Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Адаб аз модар омӯхту ҷасурӣ аз падар
ҲуқуқШарқия дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз ангуштшумор бонувони милиса нест, аммо бонуе аст соҳибмаърифат ва ба касбу кори хеш содиқ.
Модари Шарқия омӯзгор буду падар милиса. Шояд ба ин хотир бошад, ки муҳаббати ин ду пеша дар ниҳоди ӯ маъво гирифт. Модараш Зебунисо Қурбонова аз аввалин омӯзгорони замони худ буд, дар муассисаҳои таълимӣ ва бахшҳои комсомол (созмони ҷавонон) фаъолият дошт. Бо дастгирию пофишориҳои ӯ даҳҳо духтарони маҳаллӣ аз зулми хонаводагӣ раҳоӣ ёфта, роҳ ба сӯи хониш, дарёфти илму адаб ва касбу ҳунар намудаанд. Шарқия, ки дар чунин муҳити илму адаб ва ҷасорату мардонагӣ ба камол мерасид, адаб ҳам омӯхту ҷасурию ғайюрӣ ҳам. Худ иқрор аст, ки рӯзгори хонаводагӣ муҳаббати ӯро айёми наврасӣ ба ин ду пешаи пуршараф боло бурд. Бисёре аз ҷашну идҳо, баҳамойии хешу табор бе иштироки падар таҷлил мешуд, зеро ӯ дар ҳолати корӣ (казарма) буд. Сарфи назар аз ин модар тавонист, ки фарзандонро тарбияи хуб дода, соҳиби илму маърифат кунад. Аз ҷумла, Шарқия ҳам бо тамом кардани мактаби миёна ба факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, онро бо ихтисоси муаллими забони англисӣ хатм намуд.
Муҳаббати пешаи модар ӯро ба муассисаи таълимии рақами 1-и ноҳияи Файзобод овард, ки худ дастпарвари ин дабистон ва модар низ замоне омӯзгори ин макон буд. Кам не, 8 сол забони англисиро ба мактаббачаҳо омӯзонд ва имрӯз даҳҳо шогирдонаш, ки дар ин забон балад ҳастанд, бо ифтихор ӯро устоди хеш мехонанд.
Меҳри касби падар як муддат Шарқияро дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Файзобод соҳиби кору вазифа намуд. Аз ҳамин ҷо ба шуъбаи ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2016 онро бомуваффақият хатм намуд, ки ин муддат Шарқия Мақулшозода аллакай дар вазифаи эксперт-криминалисти калони ШВКД шаҳри Роғун иҷрои вазифа дошт.
— Ҳарчанд дар ҷавонӣ атрофи фаъолияти милитсия суханони пасту баланд зиёд шунида бошам ҳам, ин заррае муҳаббати маро ба ин пеша кам накард, — мегӯяд подполковники милитсия Шарқия Мақулшозода. — Гоҳе ки ӯ китоберо дар бораи милиса хонда тамом мекард, ҳатман ман ҳам онро рӯи даст мегирифтам. Мардию мардонагиро ман на танҳо дар симои падарам, балки дар гузори ҳамкорону ҳамкасбонаш зиёд кашф кардам.Замони даргириҳо аллакай духтари қадраси 16–17-сола будам. Медидам, ки умеди ҳама мардум ба милиса монда буд. Садҳо нафар ба имдод дари моро мекӯфтанду аз падарам ёрӣ ё маслиҳат мепурсиданд.
Шарқия ҳамон замон дарк мекард, ки осудагӣ ва низоми ҳар кишвар танҳо ба милитсия ва дигар сохторҳои ҳуқуқӣ вобаста ва ба дӯши онҳо масъулияти гароне бор аст. Ба рӯзгори зодмандон нигариста, фаҳм мебурд, ки милиса будан чӣ сон мушкил асту ҳамсари милиса будан, чи масъулияти бузурге дорад…
Ҳоло, ки шабу рӯз дар хидмат асту реҷаи муайяни корӣ надорад, падари зиндаёдаш пеши назару қаноатманд аз касби хеш аст. Ӯ ҳамоно дар ШВКД шаҳри Роғун вазифаи эксперт-криминалисти калонро ба зимма дорад. Яке аз иншооти муҳими аср, НБО «Роғун» дар ҳамин шаҳр бунёд шуда истодааст. Дар сохтмони Неругоҳ на танҳо аз ҳудуди ҷумҳурӣ, балки шаҳрвандони хориҷӣ низ иштирок мекунанд.
Шарқия ба ҷуз изи дастони онҳо қабл аз ба кор даромадан, боз ҳамчун донандаи хуби забонҳои русӣ ва англисӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ суҳбат ороста, онҳоро аз муҳити Тоҷикистони биҳиштосо ва рушди саноату сохтмони мамлакат ошно месозад. Ҳамчунин, дар доираи салоҳияти доштааш бо кормандони оперативии мақомоти милитсия дар ҳама гуна ҳодисаҳои ба вуқуъомада иштирок намуда, ташхиси криминалистӣ гузаронда, онро барои хулоса баровардан ба мақомоти болоӣ пешниҳод менамояд.
— Ҷойи пӯшида нест, ки омӯзгор будан ҳам бароям ифтихор буд, аммо ин касбамро бештар дӯст медораму содиқона онро анҷом медиҳам, — иброз медорад Шарқия Мақулшозода. — Падарам мегуфтанд, ки корманди милитсия, дар дилхоҳ вазифае набошад, масъулияти баландро бар дӯш дорад, онҳо хеле самимӣ ва меҳрубон ҳастанд, ҳарчанд дар назар бо тақозои кор ҷиддӣ менамоянд. Ман инро дар раванди солҳои корӣ пай бурдам. Ҳамкорони зиёдеро медонам, ки барои аксари мардум азизу қаринанд. Сари роҳ мебароем, мардум бо муҳаббат ба онҳо менигаранд, самимона салом медиҳанду ҳол мепурсанд…
Пеши бари бонуро нишонҳое чун «Аълочии милитсия», «Садоқат», «Корманд-зани беҳтарин дар МКД», «Милитсияи тоҷик», «Хидмати шоиста», «Аълочии маориф» зеб медиҳанд. Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи имсола бонуи соҳибфарҳанг дар озмуни «Забондон», ки миёни кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва ҷузъу томҳои он баргузор шуд, ширкат варзида, сазовори ҷойи ифтихорӣ ва сипосномаи вазири корҳои дохилӣ гардид.
— Подполковники милитсия Шарқия Мақулшозода байни кормандони ШВКД шаҳри Роғун мақоми шоиста дорад, — иқрор меояд мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИМҲД шаҳри Роғун Адиба Зоидова.
Рустами НАЗИР
шаҳри Роғун
Мубодила:
Шарҳҳо











