Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Садои адолат дар кӯҳистон
ҲуқуқДар миёни бонувони соҳибкасби тоҷик нафароне ҳастанд, ки фаъолияти онҳо берун аз доираи вазифаи хизматӣ рафта, ба рисолати воқеии инсонӣ табдил меёбад. Онҳо бо донишу таҷриба, меҳрубонӣ ва масъулиятшиносӣ зиндагии дигаронро низ рӯшан месозанд. Яке аз чунин занони фаъолу соҳибирода Манижа Юсуфӣ мебошад, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо хизмати содиқонааш миёни мардум обрӯманд гаштааст.
Аз нахустин лаҳзаҳои дидор эҳсос намудем, ки бонуи донишманд, хушмуомила ва дорои ҷаҳонбинии васеъ мебошад. Ҳар суханаш аз масъулият, ҳар андешааш аз муҳаббат ба мардум ва ҳар иқдомаш аз эҳсоси баланди шаҳрвандӣ шаҳодат медиҳанд. Барои ӯ вазифа танҳо ҷойи кор нест, балки василаи хизмат ба ҷомеа аст.
Дар Кӯҳистони Мастчоҳ шумораи бонувони дорои таҳсилоти олии ҳуқуқӣ ва идорӣ ҳанӯз зиёд нест. Аз ҳамин ҷост, ки фаъолияти Манижа аҳамияти бештар пайдо мекунад. Ӯ бо азму иродаи устувор ва эътимод ба қувваи худ тавонистааст миёни мардум ҳамчун ҳуқуқшиноси соҳибкасб ва бонуи ташаббускор шинохта шавад.Шиори дӯстдоштааш – «Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад…» – тамоми роҳи зиндагии ӯро таҷассум мекунад.
Аз роҳи тайкардааш ҳувайдост, ки Манижа Юсуфӣ пайваста дар ҷустуҷӯи дониш будааст. Соли 2010 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, соли 2016 таҳсилро дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дод. Бо ҳамин ҳам қонеъ нашуда, соли 2022 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро низ ғоибона хатм намуд.Барои ӯ дониш сармояест, ки ҳар қадар бештар бошад, ҳамон қадар хизмат ба мардум босифаттар мегардад.
Фаъолияти меҳнатиашро аз пешаи омӯзгорӣ оғоз кардааст. Се сол дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия ба хонандагон дарс гуфт. Аммо орзуи бештар ба ҷомеа манфиат расондан ӯро ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия овард.Солҳои фаъолият дар бахши кор бо занон ва оила барои ӯ таҷрибаи бузурги зиндагӣ гардид.
Маҳз дар ҳамин давра аз наздик бо рӯзгори занони деҳаҳои дурдаст ошно шуд. Ӯ медид, ки бисёр занон аз ҳуқуқҳои худ огоҳии кофӣ надоранд. Дар ҳалли мушкилоти оилавӣ, мерос, ҳуҷҷатгузорӣ ё дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ саргардон мешаванд ва ҳатто намедонанд ба куҷо муроҷиат намоянд ва ин воқеият духтараки деҳотро бетараф нагузошт.
Бо ташаббуси худу дастгирии бародараш ва мусоидати роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидои соли 2025 дар назди МИМҲД ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳуҷраи ҳуқуқшиноси давлатӣ таъсис дод. Имрӯз ин марказ ба яке аз ҷойҳои муроҷиати асосии сокинон, бахусус занону духтарон, табдил ёфтааст.
– Фаъолияти мо тибқи нақшаи Маркази ёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст, – мегӯяд Манижа. – Вале зиндагӣ ҳамеша масъалаҳои нав пеш меорад. Аксар бонувон бо мушкилоте рӯ ба рӯ мешаванд, ки танҳо ба як бонуи ҳуқуқшинос гуфта метавонанд. Мо мекӯшем, пеш аз ҳама, бо роҳи фаҳмондадиҳӣ, миёнаравӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мушкилотро ҳал намоем.
Ин гуфтаҳо танҳо як гузориши хизматӣ набуда, пушти онҳо сарнавишти даҳҳо оила, ашки модарон, орзуҳои духтарон ва талош барои ҳифзи муҳити солими оилавӣ меистад. Бо миёнаравии ӯ бисёр нофаҳмиҳои оилавӣ, аз ҷумла баҳсҳои байни келину хушдоман, бидуни муроҷиат ба суд ҳал шудаанд.
Ҳамзамон, Манижа пайваста дар деҳаҳои дурдасти ноҳия вохӯриҳои маърифатӣ мегузаронад. Ӯ дар бораи муқовимат ба коррупсия, ҳуқуқи инсон, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтироми забони давлатӣ, пешгирии савдои одамон ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа суҳбат ороста, моҳияти сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мардум тавзеҳ медиҳад.
Мавзуи дигаре, ки ҳамеша дар меҳвари фаъолияти ӯ қарор дорад, ин таҳкими оила мебошад. Ӯ мекӯшад, то ҷавононро ба эҳтироми ҳамдигар, масъулиятшиносӣ ва ҳалли мушкилот бо роҳи муколама ҳидоят намояд.
Дар баробари фаъолияти давлатӣ, Манижа аз зиндагии деҳот дур нест. Ҳар рӯзи истироҳатро дар замини падарӣ мегузаронад. Ба парвариши боғ, ҷамъоварии зардолу, омода кардани ғӯлинг ва дигар корҳои саҳро машғул мешавад. Ӯ заҳматро мояи шараф медонад ва бо ифтихор мегӯяд, ки маҳз меҳнати ҳалол зиндагии инсонро пурбаракат мегардонад.
Ин таҷрибаро ба дигар занон низ талқин месозад. Ба онҳо мефаҳмонад, ки дар баробари соҳиби касбу дониш будан, метавон бо кори хонаводагӣ низ дар беҳбудии иқтисоди оила саҳм гузошт. Сарфакорӣ, меҳнатдӯстӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои маҳаллӣ роҳи расидан ба зиндагии шоиста мебошад.
Имрӯз Манижа Юсуфӣ барои сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ танҳо ҳуқуқшиноси давлатӣ нест. Ӯ барои бисёр занон маслиҳатгар, барои ҷавонон омӯзгор, барои оилаҳо миёнарав ва барои ҷомеа намунаи бонуи фаъоли тоҷик маҳсуб меёбад.
Маҳз чунин занон исбот мекунанд, ки пешрафти ҷомеа танҳо бо сохтмони роҳу биноҳо не, балки бо тарбияи инсонҳои соҳибмаърифат, адолатпарвар ва меҳнатдӯст таъмин мегардад.
Вақте ба фаъолияти Манижа Юсуфӣ менигарем, ба ҳақиқати ин андеша мерасем: инсон, агар бо чашми ақл ба зиндагӣ нигарад, дар ҳар мушкил роҳи ҳал, дар ҳар душворӣ имконият ва дар ҳар хизмат саодати худро пайдо мекунад.
ОРАЗ,
Душанбе – Кӯҳистони Мастчоҳ – Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо










