БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҳифзи ҳуқуқу озодии занон дар конститутсия

Ҳуқуқ

Мусаллам аст, ки баъди ташкилёбии Тоҷикистони Шуравии Сотсиалистӣ ва ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар кишвар панҷ маротиба, солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул шуааст. Агар чор Конститутсияи аввали замони шуравӣ аз ҷониби мақомоти олии намояндагӣ қабул шуда бошад, Конститутсияи охирон замони истиқлол тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст ва он дар таърихи давлатдории тоҷикон нахустин санади олии меъёрии ҳуқуқиест, ки ҳамраъйии халқи тоҷикро бевосита ифода мекунад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 48-уми Маҷмаи кулли СММ аз 30-юми сентябри соли 1993 иброз доштанд, ки дар Тоҷикистон таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав идома дорад ва дар он ҳамаи масъалаҳои ба таъмини ҳуқуқҳои инкорнашавандаи инсон дахлдор ба эътибор гирифта мешаванд.

Сарфи назар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ ва сиёсии кишвар бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи калони мутахассисону коршиносон дар моҳҳои сентябр-октябри соли 1993 ба кишварҳои хориҷа, аз қабили Швейтсария, Туркия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои омӯзиши таҷрибаи конститутсионӣ фиристода шуданд. Аъзои гурӯҳи корӣ тавонистанд, ки дар он беҳтарин дастовардҳои таърихи конститутсионализми мамолики мутараққӣ, таҷрибаи байналмилалии инкишофи демократия ва падидаҳои он, принсипҳои умумии байналмилалӣ ва консепсияи ҳуқуқи фитриро инъикос намоянд ва дар натиҷа Конститутсияи мазкур аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд гирифта, ба қатори панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон ворид гашт. Бо назардошти ин, бо боварии комил метавон гуфт, ки баргузор кардани маъракаи раъйпурсӣ дар соли 1994 яке аз намунаҳои барҷастаи қаҳрамонӣ ва маҳорати баланди сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Конститутсияи амалкунанда дар тафовут аз қонунҳои асосии пешинаи кишвар нахустин конститутсияест, ки бевосита аз ҷониби халқ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Бо қабули Конститутсия ҳамраъйии аксари аҳолии тамоми маҳаллу минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон маълум гардида, заминаи ваҳдати миллӣ гузошта шуд. Қабули Конститутсия дар роҳи ваҳдату ягонагӣ ва побарҷоии давлати соҳибихтиёри тоҷикон заминаи устувор гузошт. Ғайр аз ин, Конститутсияро ҷонибдорӣ кардани аксари мардуми кишвар ифодагари боварию эътимоди онҳо ба Сарвари давлат ва сиёсати пешгирифтаи ӯ буд.

 

Шоёни зикр аст, ки 6-уми ноябри соли 1994 дар як вақт бо қабули Конститутсия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин бор бевосита аз ҷониби халқ ҳамчун Президенти кишвар – Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) интихоб гардид ва бо ин интихоби тақдирсоз роҳи дурахшон ва ваҳдату якдилии миллат муайян карда шуд. Миллати тоҷик маҳорати роҳбарӣ ва кордонию сиёсатмадории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ду соли Раиси Шурои Олӣ буданаш эҳсос намуда, ӯро Президенти кишвар интихоб кард.

Дар замони истиқлол таъмини воқеии баробарҳуқуқии мардону занон ва кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо дар қонунҳои соҳавӣ, ки такмилдиҳандаи меъёрҳои конститутсионӣ мебошанд, боз ҳам мустаҳкам гардонда шуданд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба зарурати таҳкими оила ва бунёди муносибатҳои оилавӣ, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои уҳдададориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос ёфтааст.

Аз ин хотир, бо мақсади таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва идоракунии давлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо баҳри баланд бардоштани мақом ва манзалати зан баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.

Боиси хурсандист, ки дар соли бузургдошти оила бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №801 аз 30.12.2015 Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Мақсади қабули Консепсияи мазкур – таҳкими мавқеи оила дар ҷомеа ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ мебошад.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ яке аз аввалинҳо шуда як силсила санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ-Конвенсия «Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак» -ро ба тасвиб расонд. Хушбахтона, аз 19-уми марти соли 2013, № 954 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» низ қабул гардид, ки тағйироти ҷиддиро дар ҳаёту амнияти оиладорӣ ва ҳуқуқу имкониятҳои аъзои оила ба миён меоварад.

Қадршиносии заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муқаддас донистани Конститутсия аз ҷониби мо ва наслҳои оянда, пеш аз ҳама, дар риояи иҷрои бемайлони меъёрҳои Қонуни асосӣ ифода мегардад.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи амалии сиёсати мамлакат оид ба иштироки занон дар фаъолияти сиёсии давлат, пиёда намудани дастуру нишондодҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлатӣ, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва иштироки онҳо дар ҳалли мушкилоти ҷомеа минбаъд низ тадбирҳои амалӣ меандешад.

Дар марҳалаи имрӯзаи таҳдидҳои замони муосир баҳри сомон бахшидан ба рисолати меҳварии хеш, татбиқи амалии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлатӣ, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон минбаъд низ кӯшиши бештар намуда, дар таҳкими давлату давлатдориамон саҳми бештар мегузорем.

                                         Мунира АБДУЛЛОЗОДА

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 6)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон