Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дилноза бо амри дил
ТандурустӣПас аз хатми мактаби миёна қатори ҳамсолони фаъолаш ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 2011 бо анҷоми таҳсил ба ноҳияи Балҷувон сафарбар шуд. Қобилияти баланду мутахассиси соҳа буданаш зуд эҳсос гардид, ки ӯро дар Кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии ноҳия директори бахши танзими оила таъин кардаву соле баъд дар беморхонаи марказии ноҳияи Балҷувон мудирии шуъбаи таваллудхонаро барояш бовар намуданд.
– Беш аз даҳ сол бенуқсон яке аз шуъбаҳои асосии беморхонаро роҳбарӣ намудан кори саҳл нест, – мегӯяд сардухтури беморхона А. Ашӯров. – Болои ин Дилноза чанд соли охир масъулияти муовини сардухтурро низ дар беморхона ба дӯш дошта, фаъолияти соҳаро хуб медонаду кор мегирад, – мегӯяд сартабиб.
Дилноза Нигматуллоеваро дар ҳуҷраи кориаш саргарми кор мебинам. Ҳамшираи зоймонро барои модару навзоди бегоҳина кадом як дармонеро тавсия медоду аз ҳамшираи калон доруҳои эҳтиётиашро пурсон мешуд. Бо фаро расидани вақти муносиб дари суҳбат бо ӯ во мешавад.
– Дар оғоз бояд иқрор шуд, ки имрӯз таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ моро қонеъ месозад. Шуъбаҳои беморхона давра ба давра таъмиру тармим шуда, таҷҳизоти наву ҳозиразамон дар ҳуҷраҳои табобатӣ насб мегарданд. Хоҳед аз шуъбаи бемориҳои сироятии беморхона, ки ба тозагӣ дар истифода дода шуд, дидан менамоем, – роҳнамоӣ мекунад моро Дилнозабону.
Шуъбаи сеошёнаи бемориҳои сироятӣ на танҳо бо сифати баланд қомат афроштааст, балки тамоми ҳуҷраҳои хобу табобатӣ бо катҳои муосир ва дастгоҳҳои наву ҳозиразамони тиббӣ ҷиҳозонда шуда буданд. Барои ҳар ҳуҷра ҷойи дастшӯӣ ва ташноби алоҳида дар ихтиёри беморон вогузор шуда, аёдаткунандагон танҳо дар айвон ба бемор дидор мебинанд.
Муовини сардухтур аз ин ҳама болу пар гирифта, ғамхориҳои рӯзафзуни Сарвари давлатро бори дигар пеши назар оварда, ҳамчунин изҳор медорад, ки бо мақсади таъмини аҳолӣ ба хизматрасонии тибби муосир саҳми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ва Раёсати тандурустии МИҲД-и вилояти Хатлон мушоҳида мегардад.
Сафи кормандони соҳаро бештар аз 170 нафар табибону ҳамшираҳо ва дигар мутахассисон, хусусан занону духтарони ҷавон ташкил медиҳанд. Дар зарфи чор соли охир беморхонаи марказии ноҳия 16 нафар табиби соҳибтахассус ва 31 нафар корманди миёнаи тибро ба ҷойи кор таъмин намуд, ки дар доираи имконияти мавҷуда ба ҳамаи мутахассисони соҳа шароиту имконияти кору истироҳат фароҳам оварда мешавад.
Дилнозабону, аз дигар ҷониб, изҳори ташвиш мекунад, ки бинобар ноҳияи кӯҳистон будани Балҷувон бархе аз мутахассисони соҳа дар ин ҷо зиёд будан намехоҳанд. Борҳо мушоҳида мешавад, ки бо анҷом ёфтани давраи пуррагардонии дипломи тахассусӣ, яъне ду-се соли фаъолият ҷавонон аз ноҳия ба марказ рӯ меоранд. Бо ин мақсад роҳбарияти беморхона пайваста ба донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Данғара вохӯрӣ анҷом дода, шароитҳои кунуниро ба онҳо пешниҳод менамояд. Ҳамчунин, мутахассисони ҷавонро барои пурра намудани тахассуси доштаашон бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ройгон ба курсҳои бозомӯзӣ фиристода, малакаи кори онҳоро қувват мебахшанд. Хушбахтона, ҷавонони боазму ирода, бонувони фаъолу ватандӯст зиёд пайдо шуда истодаанд, ки саҳми худро дар пешравии соҳа ва ободии диёри азиз гузоштан мехоҳанд.
Фаъолияти Маркази «Ташаккули тарзи ҳаёти солим»-ро Дилноза яке аз роҳҳои ба ҳадаф расидани нақшаҳои дар пешистода арзёбӣ менамояд. Маҳз дар якҷоягӣ бо мутасаддиён, таблиғотчиёни барномаҳои ин марказ ва табибони беморхонаи марказӣ корҳои зиёде баҳри ҳифзи сиҳатии омма ҳалли худро ёфтанд. Аз ҷумла, ҷиҳати ин ҳамкориҳои судманд алоқамандии мардум ба варзиш вусъат ёфта, роҳҳои муносибати дурушт ва зӯроварӣ дар оила, хусусан бо кӯдакону ҷавонон, беэҳтиромӣ нисбат ба калонсолон, пирони солхӯрда пешгирӣ карда шуданд.
– Дар тамоми макотиби ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо низ бо ҳамин мақсад чорабиниҳои васеъ гузаронда, мавзуъҳои муҳими рӯз дар боби беҳдошти саломатӣ арзёбӣ шудаву дар баробари он иштирокчиён аз хавфи падидаҳои номатлуби замони муосир огоҳ карда шуданд, – мегӯяд муовини сардухтур.
Аёдати бонувони қобили таваллуд, фарогирии мардуми ноҳия, алалхусус бошандагони деҳот бо ташхиси бемориҳои сирояткунанда ва эмгузаронии онҳо, минҷумла кӯдакон, аз ҷониби кормандони соҳаи тиб, ба вижа марказҳои ташхисию табобатӣ, солҳои охир ҷоннок шуда истодааст. Табибон ва бародарону хоҳарони шафқат рӯ ба рӯ бо аҳолӣ даҳҳо мавзуъҳои муҳимро оид ба сар задани бемориҳои мавсимӣ ва роҳҳои бартараф намудани онҳо зимни нишастҳо матраҳ менамоянд. Танҳо давоми соли гузашта маркази ВНМО-и ноҳияи Балҷувон наздик ба 2000 нафарро аз ташхис ва муайян намудани пайдоиши ин вирус ройгон гузаронда, бо ҳамаи ин нафарон суҳбатҳои алоҳида доир карданд.
– Солҳои охир ба тақвими миллии эмгузаронӣ ваксинаҳои нави замонавӣ ворид шуда истодаанд, ки ягона воситаи самаранок оид ба пешгирӣ ва муҳофизат намудани кӯдакон аз бемориҳо мебошад, – изҳор медорад ҳамсуҳбатам. Табибони ноҳия кӯшиш намуданд, ки зимни ҳамкорӣ бо Маркази иммунопрофилактика ва истифодаи саривақтии ваксинаҳо мардуми маҳал, аз ҷумла кӯдаконро аз бемориҳои сил, гулузиндонак, сурхча, гулафшон, фалаҷ ва гепатити В пешгирӣ намоянд, ки бо шаҳодати рақамҳо ин теъдоди бемориҳо чанд соли охир дар кӯҳистони Балҷувон ба маротиб поин фаромадааст.
Дар ҳоле, ки суҳбати мо бо Дилноза анҷом наёфта буд, ӯро ба КАТС-и ноҳия даъват намуданд, ки бинобар надоштани духтури занона мавсуф он ҷо ҳам фаъолият менамояд. То оне, ки аз дари ҳавлӣ бурун шавем, мепурсам, ки оё фарзандон ба пешаи ӯ мароқ надоранд.
– Таваҷҷуҳашон зиёд, онҳо мехоҳанд, ки табиб бошанд, барои ин гоҳе сари як пиёла чой аз ман зиёд мепурсанд. Гоҳе мешавад, ки ман ду рӯз ё се рӯз ба хона рафта наметавонам. Ба деҳоти Сарихосор, ки аз марказ хеле дур аст, барои солим таваллуд шудани тифл ва саломат мондани модар раҳсипор мешаваму рӯзи дигар бармегардам. Ин ҷо боз масъулияти навбатӣ рӯ мезанад: мудири таваллудхона, муовини сардухтур, табиби занона дар КАТС. Ҳамаи ин бори масъулият маро водор ба кор мекунад, то ба амри дил фаъолиятро пеш барам. Ва, албатта, аз назари фарзандон низ ин саргардониҳои ман дур намемонанд. Шукрона, ки дар ҳамаи ин ташвишҳо шавҳарам дар бари ман аст. Ҳоло, ки фарзандон шогирдони мактаби миёна ҳастанд, шояд вақт хатти ояндаашонро нишон диҳад…
Табиби дардошнои мардум Дилноза Нигматуллоева, бо вуҷуди ташвишу масъулияти зиёд дар як бемористони ноҳияи кӯҳистон, аз роҳи пешакардаи худ розӣ аст ва гоҳе ки навзоде рӯи дастонаш гирён ба дунё меояд, чеҳрааш чун гул мешукуфад.
Рустами НАЗИР,
Душанбе – Балҷувон – Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо












