Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бонувони шуҷои ватан
ҲуқуқСамимияту садоқат аз зеботарини хулқу атворест, ки зевари занони покдомону ростин аст. Маҳз бо ташаккули ҳамин хислатҳои наҷиб ҳар бону метавонад фотеҳи баландтарин қуллаҳои фаъолият бошад. Зарбаҳои зиндагиро мардонавор ҷигардорӣ карда, сарбаландона пасту хами роҳи пурпечутоби рӯзгорро тай намояд.
Дар ҷомеаи муосир, зан на танҳо модар ва сарчашмаи ҳаёт, балки муҳаррики пешбарандаи зиндагист. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа сафи бонувон дар мақомоти корҳои дохилӣ рӯзафзун мешавад.
Бонувони Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, бо накутарин сифатҳои инсонсоз, аз қабили ростиву поквиҷдонӣ, садоқату муҳаббат ба Ватан тавонистаанд сазовор будани худро ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Ҳукумати кишвар исбот созанд.
Бонувон дар Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бо маҳорати касбӣ ва матонату мардонагӣ дар ҳифзи сулҳу субот, амнияти шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ ҷони хешро сипари Ватан кардаанд. Малакаҳои ҳарбиро дар амалиётҳои махсуси таълимӣ, аз ҷумла барои озод намудани гаравгонон ва безарарсозии ҷинояткорони хавфнок пайваста сайқал дода, собит менамоянд, ки онҳо дарвоқеъ метавонанд ҳомиёни барҳақи оромию субот ва ҳаёти осудаи шаҳрвандони Тоҷикистони азиз бошанд.
Имрӯз дар воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ зиёда аз 65 нафар бону фаъолияти назаррас ва шоёни таҳсин дорад.
Онҳо на танҳо дар корҳои идорӣ, балки дар дигар сохторҳои муҳим, ки бори он асосан бар дӯши мардон буд, заҳмат мекашанду ному нон меёбанд. Зиёд гардидани шумораи занони кордону содиқ ба савганд ва дорои масъулияти баланд дар ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД амри воқеӣ хоҳад буд, зеро баҳри фаъолияти онҳо аз тарафи Ҳукумати кишвар тамоми шароитҳои муҳим муҳайё гаштаанд.
Сардори қисми молияи Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД ҶТ Таҳмина Ҳамидзода аз шумори он бонувонест, ки бо ҳисси муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба савганди ҳарбӣ дар ин ниҳоди пурқудрат фаъолияти назаррас дорад. Таҳминабону солҳост, ки масъул ва сарсупурдаи кори хеш асту бо фурӯтаниву оромии ба худ хос маҳбуби ҳампешагон гаштааст.
Махфират Алиева ҳамчун фариштаи наҷотбахш дар Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ маҳбубу дӯстдошта аст. Ӯ сардухтури ин ниҳод асту бо хилъати сафед ҷӯёву шифобахши ин ҳомиёни Ватан аст, ки дар ин ниҳод фаъолият мебаранд.
Нозири калони гурӯҳи кадрҳои дастаи таъиноти махсуси милитсияи РВТМ ВКД Нигора Маҳмадализода, ки бо ҳисси баланди дӯстдориву арҷгузорӣ ба ҳар кафи хоки Ватан ин касби пуршарафро интихоб кардааст, бо тарзи корбарии одилонаву нозукона, ки хоси занҳост, шоистаи эҳтироми ҳамкасбон аст.
Маркиза Бобозода аз зумраи бонувонест, ки савганди ҳарбиро бузургтарин муқаддасоти худ медонад ва пайи хизмат ба Ватан ва иҷрои уҳдадориҳои хеш ҳамеша омодаву пешгом аст. Дар Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ вазифаи сардори котиботро ба уҳда дораду бо дарки баланди масъулият ифтихор аз либоси низомии хеш мекунад.
Нозири калони гурӯҳи алоқаи дастаи таъиноти махсуси РВТМ ВКД Ҳусноро Шарипова аз хурдӣ дар вуҷуди хеш сиёсат ва ғурури баландро тарбият менамуд. Дар касби интихобкарда хато накард. Бо вуҷуди аз ҷинси латиф буданаш, бо виқору шуҷоат аз уҳдаи вазифаҳои бардӯшдошта баромада, дар оромишу сулҳи сартосарӣ андаке ҳам бошад, саҳм мегирад.
Имрӯз, бо тақозои замон, дидани занон дар паси чанбараки мошин як амри маъмуливу табиист. Аммо бонуи нозукпайкару сарвқомат, ки мошини зереҳпӯшро идора карда тавонад, аз баландии мақому манзалат ва бузургиву матонати зани тоҷик дарак медиҳад. Манижа Ҷумаева аз шумори ками чунин бонувон аст. Ӯ ҳамчун механик, ронандаи мошинҳои зиреҳпӯши таъиноти махсуси милитсияи РВТМ ВКД фаъолият мебарад.
Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҳудуди ҷумҳурӣ дастаҳои таъиноти махсуси миллитсия амал мекунанд, ки саҳми бонувони шуҷои Ватан дар ин ниҳод шоёни таҳсин аст.
Беҳтарин ва арзандатарин хислати занон - поктинатию инсондӯстӣ, нексириштию фарҳангпарварӣ, созандагию заҳматписандӣ ва эҳсоси волои ватандӯстию ифтихори ватандорист. Ҳар як зан - корманди сохторҳои қудратӣ дар арсаи кори худ шоистаи ҳама гуна эҳтирому сипос буда, таҷассуми хираду маърифат, одобу ахлоқи ҳамида, ободиву пешрафти фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ мебошад, ки таҳти ҳимояи давлату Ҳукумат ва воҳидҳои дахлдор қарор дораду дар сулҳу субот ва осоиштагии Тоҷикистони азиз ҷони худро сипар хоҳад кард.
Мафтуна НАЗИРОВА