушкил аст барои зан-модар табиб-ҷарроҳи муваффақ будан?

– Барои ман аз аввал риштаи ҷарроҳӣ ҷолиб буд. Бо меҳр ба ин касб омадаам. Замони фаъолият дар бемористони №5-и шаҳри Душанбе, як ошёна боло шуъбаи «эндотаксикоз» ва «диализ» воқеъ буд. Шабҳои навбатдорӣ шоҳиди гиряву нолаи занҳо мегаштам, ки фарзанд ва ё пайвандашон аз норасоии кори гурда ё бемории ҷигар ҷон додааст.

Ду табиби номии тоҷик Саидмаҳмуд Исмоилзода ва Ашӯр Достиев дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия рисолаҳои докториашонро марбут ба мавзуи пайвандсозӣ ҳимоя намуданду роҳҳо ба бемористонҳои соҳавӣ, аз ҷумла бо донишкадаи Склифасовскийи шаҳри Москва боз шуд. Табибони тоҷик бо ёрии мутахассисони рус аввалин пайвандсозиҳои гурда ва ҷигарро дар Тоҷикистон ба роҳ монданд. Баъдтар дар ин амр табибони эронӣ моро роҳнамо шуданд. Саҳми Эрон дар пешрафти соҳаи пайвандсозӣ дар Тоҷикистон бузург аст.

Бо пешниҳоди устодон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон корро бо шавқу завқ дар ин муассиса шуруъ кардам ва инак 20 сол аст фаъолият мебарам. Мавзуи рисолаи докториам низ ба ин соҳа пайванд гирифт. Соли 2025 зери назари ду табиби донишманду кордон С. Исмоилзода ва М. Гулзода дар мавзуи «Пешгӯйии маҷмӯи пешгирӣ ва муолиҷаи оризаҳо баъди трансплантатсияи ҷигар аз донорҳои зинда» кори докториамро дифоъ намудам.

– Ихтисосмандони соҳа аз ҳисоби бонувон дар дунё зиёданд?

– Ихтисосмандони шояд бошанд, аммо ҷарроҳон дар ин ришта аз ҳисоби занон ангуштшуморанд. Замони ҳимояи рисолаи докториам аз Федератсияи Россия Мойсюк Ян Геннадевич, пайвандсози машҳур ба Тоҷикистон омад.Дар баробари кори назариявӣ ба амалияи корам низ таваҷҷуҳ зоҳир намуд, дар рафти ҷарроҳӣ ширкат варзид ва иқрор омад: «Ман аввалин ҷарроҳ – трансплантологро мебинам, ки зан аст».

Устодони эрониам ҳам қоил меомаданд, ки дар Эрон ягон бонуи пайвандсоз надоранд. Албатта, онҳо пасон як бонуро тайёр карданд, ки алҳол амалиёти пайванди ҷигарро дар кӯдакон анҷом медиҳад.Дар Москва, дар Институти ба номи Склифасовский вақти таҳсили ман ҳам духтарон набуданд.

Ҳашт сол ҳамчун мудири кафедраи трансплантологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, даргоҳе, ки донишамро бо дипломи аъло қадр намудааст, фаъолият доштам. Он солҳо илми пайвандсозӣ барои Тоҷикистон нав буд. Ҷавононро барои соҳа омода намудем.Вақте бо устодони донишгоҳам, профессорону докторон ҳамкор шудем, онҳо бо ифтихор мегуфтанд: «Медонистем, ки замоне ҳамкору ҳампешаи арзандае бароямон хоҳӣ шуд».

Ҳоло дар Маркази мо 20 мутахассис, кормандони илм, духтурони сатҳи баланд фаъолият доранд. Табибони ботаҷриба, ҳамкорони собиқи мо дар Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара амалиёти пайвандсозии гурдаро анҷом медиҳанд.

Имрӯз барои беморон аз давлатҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон пайванди ҷигару гурдаро анҷом медиҳем. Бо ифтихор таъкид медорам, ки аввалин пайвандсозии ҷигарро дар Ӯзбекистон мо, табибони тоҷик, анҷом додем.

– Навидҳои охири тиббӣ дар олами пайвандсозӣ кадом аст?

– Дар дунё пайванди дили сунъиро ба роҳ мондаанд, лекин дили сунъӣ хеле гаронарзиш аст. Умед аст, ки дар даҳсолаи наздик он барои тамоми марказҳои пайвандсозии дунё дастрас бошад. Тоҷикистон ҳам дар сурати омода будани табибони соҳаи қалб метавонад дили сунъиро дастрас намояд.

Имрӯз дар дунё чопи узвҳои сунъӣ тариқи принтерҳо роҳандозӣ мешавад. Дар сурати дарёфти иҷозати истифодаи онҳо дар амал, илми трансплантология ба авҷи тараққиёт хоҳад расид ва гурда, ҷигар, шуш, дил ва қариб тамоми узвҳои ниёз ба пайванд доштаро метавон осону камхавф пайванд сохт. Чунин пажӯҳишҳо дар Эрон, Англия ва ИМА босуръат идома доранд.

– Фарзандон мехоҳанд бо роҳи модари табибашон бираванд?

– Тӯҳфаи тақдир бароям ду фарзанди ҷигарбанд аст. Фарзанди калониам Яъқуб мехоҳад дандонпизишк бошад. Дуюмӣ Муҳаммадҷон ҳамеша мегӯяд, ки мисли ману падараш табиби пайвандгар мешавад. Ҳоло ҳар ду дар мактаби миёна мехонад. Сарфи назар аз он ки оянда кӣ шудан мехоҳанд, онҳоро дар ҳар интихобе дастгирӣ хоҳам кард.

                                                                           Гулноза Бобомуродова

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2026_small.pdf [3.66 Mb] (зеркашиҳо: 0)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон