Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дар пайванди арзишҳои миллӣ
Ҳуқуқ«Замоне мисли рӯъёҳои ширин бе ихтиёр гузашт, ки аз хоби саҳар бо савти дутору сурудхониҳои падари санъатварам бедор мешудем. Равоншод аз хунёгарони мумтози шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб рафта, сарфи назар аз саргармиҳои касбиву эҷодӣ ва масъулиятҳои ҷамъиятиву роҳбарӣ, ҳамарӯза барои таълиму тарбия ва ҷаҳонбиниву худшиносиҳои фарзандон вақт меёфтанд. Ба шарофати идеали зиндагиам, ки рӯзҳои истироҳатӣ моро ба тамошои театру чорабиниҳои фарҳангӣ, боғҳои истироҳативу мавзеъҳои тамошобоби шаҳри бостонии Кӯлоб мебурд, аз хурдсолӣ тарзи зиндагии шоистаро азбар бинмудем, ки он дар тарбияи ахлоқу маърифати инсон нақши муассир мегузорад».
Ин як барга аз саҳифаҳои хотироти бонуи хушсалиқа — парвардаи даврони истиқлоли Тоҷикистон аст, ки тамоми дастоварду муваффақиятҳои дар пайроҳаи илму ҳунаромӯзии ӯ аз тарбия дар хонавода сарчашма мегиранд. Дар ошёнаи як тан аз соҳибдилони шаҳри Кӯлоб зодаву ба воя расидааст, ки бузурги хонадон тарбияи фарзандони солеҳро волотар аз ҳама гирумонҳои рӯзгор дониста, гӯё ба меҳрубонӣ парвардани ҷигарбандони хешро маънии зиндагӣ мепиндошт…
— Дар муҳити маърифатпарвариву фароҳамии неъматҳои ҳаётӣ ва сояи падар, ки тарбиятгари орифу беҳтарин дӯст, ҳам такягоҳи устуворам буд, мо, фарзандон, дар рӯҳияи озодманишиву хушбинӣ ба камол расидем, — аз печутоби пайроҳаи қисмат ва ҳикматҳои зиндагӣ шукргузорӣ мекард Мумина. — Қиблагоҳи мо Бозоралӣ Иброҳим, фарзандро чун амонати Офаридгор бо меҳрубониву накукорӣ ва дар рӯҳияи инсондӯстиву худогоҳӣ ба воя мерасонд, то аз синни худшиносӣ дар интихоби касб ва дигар тасмимҳои ҳаётӣ хушбину соҳибихтиёр бошанд. Хаёлоти навҷавонии моро ба маънии ҳаёт ҷазб менамуд, то аз гомҳои нахустин дар масири рӯзгорон мақсаду мароми муайян дошта, барои расидан ба орзуҳоямон мубориз бошем.
— Айёми таҳсил дар МТМУ №8-и шаҳри Кӯлоб бо ҳидояти зодмандон дар мактаби рассомӣ ҳам ҳунар омӯхта, дар дил орзуи муфаттиш шудан мепарвардам. Аммо меҳру иштиёқи беназир ба ҳунарҳои хонагии аз модари соҳибҳунар омӯхтаам ғолиб омад, ки баъди синфи 9 таҳсилро аз рӯи ихтисоси қаннодӣ дар Литсейи касбии техникии №55-и шаҳри Душанбе идома дода, онро бо дипломи аъло хатм кардам. Сипас, Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи шаҳри Душанбе ва шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ба итмом расондам. Дар ин миён ба шавҳар баромада, аз он ба баъд дар шаҳри Бохтар кору зиндагӣ дорам.
Фаъолияти касбиро аз соли 2007 ҳамчун ҳуқуқшиноси Корхонаи фаръии байниноҳиявии обу корези минтақаи Бохтар оғоз бахшида, соли 2012 ба таври озмун ҳамчун мутахассиси пешбари бахши бақайдгирии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ ва тарбияи ҳуқуқии раёсати адлияи вилояти Хатлон пазируфта шуд. Собиқаи ҳамкориву баҳраварӣ аз донишу таҷрибаи мутахассисони ҳирфаии мақомоти мазкур, ки ба сабту баррасии масоили ҳуқуқии ҷомеа ва маърифатнокии мардум сарукор доштанд, барои Мумина баробари хатми як донишгоҳи дигар аҳамият дошт. Гузори такмили касбият ва ҳам таҷрибаи рӯзгордориву ба воя расидани фарзандони хурдсол ӯро ба симати мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб фиристоданд.
— Дар он шабу рӯз, ки пешгирӣ аз афзоиши бесобиқаи пошхӯрии оилаҳо аз масоили мавриди нигаронии ҷомеа арзёбӣ мешуд, барои анҷоми вазифаҳои рӯзмарра ва суҳбату вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон ҳашт соати корӣ ҳам нокифоя менамуд, — аз мушкилоти печидаи он даврони фаъолият ёдовар мегардад Мумина Иброҳимзода. — Оҳан дар кӯраи оташ ва инсон андар шебу нишеманҳои пайроҳаи зиндагӣ обутоб меёбад. Шукри қисмат, ки солиёни бозомӯзиҳои пайваста, сабру таҳаммул дар ифои масъулият ва ёрои ҳаллу фасли масъалаҳои ҳуқуқии шаҳрвандон таҷрибаи ғании ҳуқуқшиносӣ андӯхтаам. Ба гоҳи талқини кадрҳои навомӯз ба дақиқбинӣ, риояи қонуният ва эҳтирому муносибати инсонпарварона ба корафтодагон эҳсоси рӯҳафзое маро фаро мегирад, ки панду ҳикматҳои аз устодон шунидаамро барои насли ояндаи риштаи ҳуқуқшиносӣ расондаам.
Соли 2021 тариқи гузариш фаъолиятро ҳамчун мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Кӯшониён идома дода, ҳамакнун аз тирамоҳи соли 2025 мудирияти бахши САҲШ-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро ба уҳда дорад. Солиёни фаъолият дар Кӯшониён, ки аз сераҳолитарин ноҳияи вилояти Хатлон маҳсуб меёбад, дар радифи сарбориҳои идориву танзими ҳуҷҷатгузорӣ мебоист чорабиниҳои иттилоотиро вобаста ба масоили аҳамияти никоҳ, риояи ҳуқуқи модару кӯдак ва масъулият дар тарбияи кӯдак миёни аҳолӣ бештар роҳандозӣ менамуданд. Чаро ки дар пешгирӣ аз падидаи номатлуби ҷудошавии оилаҳо на танҳо духтарон, балки ҷавонмардон ва падару модарону дигар аъзои оилаҳо ба тарбияи ҳуқуқӣ ниёз доранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои охир бештари ҷавондухтарон дар синни 18 арӯсӣ мешаванд ва ин ҳам яке аз сабабҳои асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавон аст.
Ба андешаи мусоҳибам, духтари 18-сола ҳанӯз ба ҳаёти мустақилона, хосатан барои зисту зиндагонӣ дар муҳиту фарҳанги хонаводагии барояш бегона, омода нест. Аз сӯи дигар, бархӯрди носолими хусуру хушдоманҳои солманд, ки фаҳмишу рафтори арӯси навҷавонро ба ақлу фаросати ҳамсони худ чен мекунанд, боиси асабоният ва нобовариву дилсардии навхонадорон гардида, оқибат ба ҷудошавии оилаҳои ҷавон оварда мерасонад. Ба ин хотир, агарчанде дар муассисаҳои таълимӣ ба навҷавонон дарси маърифати оиладорӣ омӯхта шуда, аз сӯи дигар, зимни суҳбату вохӯриҳои «Хона ба хона» мушкилоти оилаҳои ҷавон баррасӣ мегарданд, валекин боз ҳам хонаводаҳо ба насиҳату роҳнамоии шахсиятҳои рӯзгордида ниёз доранд, то ба фарзандону ҳамсарони онҳо моҳияти никоҳ ва арзишҳои оиладориро бифаҳмонанд.
— Дар соли таҷлил аз 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст, мо, кормандони соҳаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, баробари пешоҳангӣ дар чорабиниҳои ободониву созандагӣ ва самаранокии фаъолият дар самтҳои таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, пайванди оилаҳои ҷавон, ҳифзи таъриху арзишҳои оиладорӣ, инчунин баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандонро вазифаи аввалиндараҷа мешуморем, — иброз медорад Мумина Иброҳимзода. — Пайраву парвардаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат будан, яъне ҳастии худро дар роҳи ватансозиву ҳифзу пойдории истиқлолияти кишвари азизамон бахшидан аст, то бо донишу ҳунарҳои аз масири ҳазорсолаи таърихи миллат дарёфтаамон барои наслҳои ояндаи хеш Тоҷикистони ободу пешрафтаро мерос гузорем.
ҶамолиддинСайфиддин,
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Мубодила:
Шарҳҳо











