БОЙГОНӢ

«    Январ 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

«Вақте ҳарф сари тақдири инсон меравад»

Ҳуқуқ

Ҳуқуқшинос шудани ӯ тасодуфӣ набуд. Ба истилоҳ, ин пеша ба Сайдабону «бо хун гузаштааст». Мегӯяд, ки зодмандон дар бораи адолатпешагии бобои прокурорашон Олимҷон Бобоев, ки пас аз солҳои инқилоб дар ин самт фаъолият намудааст, нақлҳо мекарданд. Бардошт аз хотираҳои калонсолон водораш сохт, дар интихоби касб тасмими ниҳоӣ гирад. Миёни 10 фарзанди хонавода касе ҷуръат накард, ки пешаи бобоиро касб намояд, вале Сайдабону бо азми қавӣ роҳи тайнамудаи боборо пеш гирифт…

 Бо роҳи бобо

    Дар интихоби касб, дар зиндагӣ ҳар нафар идеали худро дорад, ки барои расидан ба ҳадафҳои хеш ба ӯ пайравӣ менамояд. Агар ман ба бобои прокурорам пайравӣ намуда, ҳуқуқшинос шуда бошам, писарам Тошпӯлот завқ аз модар гирифта, ин пешаро ба худ муносиб донист.

 Замоне дар мактаб таҳсил менамуд, гоҳе бо сабабҳое ӯро бо худ ба коргоҳ оварда ва гоҳе иштирокчии мурофиаҳои судӣ мегардид. Шоҳиди ғалабаи адолат дар мурофиаҳо шуд, ки тасмимашро дар интихоби пеша тағйир надод. Ва ниҳоят аз пайи пешаи авлодӣ рафт, - иброз медорад Сайдабону Аминзода.

 Сайдабону бо хатм ёфтани имтиҳонҳои мактабӣ ба қиблагоҳаш аз орзуи дар оянда ҳуқуқшинос шудан сухан оғоз намуд. Падар, агарчи бо тақозои мушкилоти зиндагӣ ронандагиро касб карда буд, аз дидгоҳи илм бохабар буду пазироӣ ва эҳтиром аз аҳли дониш дошт. Тасмими духтари хурдӣ, ба қавле эркадухтараш ба падар хуш омад.

 Адвокат, прокурор ва судя бо тақдири инсон сарукор доранд. Бахусус, як иштибоҳи судя метавонад, ҳаёти шахсро то абад бисӯзад. Интихобат хуб аст, вале ба дӯш доштани масъулияти касбӣ ҷасорату матонат, мушкилнописанду адолатпарвар буданро тақозо мекунад. Ҳамаи ин рисолатро бо дониши комилу ақли солим метавон иҷро намуд. Имрӯз, ки ин роҳро пеш гирифтӣ, роҳат сафед бод, духтарам! - Бо ҳамин дуои падар барои супурдани ҳуҷҷатҳо ба Душанбе омадам, - ёд овард мусоҳибам.

 Сайдабону соли 1987 донишҷӯи шуъбаи ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин гардид. Таҳсил дар шуъбаи ғоибона завқи донишандӯзии ӯро қаноатманд накард, зеро ӯ ташнаи дониш буду мехост ғарқи олами илм бошад ва аз он баҳравар гардад. Фориғ аз таҳсил ду сол дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд чун коргузор ба хотири дарёфти собиқаи корӣ фаъолият намуд. Соли 1989 ба шуъбаи рӯзонаи факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ тариқи гузариш таҳсилашро идома бахшид.

 Соли 1993 бо хатм намудани Донишгоҳ ҳамчун адвокат ба фаъолият пардохтам. Муддате прокурори шуъбаи назорати судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии прокуратураи вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) будам.

 Фаъолиятам дар ҳокимияти судӣ аз соли 2000–ум оғоз ёфта, нахуст судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, судяи суди ноҳияи Спитамен ва баъдан муовини якуми раиси суди шаҳри Истаравшан шуда, кор кардам. Алҳол, дар Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ ифои вазифа менамоям, - иброз дошт Сайдабону.

Судя набояд хато кунад

 Дар Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2024 - Соли маърифати ҳуқуқӣ хеле бамаврид буд. Воқеан, аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ҳанӯз ҳам аҳолӣ саводи комили ҳуқуқӣ надоранд ва ин боиси вайронкунии қонун ва ё аз беэҳтиётӣ даст задан ба ҷиноят мегардад. «Барномаи нави таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2030», ки имрӯз мавриди амал қарор дорад, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми қонун дар ҷомеа ва тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром ба қонун нақши созанда дорад.

 Дар вохӯрӣ бо кормандони суд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Бо роҳандозӣ кардани чунин корҳо мо метавонем бисёр шаҳрвандонро аз кирдорҳои бад ва дар натиҷа аз маҳбасу маҳрумият раҳоӣ бахшем. Зеро вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо ба маҳбас кашидани мардум нест, балки вазифаи онҳо, инчунин, пешгирии ҷиноят, яъне аз маҳбас эмин доштани инсонҳо мебошад. Зеро дар паси ҳар як шахс як хонавода ва сарнавишту зиндагии ӯ қарор дорад».

Дар асоси қонунҳои амалкунанда шахси ҷинояткор бояд барои кирдори содирнамудааш ҷавоб гӯяд. Судяҳо бо ба инобат гирифтани нуктаҳои зикршуда дар рафти муайян намудани ҳолати ҷазо ва ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ аз моддаҳои сабуккунандаи кодексҳо кор мегиранд, - ироа медорад ҳамсуҳбатам.

Садоқат физояд

Сайдабону Аминзода мегӯяд, ки судя мебоист аз илм ва касбҳои гуногун ба худ маълумоте дошта бошад, зеро дар рафти мурофиаҳои судӣ гоҳе зарурат пеш меояд.

Бонуи таҷрибаандӯхта истифода аз маҳорати касбии худ замони фаъолияташ дар суди умумӣ бештар бо парвандаҳое, ки ба масъалаҳои оилавӣ иртиботдошта, зиёд рӯ ба рӯ омадааст. Ӯ мегӯяд, ки оила барои миллати тоҷик ҷойи муқаддас аст ва аз хатари парокандашавӣ эмин доштани он рисолати ҳар инсон мебошад. Бахусус, сари чунин парвандаҳо зиёд андеша мекард ва мекӯшид, то хонаводаҳо ба ҳам оянд. Роҳу воситаҳои гуногунро барои побарҷо мондани оилаҳо истифода намуд. Дар алоҳидагӣ волидони зану шавҳар ва наздиконашонро даъват намуда, маслиҳату насиҳат мекард.

 Гоҳе дар ҷое бо он хонаводаҳои баҳамомадаи тифоқу хушбахт вомехӯрам ва аз миннатдории онҳо ба истилоҳ «сарам ба осмон» мерасад. Воқеан, тавассути пеша кори хайреро анҷом дода, ҳосили онро дар чеҳраҳои шодон мебинӣ, муҳаббату садоқат ба касб бештар меафзояд, - иброз медорад Сайдабону Аминзода.

Қутбия НЕЪМАТУЛЛО

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 49)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон