Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дар саргаҳи адолат
ҲуқуқДар ҷомеаи муосири Тоҷикистон нақши занон дар сохторҳои давлатӣ, бавижа дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рӯз аз рӯз таъсиргузор мегардад. Агар чанд даҳсола пеш ҳузури занон дар низоми прокуратура ҳамчун падидаи нодир маҳсуб меёфт, имрӯзҳо бонувон дар паҳлуи мардон вазифаҳои пурмасъулиятро баробар ба дӯш гирифта, дар таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таҳкими давлатдории миллӣ саҳм мегузоранд. Яке аз чунин чеҳраҳо ҳуқуқшиноси соҳибтаҷриба, корманди мақомоти прокуратура ва намояндаи насли нави бонувони тоҷик, ки роҳи худро бо ирода, масъулият ва садоқат ба касб тай менамояд, Шаҳнозабону Пӯлодзода мебошад.
Аз кӯдакӣ то масири адолат
Шаҳнозабону зодаи шаҳри бостонии Кӯлоб буда, муҳити маънавӣ ва тарбияи хонаводагӣ дар ташаккули шахсияти ӯ нақши калидӣ бозидаанд. Ӯ дар оилае ба камол расидааст, ки эҳтиром ба дониш, масъулият ва хизмати давлатӣ ҷойгоҳи хоса доштанду доранд.
— Падарам ҳамеша мегуфтанд, ки инсон бояд барои ҷомеа нафърасон бошад, — ёд меорад Шаҳнозабону.
Солҳои таҳсил дар мактаб ба омӯзиши таърих ва масъалаҳои ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи зиёд дошт. Маҳз ҳамин хусусиятҳо ӯро ба интихоби касби ҳуқуқшиносӣ раҳнамун сохтанд.
Пас аз хатми мактаби миёна соли 2009 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2014 онро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуд. Давраи донишҷӯӣ барояш на танҳо айёми омӯзиши фанҳо, балки марҳалаи ташаккули ҷаҳонбинӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ буд. Дар муҳити донишгоҳӣ ба масъалаҳои қонунгузорӣ, ҳуқуқи инсон ва давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир месохт.
Қадамҳои аввал
Фаъолияти меҳнатии Шаҳнозабону соли 2015 ҳамчун коромӯз – ёрдамчии прокурори ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон оғоз гардид. Барои ҷавондухтари тозафориғ аз донишгоҳ ворид шудан ба муҳити сахту масъулиятноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кори саҳлу сода набуд. Аммо иродаи қавӣ, интизоми шахсӣ ва қобилияти мутобиқшавӣ ба ӯ имкон доданд, ки дар муддати кӯтоҳ худро ҳамчун корманди умедбахш муаррифӣ намояд.
— Рӯзҳои аввали корӣ бароям хеле ҳассос ва пурмасъулият буданд. Хуб дарк мекардам, ки мақомоти прокуратура танҳо ҷойи кор нест, балки макони қабули қарорҳое мебошад, ки ба сарнавишти инсон таъсир мерасонад, — иброз медорад бону.
Аз рӯзҳои аввал мутахассиси ҷавон ба масъалаҳои корӣ бо масъулияти баланд муносибат мекард. Дере нагузашта дар таҳияи ҳуҷҷатҳо, омӯзиши парвандаҳо ва муносибати касбӣ ба муроҷиати шаҳрвандон миёни ҳамкорон ангуштнамо гашт.
Баъдан ёрдамчии прокурори ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таъин шуд. Дар ин миён таҷрибаи ҳуқуқӣ, малакаи муошират бо ҷомеа, дарки мушкилоти мардум ва эҳсоси масъулияти иҷтимоиро андӯхт.
Мактаби таҷриба
Соли 2017 Шаҳнозабону нахуст ба сохтори Прокуратураи генералии кишвар ва баъдан ба Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон ҷалб шуд. Ин тағйирот нишонаи эътимод ба малака ва қобилияти касбии ӯ буд. Дар вазифаи иҷрокунандаи ёрдамчии калони прокурори нақлиёти Тоҷикистон оид ба назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ фаъолият бурдан масъулияти баландро тақозо мекард.
Баъдан ҳамчун прокурори калони шуъбаи тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳим фаъолият бурд. Кор дар чунин бахш маънои рӯ ба рӯ шудан бо масъалаҳои мураккаб, таҳқиқоти ҷиддӣ ва масъулияти баланди давлатиро дошт.
— Ҳар парванда сарнавишти инсон аст. Барои ҳамин дар чунин вазифа, қабл аз ҳама, доштани виҷдони касбӣ ва ҳисси баланди масъулият рост меояд, — ба таъкид мегӯяд ӯ.
Фаъолияти илмӣ
Дар баробари фаъолияти амалии ҳуқуқшиносӣ, вай ба корҳои илмӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуд. Мавзуи рисолаи илмии ӯ ба масъалаҳои муҳими ҳуқуқи иқтисодӣ ва рақобати солим бахшида шуда, таҳти унвони «Танзими ҳуқуқии маҳдуд намудани фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол (кору хизматрасонӣ) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» омода ва дифоъ гардид.
Маҳз натиҷаи талошҳои пайвастаи илмӣ ва фаъолияти самараноки касбӣ буд, ки 2-юми феврали соли 2026 ба дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ сарфароз гашт.
Зан дар мақомоти қудратӣ
Дар ҷомеаи муосир фаъолият дар мақомоти прокуратура барои занон саҳл нест. Ин касб интизоми сахт, устувории равонӣ ва масъулияти баландро тақозо месозад. Бо вуҷуди ин, номбурда тавонист исбот намояд, ки зан метавонад дар низоми ҳифзи ҳуқуқ на танҳо иштирокдори одӣ, балки ҳамчун мутахассиси тавоно таъсиргузор бошад.
Ш. Пӯлодзода ба насли бонувоне рабт дорад, ки фаъолияти худро дар сохторҳои қудратӣ ҳамчун хизмати давлатӣ ва рисолати шаҳрвандӣ медонанд. Ҳузури чунин кадрҳо дар мақомоти давлатӣ нишон медиҳад, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба марҳалаи нави иштироки фаъоли занон дар идоракунии давлатӣ ворид шудааст.
Соли 2020 мавсуф корро дар прокуратураи ВМКБ идома бахшид. Дар вазифаи прокурор-криминалист ба масъалаҳои муҳими назорати тафтиши пешакӣ, фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовар шуғл варзид.
— Дар чунин вазифа бояд на танҳо ҳамчун ҳуқуқшинос, балки чун равоншинос фаъолият намудан рост меояд. Ҳар қазия омӯзиши амиқ ва муносибати ҷиддиро мехоҳад, — иброз дошт ӯ.
Шаҳнозабону муддате дар вазифаи ёрдамчии прокурори нақлиёти вилояти Суғд бо рутбаи ҳуқуқшиноси дараҷаи 1 адои хизмат кард.
Аз 1-уми октябри соли 2024 Шаҳнозабону дар вазифаи ёрдамчии калони прокурори нақлиёти Тоҷикистон оид ба ташкили кор, назорати иҷро ва таҳлили омор ҳамчун мушовири адлияи дараҷаи 3 фаъолият мекунад. Ин вазифа аз ҷумлаи самтҳои муҳими идоракунӣ буда, таҷрибаи бойи ӯ имкон медиҳад, ки онро дар сатҳи баланд ба сомон расонад.
Модарӣ ва масъулият
Дар баробари кори давлатӣ вай дар оила модар ва бонуи хонадон низ мебошад. Ҳамроҳ бо ҳамсафари зиндагияш соҳиби се фарзанд аст ва оиларо яке аз арзишҳои муқаддаси инсонӣ медонад.
Талош ва садоқат
Роҳи зиндагии ин бонуи собитқадам роҳи талош, масъулият ва садоқат ба касб аст. Вай бо дониш, таҷриба ва иродаи қавӣ дар таҳкими давлатдорӣ саҳмгузор аст. Имрӯз ӯ на танҳо корманди мақомоти прокуратура, балки намунаи як зани фаъоли тоҷик мебошад, ки миёни хизмат ба давлат ва масъулияти оилавӣ тавозуни воқеӣ пайдо намудааст.
Гулшан ҶӮРАЗОДА
Мубодила:
Шарҳҳо











