Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Садафе пур аз гуҳар
ҲуқуқПас аз шиносоӣ бо муовини раиси ноҳияи Ховалинг Саймумин Рауфзода дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аввалин хоҳише, ки назди мо мегузорад, ин дида дӯхтан ба рӯзгори бонуе буд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар сафи садҳо корманди ҳифзи ҳуқуқ дар шуъбаи корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг адои хидмат дорад. Ӯро Садафмоҳ Ҳақназарова муаррифӣ намуданд.Аз оғози суҳбат пай бурдам, ки вуҷуди ин бонуе, ки ситораҳои сари китфонаш медурахшиданд, пур аз меҳр, пур аз гуҳар аст. Дар ҳар сухан, дар ҳар ибораю ифодааш панде, андарзе барои насли ҷавон, хосатан барои занону духтарон нуҳуфта буд.
Садафмоҳ аз табори марди деҳқон, марде, ки бо заҳмати кишоварзӣ нонашро ҳалол меёфт, аз модаре, ки бо обилаи дастон чакандӯзиву порадӯзӣ мекард, ба дунё омадаву дар диёри хушбоду ҳавои Ховалинг ба камол расида. Агарчи зодмандон зиндагии хоксоронае доштанд, Садафмоҳро баъди хатми мактаби миёна ба идомаи таҳсил раҳнамун сохтанд. Баъд аз хатми Коллеҷи аграрии шаҳри Бохтар бо тахассуси иқтисодчӣ соли 1989 фаъолиятро дар бахши омори ноҳия шурӯъ намуд.
Дертар Садафмоҳ ба сафи милитсия пайваст. Сардори вақти шуъбаи корҳои дохилии ноҳия дар як суҳбат аз нигоҳи духтараки ҷавону ғайюр пай бурд, ки ӯ иродаи матин дорад. Ин суҳбати чандлаҳзаина то ҳанӯз аз лавҳи хотираш дур намеравад, ки сардор бо боварӣ дасташро фишурду таъкид намуд:
«Духтарам, ман дар чашмони ту боварӣ, садоқат ба касбро хонда истодаам, маълум аст, ки азми қавӣ дорӣ, аммо, ба ҳар ҳол, ҳанӯз ҳам фурсат ҳаст, амиқ биандеш, барои мо бошад, фаъолияти бонувон дар сафи милитсия ҳатмист…». Садафмоҳ сардорро дилпурӣ бахшид, ки азмаш қатъӣ ва волидонаш ҳам розианд, ки ӯро дар сафи милитсия бинанд. Баъд аз суҳбату шиносоиҳо Садафмоҳ Ҳақназарова дар бахши котиботи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ховалинг ба кор омад.
Аз он рӯзгор солҳои зиёд сипарӣ мешаванду бонуи матинирода боре ҳам азми аз кор рафтанро наандешидааст. Солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳам дар баробари ҷавонмардони содиқ, ҳамкорони ғайюру далераш бо ҳимоя аз сохти конститутсионии давлат вазифаи хешро аз таҳти дил ба ҷо овард.Вай на танҳо дар ҳудуди ноҳия, балки дар минтақаи Кӯлоб аз бонувони ангуштшумор буд. Оҳиста-оҳиста бо пайравӣ аз ӯ дар дигар ноҳияҳо дар котиботи милитсия ва дигар раёсатҳои хизматӣ бонувони далер қомат афроштанд.
Бонуи боазму ирода тӯли солҳои фаъолият дар муассисаҳои таълимию ҳунаристонҳо, тандурустӣ ва дигар ташкилоту идораҳо бо мардум, хусусан занону духтарон вохӯриҳои судманд анҷом дода, онҳоро бо такя аз ваколати доштааш модарвор панду насиҳат намудааст.
- Ҷавҳари асосии ба ҷаҳолату хурофот дода шудан ин надоштани илму дониш аст, - мегӯяд Садафмоҳ.
Фарқ надорад, ки ин донистани дини мубини ислом аст ё илмҳои дунявӣ. Вақте ки ҷавонон аз илму маърифат дур мемонанд, онҳоро ба бозиҳои сиёсӣ ангехтану ба ҳар ҳизбу ташкилоти террористӣ шомил намудан осон мешавад.
Аз ин рӯ, бонуи милитсия дар ин нишастҳо таваҷҷуҳи духтаронро бештар ба хондан, ба аз худ кардани илму дониш даъват мекунад. Бонувонро мегӯяд, ки шукргузор аз он бошанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қуръони Каримро бо хатти кириллӣ дастраси мардум намуд, то ҳама, хосатан ҷавонон, аз асли Қуръон, маъниву муҳтавои ҳар ояти он бо забони тоҷикӣ бохабар бошанд.
Тӯли солҳои фаъолият дар мақомоти милитсия, бо 12 нафар аз сардорони шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, аз ҷумла ду соли он бо роҳбарии вазири имрӯзаи корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода сипарӣ гаштааст, ки аз ҳар нафари онҳо барои худ таҷрибаи кору зиндагӣ андӯхт. Хурсанд аст, ки баъди соҳибмаълумот гаштану ҷойи кори муносиб ёфтанаш, дигар апаю хоҳарон пайдарпай ба муассисаҳои таълимию ҳунарии кишвар дохил шуда, касберо аз худ карданд. Чанде дар мактабҳои деҳот омӯзгоранд ва чанде дигар кормандони соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Ховалинг ва навоҳии атроф мебошанд.
Садафмоҳ, ки худ таҳсилдида аст, ба бонувони соҳибмаълумоту соҳибҳунар арҷ мегузорад. Ба ин хотир, соле пеш келин фуроварду баъди чанде ӯро шомили Коллеҷи тиббии ноҳия намуд.
- Аз зани босаводу соҳибмаълумот фарзандони боодобу хуштарбияро умедвор шудан мумкин аст, — меандешад Садафмоҳ. -Аз соҳибтахассус намудани келин на танҳо худ, балки писараш низ миёни ёру дӯстон ва ҳамсолонаш сари ифтихор дорад.
- Садафмоҳ, апаи ҳамноми ман, барои бонувони ноҳияи Ховалинг намунаи беҳтарин зан-модар аст, ки дар тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ ва вохӯриҳои занон аз таҷрибаю малакаи ӯ истифода мебарем, - мегӯяд раиси бахши кор бо зан ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг Садафмоҳ Назарова. Дар вохӯриҳои судманди бонувони маҳал, чун усули деҳа ба деҳа, кӯча ба кӯча, бонуи собиқадори милитсия гули сари сабаду пештози суҳбату маъракаҳост.
Хидматҳои софдилонаи бонуи заҳматпеша дар баробари даҳҳо туҳфаҳои хотиравӣ, сипосномаву ифтихорномаҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бо нишони Аълочии милитсияи Тоҷикистон қадр шудааст. Прапоршики калон Садафмоҳ Ҳақназарова аз интихоби пеша ва роҳи тайнамудааш шукргузор аст.
Аз ҳар роҳу кӯчае, ки мегузарад, мардуми маҳал бо самимият саломаш мегӯянду бо эҳтиром ҳол мепурсанд. Хусусан нигоҳи занону духтарони маҳалро дар худ бисёр гарм мебинад ӯ.
Рустами НАЗИР,
Ховалинг
Мубодила:
Шарҳҳо











