БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Пурсишеро посухе

Ҳуқуқ

Дар Шаҳодатномаи таваллуди кӯдак метавонад танҳо ном ва насаб бидуни қайди номи падар сабт гардад?

 Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷи¬кистон дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият сабти насаб ва ном ҳатмӣ буда, дарҷ намудани номи падар ҳатмӣ нест. Яъне, шаҳрвандон метавонанд фақат насаб ва ном дошта бошанд. Аммо, баъзан ин меъёри қонун нодуруст фаҳмида шуда, дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ҷойи насабро холӣ гузошта, ҷойи ном ва номи падар пур карда мешавад. Масалан, ҷойи насабро холӣ гузошта, номро дар ҷойи худ ва дар сутуни номи падар насабро менависанд, ки чунин тарзи номгузорӣ нодуруст аст, зеро дар шаҳодатномаи таваллуд ва дигар ҳуҷҷатҳо аввал насаб, сипас ном навишта мешавад. Агар шахс «номи падар» надошта бошад, дар шаҳодатномаи таваллуд ё шиноснома бояд ҷойи «насаб» ва «ном» мутобиқан пур карда шуда, ҷойи «номи падар» холӣ гузошта шавад.

 Шаҳодатномаи таваллуди кӯдакро, агар падар ё модар шахсан гирифта натавонанд, барои гирифтани он метавонанд хешовандони наздик муроҷиат намоянд?

- Мутобиқи талаботи қисми 2 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дар сурате, ки агар падару модар (яке аз онҳо) имконияти шахсан додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдакро надошта бошанд, ариза аз ҷониби хешовандони яке аз падару модар ё шахси аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) ваколатдоршуда, мақомоти васоят ва парасторӣ, ё ки шахси мансабдори муассисаи тиббӣ, ки кӯдак дар он ҷо таваллуд ёфтааст ва ё аз тарафи шахси мансабдори муассисаи дигаре, ки модар дар давраи таваллуд дар он ҷо буд ва ё кӯдаки таваллудшуда дар он ҷо қарор дорад, дода мешавад.

Зайнаб Раҳимова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ:

 Андозаи маблағи алиментро кӣ ва чӣ гуна муқаррар менамояд?

- Тибқи талаботи моддаи 105 Кодекси оила, усул ва тартиби пардохти алимент тибқи созишномаи пардохти алимент тавассути ин созишнома муайян мегардад. Алимент ҳамчун ҳисса аз маош ва ё дигар даромади шахсе, ки бояд алимент супорад, бо маблағи устувори пулӣ вақт-вақт ё якдафъаина, бо усули додани молу мулк ва дигар усулҳо, ки дар бораи он созиш баста шудааст, пардохта шуда метавонад.

Дар созишномаи пардохти алимент якчанд усулҳои пардохти алиментро пешбинӣ кардан мумкин аст. Андозаи алименте, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад, аз ҷониби тарафҳо дар ин созишнома муайян карда мешавад. Андозаи алименте, ки мувофиқи созишномаи пардохти алимент барои кӯдакони ноболиғ муқаррар карда мешавад, аз андозаи алименте, ки онҳо ҳангоми ба тартиби судӣ ситонидани алимент гирифта метавонистанд (моддаи 81 Кодекси оила) камтар буда наметавонад.

СИМИН

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 11)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон