Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Зулфия МУҲИДДИНЗОДА: «Прокурор мансаб, касб рисолатест ҷиддӣ»
Ҳуқуқ / СлайдерЗулфия Муҳиддинзода Темур соли 1995 пас аз хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мақомоти прокуратураи кишвар ифои вазифа менамояд. Ҳамчун коромӯз-ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе фаъолияти худро оғоз ва дар вазифаҳои гуногуни мақомоти прокуратура кор карда, соҳиби рутбаи мушовири адлияи дараҷаи 1 мебошад.
Суҳбати мо бо бонуи прокурор Зулфия Муҳиддинзода гирди фаъолият ва таҷрибаи андӯхтааш дар пеша, ҳамчунин, тавсияҳояш ба мутахассисони ҷавон дар интихоби касб сурат гирифт…
- Барои зан иҷрои вазифаи пурмасъул ва каме дар назари аввал мардона, яъне прокурор мушкил нест?
Прокурор кист? Нафарест, ки интизоми давлатӣ, назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар ҳудуди кишвар таъмин месозад. Назорати ҳуқуқӣ, дастгирии айбдоркунии давлатӣ дар суд, тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, манфиати давлат аз рисолати аслии касбии прокурор аст. Пас, прокурор танҳо вазифа ва касб нест, он рисолатест ниҳоят ҷиддӣ. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар вохӯрӣ бо кормандони прокуратура ин нуктаро хуб зикр намуданд: «Ягон мақом ё шахси мансабдори дигар чунин салоҳиятҳои васеъро надорад».
Барои зан прокурор будан кори саҳлу осон нест. Вақте дар баробари масъулияти касбӣ боз масъулияти оиладорӣ, нигоҳубин ва тарбияи фарзанд пешорӯи як бону меистад, барои ҳазми ин мушкилӣ руҳану ҷисман бояд омода буд.
Вазифаи прокурорҳо ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фақат дастгиру маҳкум кардани шахсони гунаҳкор набуда, онҳо, дар навбати аввал ба масъалаи пешгирӣ кардани содиршавии қонуншиканиву ҷиноятҳо диққат медиҳанд ва бояд корро тавре ба роҳ монанд, ки риояи қонун ба одати доимии мардум табдил ёбад.
Дониши мукаммал, қавииродагӣ ва эҳсоси масъулиятшиносӣ дар иҷрои рисолати прокурорӣ нақши муҳим мебозад. На ҳар як ҳуқуқшинос метавонад ин вазифаро ишғол кунад, зеро он малака ва маҳорати баланди касбиро тақозо менамояд. Корманди мақомоти прокуратура бояд аз илму донишҳои гуногун баҳравар бошад, зеро дар ҷараёни фаъолият зарурати огоҳӣ доштан аз илми иқтисод, фалсафа, ҷуғрофия, равоншиносӣ ва ғайра пеш меояд. Таъмини қонунияту адолат, амният, сулҳу субот ва ризоят дар ҷомеа аз фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура вобаста буда, масъулияти прокурор маҳз бо ҳамин мавқеаш фарқкунанда мебошад.
- Алҳол, Шумо раҳбарии шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда доред. Бигӯед, ки вазифаи шуъба аз чӣ иборат аст?
Фаъолияти шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуотӣ тибқи фармонҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазифаҳои мақомоти прокуратура оид ба ташвиқу тарғиби қонунҳо, иштирок дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва робита бо ҷомеа» ва «Дар бораи иштироки мақомоти прокуратура дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва мураттабсозии қонунгузорӣ» роҳандозӣ шудааст. Соли гузашта раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокуратураи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробаркардашуда дар асоси фармони мазкур корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ, муассисаю корхонаҳо баргузор намуданд.
Ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ, иштирок дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва робита бо ҷомеа вазифаи муҳими мақомоти прокуратура маҳсуб ёфта, маҳз бо ин васила саҳми мақомоти прокуратура дар таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон муайян мегардад. Амалигардонии ислоҳоти иқтисодию ҳуқуқӣ ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба такмили қонунгузорӣ, мутобиқсозии он ба талаботи ҷомеа ва амалия, инчунин, ба донистани қонунҳо ва татбиқи дурусти онҳо вобаста буда, он аз мақомоти прокуратура ширкати фаъолро дар ҳуқуқэҷодкунӣ ва таъмин намудани баҳисобгирии пурра, дақиқ ва дурусти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тақозо менамояд.
- Чӣ боиси интихоби пешаатон шуд? Ва аз солҳои корӣ дар мақомоти прокуратура чӣ бардошт ва хотираҳои ҷолиб доред?
Яъне, чаро прокурор шудам? Воқеан, ба фанҳои дақиқ майл доштам ва ҳадафам иқтисоддон шудан буд. Волидонам омӯзгор, модар муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик, падар мудири кафедраи таърихи нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданд. Агарчи қиблагоҳ аз шавқам ба фанҳои дақиқ медонистанд, вале маслиҳат доданд, то ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ супорам. Бо раҳнамоии падар аз пайи пеша шудам ва то имрӯз аз интихоби касб пушаймон нестам.
Фаъолияти прокурориам аз сентябри соли 1995 дар прокуратураи ноҳияи Фирдавсии (пештара ноҳияи Марказӣ) шаҳри Душанбе оғоз ёфт. Тӯли ин давра самти кориам бевосита ба назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, маданӣ-оилавӣ, иқтисодӣ, дар самти назорати умумӣ, назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон буд.
Дар ҷараёни фаъолият дар мақомоти прокуратура шоҳиди ҳодисаю ҳолатҳои зиёде шуда, ба хулосае омадам, ки тақдири ҳар инсон дар дасти худи ӯст. Корманди мақомот танҳо тариқи маслиҳату машварат ва гузарондани чорабинию вохӯриҳо метавонад сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолиро боло ва ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ намуда, қонуниятро барқарор созад.
Вақте дирӯзу имрӯзӣ фаъолияти хешро дар мақомоти прокуратура дар мизон бармекашам, воқеан, сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолӣ хеле боло рафтаву мардум дар барқарор намудани қонунҳои ҷорӣ саҳм мегиранд. Табиист, ки муносибатҳои нави ҷамъиятӣ зарурати қабули қонунҳоро дар ҷомеа водор месозад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» низ дар замони худ бамаврид ба тасвиб расид ва дар танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ нақши муассир гузошту масъулияти волидонро дар таълиму тарбияи кӯдак бештар намуд. Ҳуқуқи кӯдакон дар ҷомеа мавқеи хоса пайдо кард.
Солҳои аввали фаъолияти касбӣ ёд дорам, ки чӣ қадар кӯдакон аз бепарвоии волидон дур аз мактаб буданд, духтарони ноболиғро зӯран ба шавҳар медоданд, ё сари ҳар қадам кӯдакон ба меҳнати вазнин рӯ меоварданд. Волидоне, ки як даврае нисбат ба фарзанди худ беэътиноӣ зоҳир менамуданд, имрӯз зери таъсири Қонун вазифадоранд, ки дар таълиму тарбияи кӯдак масъул бошанд.
- Ба мутахассисони ҷавон чӣ маслиҳат медиҳед?
Ҳама чиз ба майлу рағбати ҳар як шахс вобаста аст. Яъне, дар байни омма доштани маҳорати суханварӣ, ширкат дар маҷлисҳои судӣ, муносибат бо одамон, ҳалли масъалаҳои назорати умумӣ ин аз дониши такмилёфта ва истеъдоди баланди мутахассис гувоҳӣ медиҳад. Пешаи прокурор таҳаммулпазирӣ ва беғаразиро дар қабули қарорҳо тақозо менамояд ва ба эҳсосот дода нашудану дар ҷараёни фаъолият танҳо дар доираи қонунгузории ҷорӣ амал намудан ниҳоят муҳим аст.
Қутбия Неъматулло
Мубодила:
Шарҳҳо











