Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Диловара Абдуллозода: «Пешаи нотариус одӣ нест»
ҲуқуқТо расидан ба ҳадафи ниҳоии хеш, ки орзуи фаъолият дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дошт, пайроҳаи пурпечутоби зиндагиро осон тай накард. Пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз намуд. Оиладориро волидонаш номи неки хонавода гуфта, дар давраи донишҷўӣ Диловараро ба хонаи бахт гусел карданд.
Барои ў таваллуди ҳар фарзанд чун ҳадияи Илоҳӣ буд ва хушбахтии хонаводагиро дар тарбияву ба воя расондани тифлаконаш донист. Муддате дар боғчаи бачагона мураббия ҳам шуд, то дар баробари фарзандони хеш кўдакони мардумро низ парасторӣ намояд.
- Баъди хатми Донишгоҳ корро дар бойгонидории идораи нотариалии давлатии вилояти Суғд сар кардам. Дар раёсати адлияи вилоят ҳамчун мутахассиси пешбари кори нотариат заҳмат кашидам. Соли 2021 дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ муовини сардори раёсат оид ба бақайдгирии ташкилотҳои ибтидоии ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ кор кардам. Аз соли 2023 ҳамчун нотариуси калони давлатӣ фаъолиятамро дар нотариуси шаҳри Бўстон идома бахшидам.
Ҳар пеша мушкилии худро дорад. Кори нотариус ҳам дар назари аввал осон менамояд ва ҳатто баъзан шаҳрвандон мегўянд, ки барои тафтиш ва корбарӣ бо ҳуҷҷатҳо вақти зиёде масраф намешавад, вале кори нотариус одӣ нест ва рисолати нотариус бо гузоштани муҳр ба ҳуҷҷат хотима намеёбад, - иброз медорад Диловара Абдуллозода.
Ў мегўяд, ки дар сурати набудани баҳсҳо байни тарафҳо, ки ҳангоми суҳбат бо шаҳрвандон муайян мегардад, амалиёти нотариалӣ гузаронда мешавад. Яъне, бевосита кори нотариус бо шаҳрвандон ва ҳам ҳуҷҷатҳо алоқаманд мебошад.
Аз ин хотир, нотариус бояд дорои чунин хислатҳо, аз қабили қобилияти дарки амиқ ва гўш карда тавонистани ниёзмандон, хушмуомилагӣ, хоҳиши ёрӣ расондан ба шахс бидуни пинҳон кардани ягон ҷузъиёт ва нозукиҳои ҳуқуқӣ бошад. Ҳамчунин, то андозае чун равоншинос тавонад аз умқи қалби шаҳрвандон бохабар шуда, мушкилашонро осон намояд. Тартиби кор бо ҳуҷҷатҳо дақиқкориро тақозо дорад, омўзиши доимии тағйироти қонунгузориҳо муҳим аст, зеро нотариус бояд аз навтарин пешрафтҳои соҳаи ҳуқуқ бохабар бошад.
Дар шароити имрўза, ки технологияи муосир босуръат рушд дорад, нотариусро зарур меояд, ки аз нозукиҳои технологияҳои иттилоотӣ огаҳ гардида, навовариҳову навгониҳои касбро пайваста омўзад. Дар ҷараёни фаъолият корафтодагонро низ раҳнамоӣ бояд намуд, то дар истифода аз технологияи муосир фаъол бошанд. Ба мисоле, ки бе огаҳӣ аз технологияи навин тариқи онлайн пардохтани маблағи қарзҳои андоз ва боҷи давлатӣ ғайриимкон мегардад.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва иттилоот дар қонунгузориҳои давлатҳои дунё зарурати тағйирот ворид намудан ба миён меояд, ки чунин раванд дар самти ҳуқуқии кишвари мо низ роиҷ аст. Аз ин хотир, Диловарабону бештар вақти худро ба омўзиш ва такмили маҳорати касбӣ равона месозад. Ба андешаи ў, маълумоти муфассалро метавон аз иштирок дар семинару конфронсҳои ҳуқуқӣ, ва, ҳамчунин, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сари ҳар вақт мутахассисонро ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб менамояд, гирифт.
- Ҳар рўз даҳҳо нафар барои корҳои шахсӣ, баъзеҳо барои омода намудани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати амалӣ сохтани фаъолияти касбӣ, инчунин, гирифтани маблағҳои қарзӣ аз бонк, ваколатнома барои идора кардани мошин, маълумотномаи розигии падару модар бо мақсади сафари фарзандони ноболиғ ба кишвари хориҷӣ ва дигар масъалаҳои гуногун ба идораи нотариалии шаҳри Бўстон муроҷиат менамоянд.
Мутаассифона, аз надонистани ҳуқуқҳо ва риоя накардани қонунгузорӣ гоҳе байни нотариус ва шаҳрвандон нофаҳмиҳо рух медиҳанд. Дар ин сурат, нотариус ба шаҳрванд ёрии ҳуқуқӣ расонда, зарурати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ё муроҷиат ба судро мефаҳмонад. Масалан, масъалаи баҳсбарангези тақсими мероси волидон, ки солҳои охир яке аз мушкили асосӣ байни фарзандон гаштааст, аксар тариқи судӣ ҳалли худро меёбад. Албатта, риояи волоияти қонун ҳатмист, вагарна ин ҳама аксуламали манфиро ба бор меорад, - мегўяд Диловарабону.
Подполковники адлия, мушовири адлияи дараҷаи 2-юм, нотариуси шаҳри Бўстон Диловара Абдуллоева аз иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид ва дар доираи он дониши ҳуқуқии шаҳрвандон то ҳадде боло гирифт, изҳори хушҳолӣ намуд. Сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо гузарондани вохўрию чорабиниҳо байни аҳолӣ шаҳрвандонро барои азхудкунии ҳуқуқҳояшон ва донистани нозукиҳои муроҷиат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус нотариусро талқин намуданд.
- Вақте шаҳрвандон аз маърифати ҳуқуқӣ бархўрдоранд, кори нотариат ҳам осон мешавад. Боз меоем, сари тақсими мероси волидон, ки солҳои пешин фарзандон аз даъво даст мекашиданд ва иддаои молу мулки меросӣ намекарданд. Мавзуи суҳбати мо бештар сари ҳамин масъала бо шаҳрвандон сурат мегирад, зеро аксар вақт ҷанҷоли аъзои хонаводаҳо барои тақсими мероси волидон сар мезанад. Дар рафти вохўрию чорабиниҳо мефаҳмонем, ки замони дар қайди ҳаёт будан падару модарон бояд васиятнома гузоранд, то дар оянда байни фарзандон нофаҳмӣ сар назанад, - меафзояд ҳуқуқдон.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,
Душанбе – Бўстон - Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо










