Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Арзишмандтарин дастовард
ҲуқуқКонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6 – уми ноябри соли 1994 қабул шуда, ба он 26-уми сентябри соли 1999, 22 - юми июни соли 2003 ва 22 - юми майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
- Нахуст сухане чанд дар бораи аҳамияти таърихии Конститутсия мегуфтед?
- Қабули Конститутсия дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди сарнавиштсоз, муайянкунандаи масири рушди устувор ва шукуфоии Ватани азиз маҳсуб мегардад. Аҳамият ва бузургии ин санади муҳими таърихӣ дар он аст, ки он бори аввал аз ҷониби сокинони кишвар бо роҳи озодонаи майлу иродаи ҳар як шаҳрванди мамлакат қабул шудааст. Он арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар охири асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти мамлакат ҳақиқатан воқеаи таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Он бо роҳи демократӣ қабул шуда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ менамояд. Дар он шакли идоракунӣ, сохтори давлатӣ ва реҷаи сиёсӣ муайян шуда, давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон баён гардидааст.
Хусусияти фарқкунандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки он аввалин маротиба усули таҷзияи ҳокимиятро пешбинӣ карда, волоияти меъёрҳои Қонуни асосӣ ва бартарияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар намудааст. Дар он нахустин маротиба сухан дар бораи вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд меравад, ки барои конститутсияҳои пешина ин мафҳум бегона буд.
-Ҳангоми таҳияи он кадом конститутсияҳои давлатҳои ҷаҳон ба назар гирифта шуданд?
- Ҳангоми таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 комиссияи конститутсионӣ таҷрибаи ҷаҳонии таҳияи қонунҳои асосии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонро мавриди омӯзиш қарор доданд. Аз ҷумла, конститутсияҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Швейтсария, Туркия, Федератсияи Россия, Италия ва Франсия ба назар гирифта шуданд, ки дар сохтор ва мазмуни бахшҳои асосии конститутсионӣ (ҳуқуқи инсон, низоми идоракунии давлат ва ғайра) таъсир расондаанд.
Бояд гуфт, ки дар таҳия ва минбаъд ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ҳар як конститутсияҳои давлатҳои болозикр, аз ҷумла кишварҳои ҳамсоя Ӯзбекистон, Қазоқистон низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
-Дар бораи зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсия мегуфтед..
Омилҳои зиёде тақозо намуданд, ки ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардад. Барои мисол, рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Ин тағйиротҳои Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунанд.
Дуюм: тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат менамояд.
Сеюм: таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, мукаммалу самаранок гардондани низоми мақомоти давлатӣ, фаъолияту ҳамкориҳои байниҳамдигарии онҳо.
Чорум: бо дарназардошти рушди забони давлатӣ, баинобатгирии қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, зарурат пеш омад, ки матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истилоҳҳо ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонда шуда, вожаву таркибот тибқи меъёрҳои он дақиқ навишта шаванд.
Панҷум: зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ин ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Тағйироти пешбинишуда имкон медиҳанд, ки меъёрҳои Конститутсия бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ амал намуда, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ва рушд ёбанд.
Омилу равандҳои зикргардида тақозо намуд, ки тағйиру иловаҳои зарурӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шаванд, то ки ҷомеа ва давлати Тоҷикистон боз ҳам таҳкиму такмил ёбад.
- Дар моддаи 36 омадааст, ки ҳар кас ба манзил ҳуқуқ дорад…?
- Ҳуқуқ ба манзил яке аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ дар соҳаи иҷтимоӣ мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 36) муқаррар шудааст, ки ин ҳуқуқ бо роҳи амалӣ сохтани сохтмони манзили давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва инфиродӣ таъмин карда мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон ҳуқуқи худро ба манзил бо роҳи сохтмони давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва инфиродӣ таъмин карда метавонанд Сохтмони давлатии манзил аз ҷониби давлат ба амал бароварда шуда, он ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд тақсим карда мешавад. Сохтмони ҷамъиятӣ аз ҳисоби корхонаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, амалӣ мегардад. Сохтмони кооперативӣ аз воситаҳои пулии шаҳрвандон, ки дар кооперативҳои сохтмонии манзил муттаҳид шудаанд, амалӣ карда мешавад. Сохтмони инфиродӣ аз ҳисоби воситаҳои пулии ҳар шаҳрванд бо мақсади иқомати минбаъда дар он сурат мегирад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминот бо манзил асосан бо роҳи ҷалб кардани воситаҳои пулии давлатӣ, шаҳрвандон, ташкилот ва корхонаҳо барои сохтмони манзил ба амал меояд. Ашхоси барои гирифтани манзил дар назди мақомоти маҳаллӣ дар навбат истода аз ҳисоби фонди давлатии манзил бо хона таъмин карда мешаванд.
Ташкилоту корхонаҳои фонди манзилӣ дошта кормандони худро мувофиқи тартиботи муқарраркардаи қонун бо манзил таъмин мекунанд. Агар онҳо фонди махсуси манзилӣ надошта бошанд, коргарон ва хизматчиёнро вобаста ба имкониятҳои мавҷуда бо манзил таъмин менамоянд.
Дилором Абдураҳимзода соли 1993 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, фаъолияти хешро дар Прокуратураи ноҳияи Роҳи оҳан (ҳозира ноҳияи Шоҳмансур)- и шаҳри Душанбе аз коромӯзи ёрдамчии калони прокурор оғоз намуда, баъдан то моҳи октябри соли равон дар Суди вилояти Хатлон (минтақаи Кӯлоб), Судҳои шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Шоҳмансур, ноҳияи Фирдавсӣ, Суди олӣ ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои судя ва муовини раис ифои вазифа намудааст.
Ибтидои моҳи октябри соли 2025 бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардидааст (2014).
Рустами НАЗИР
Мубодила:
Шарҳҳо











