Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Орзуҳои Сайёра
ҲуқуқБаҳори бедории фикраш ба замоне рост омад, ки дар баробари оғози раванди рушду барқарорсозии унсурҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳамзамон фаъолияти соҳаҳои фарҳангу маориф дар маркази маъмурии Хатлон аз нав эҳё гардида, таваҷҷуҳу рӯҷӯи бесобиқаи наврасону ҷавонон ба мактабҳои типи нав, китобхонаву осорхона, марказҳои омӯзиши илмҳои муосир ва маҳфилҳои адабиву ҳунарӣ аз оғози як таҳаввулоти бузурги мадании кишвар дарак медод.
Сайёра Маҳмадова — парвардаи даври ривоҷу равнақи илму фарҳанги Бохтаршаҳри имрӯза, аз овони узвият дар созмонҳои мактабиву гурӯҳҳои волонтёрии соҳаи кор бо ҷавонон дар дил орзӯи ҳуқуқшинос шудан дошт. Азми иштирок дар маҳфили зарифон — «Мањзар», ӯро ба дастаи номдори «Левакант»-и Бохтар овард, ки ин гурӯҳи номбардори вилоят дар рушди маҳорату роҳкушоии истеъдодҳои ҷавон ба шоҳроҳи ҳунарҳои касбӣ ва саҳнаҳои бузурги театру синемо нақши муҳим дошт.
Дар он солҳо, новобаста ба маҳдудиятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки ҷомеа ҳамакнун бар масири созандагиҳо ворид шуда буд, аз шумори барзиёди хоҳишмандон маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ дар ду баст фаъолият мекарданд.
– Насли мо, дар баробари таҳсили хубу аъло ва пешоҳангӣ дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, ба хотири баҳрамандӣ аз ғизои маънавӣ ба театру қасрҳои фарҳанг мерафтанд, – аз гузашти айём қисса оғоз дошт Сайёра. – Дар баробари фаъолияти густурдаи рукнҳои фарҳангӣ, ки ба маърифатнокиву бедор намудани ҳисси худшиносии ҷавонон мусоидат мекард, санъати суханварӣ миёни наврасону ҷавонон ривоҷ пайдо карда буд, ки аксарияти ҳамсолони мо назди ровиёни касбӣ ва устодони илми адаб дарси нутқ меомӯхтанд.
Боре зимни такрори машғулиятҳои хонагӣ падари равоншодам таъкид дошт, ки барои ҳуқуқшиноси хуб шудан бояд аз ҳоли ҳозир малакаи суханвариро дар худ сайқал диҳам. Ба бахти ман, рӯзе масъулони шабакаи навтаъсиси Телевизиони мустақили Қӯрғонтеппа ба мактаби мо ташриф оварда, истеъдодҳои наврасро барои ҳамкорӣ даъват намуданд. Баъди санҷиши маҳорати суханварӣ, қироати табрикотии ба муносибати оғози фаъолияти телевизиони мазкурро ба ман вогузоштанд ва ҳамин тавр, минбаъд ба ҳайси корманди волонтёр барномаи телевизионии «Хоби ширин, хурдтаракон»-ро пеш бурдам.
Фаъолияти волонтёрӣ дар соҳаи телевизион ба ӯ имкон дод, ки дар баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва, умуман, рушди зеҳниву сайқал бахшидани маҳорати суханварӣ, ҳамвора бо ҳамсолонаш аз дигар шаҳру ноҳияҳо робитаи дӯстӣ пайдо намояд. Соли 2001 Литсейи давлатии №1-уми шаҳри Бохтарро хатм карда, ба факултети таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав дохил шуд. Ба хотири дастёбӣ ба ҳадафу ормонҳои ҷавонӣ, фориғ аз машғулиятҳои донишгоҳӣ дар телевизиони шаҳрӣ фаъолият бурда, ҳамчун рӯзноманигори касбӣ обутоб ёфт.
Баъди издивоҷ аз соли 2005 дар ноҳияи Восеъ зиндагӣ ихтиёр намуда, то соли 2012 омӯзгори Гимназияи давлатии №1-уми ноҳияи Восеъ шуда кор кардааст. Аз он ба баъд ба симати машваратчӣ, ҳуқуқшинос ва дигар вазифаҳои роҳбарии якчанд созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳамчунин мутахассиси пешбари Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон фаъолият дошта, аз соли 2017 ҳуқуқшиноси Созмони ҷамъиятии «Дилафрӯз»-и вилояти Хатлон мебошад.
Созмони ҷамъиятии «Дилафрӯз» аз соли 2017 лоиҳаи «Хизматрасониҳои иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва оилаҳои осебпазири муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб»-ро амалӣ намуда истодааст. Маркази мазкур аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда, фаъолияти он ба баланд бардоштани мавқеи шаҳрвандӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ, экологӣ, фарҳангиву тиббӣ ва расондани кӯмакҳои таълимиву машваратӣ, моддиву маънавӣ ба сокинон, аз ҷумла маъюбон ва ба дастгириву инкишофи тиҷорату соҳибкории онҳо равона карда шудааст, – иброз медорад Сайёра Маҳмадова.
– Хизматрасониҳои мо ройгон буда, бештари муроҷиати шаҳрвандон ба масъалаҳои ҳуқуқ ба моликият, маскун шудани як ҷониб зимни ҷудошавии оилаҳо, ситондани алимент ва ё дар мавриди зӯроварӣ дар оила қарор гирифтани занону кӯдакони ноболиғ рабт дорад. Мусаллам аст, ки каму зиёд шудани ҳолатҳои зӯроварӣ ба вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа вобастагӣ дорад. Солҳои охир на танҳо занону кӯдакони ноболиғ, ҳатто мардон ҳам аз поймол шудани ҳуқуқҳояшон аз ҷониби ҳамсарони онҳо ва падару модарон аз ҳолатҳои зӯроварии фарзандон нисбат ба онҳо ба ҳуқуқшинос ва равоншиносони марказҳои машваратдиҳӣ муроҷиат карда истодаанд.
Дар нимсолаи аввали соли равон ба Маркази «Хизматрасониҳои иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва оилаҳои осебпазири муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб» 89 нафар муроҷиат кардааст, ки аз ин 19 нафараш мард мебошад, ки зери хушунати хонаводагӣ қарор гирифтааст.
– Муроҷиатҳо дар мавриди зӯроварӣ дар оила хусусиятҳои гуногун дошта, мутаассифона, ҳатто баъзе шаҳрвандони солманд ҳам аз ноогоҳӣ барои дидори фарзандони ноболиғ бо зодмандони алиментсупоранда мухолифат нишон медиҳанд, ки ин ҳам хушунат арзёбӣ мегардад. Ҳамчунин ҳолатҳои мавриди хушунати равонӣ қарор гирифтани падару модарон аз ҷониби фарзандонашон ва ё баръакс, зӯроварии падару модарон нисбат ба фарзандони ноболиғ зиёд мушоҳида мешавад, ки ин боиси нигаронӣ аст.
Ба андешаи ҳуқуқшинос, иллати нобасомониҳои оилавӣ аз сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва коста гардидани ахлоқи шаҳрвандон дарак медиҳад. Барои пешгирӣ аз ин равандҳои носолим мебояд, илова бар тамаркузи ҷиддии падару модарон ба илму ҳунаромӯзии фарзандон, ҳам маҳфилу омӯзишҳои шавқовар, фестивалу озмун ва мусобиқаҳои гуногунро ҷиҳати рушди зеҳниву маънавияти ҷавонон бештар ташкил кард.
Бетаваҷҷӯҳӣ ба таълиму тарбияи фарзандон ва камсаводиву ноогоҳона ворид шудани насли ҷавон ба шабакаҳои иҷтимоӣ боиси гумроҳиву бадбахтӣ ва фоҷиаҳои нангин мегардад, – андешамандона изҳор дошт Сайёра Маҳмадова. – Бинобар ин, масъулияти муҳими шаҳрвандӣ барои меросбарони илму фарҳанги тамаддунофар аст, ки дар пешорӯи равандҳои хатарзои ҷаҳони муосир, бо ҳушмандиву зиракӣ ва огоҳӣ аз ҳаводиси рӯзгор воситаҳои пешрафти ҷаҳони муосир, ба вижа технологияҳои коммуникатсиониро оқилона истифода бурда, баҳри ободиву пешрафтҳо ва муаррифии миллати худу Тоҷикистони соҳибистиқлоламон дар арсаи байналмилалӣ ҳиссагузор бошем.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
вилояти Хатлон
Мубодила:
Шарҳҳо
