Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Аз орзуҳо набояд даст кашид...
ВарзишРушди соҳаи варзиш, бахусус футбол, дар замони соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлату Ҳукумат маҳсуб меёбад ва ба он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, дар даҳсолаи охир нумӯи беназиреро аз сар гузаронд. Бо талошҳои пайвастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ҳавасмандсозии ҷавонон имрӯз футбол на танҳо бозии оммавӣ, балки бахше аз ҳаёти иҷтимоӣ ва варзишии ҷомеа гардидааст.
Дар қатори як зумра ҷавонони болаёқат номи як бонуи варзишгар – Марҷона Файзуллоева, ҳамчун чеҳраи шинохта ва муаррифгари футболи тоҷик дар дохил ва хориҷ аз кишвар бо ифтихор ёд мешавад.
Ишқ ба футбол
Марҷона дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Ҳарчанд рӯзгори мардуми деҳ сартосар аз заҳмату талошҳост, муҳити оилавӣ ва дастгирии падар барои ин духтари болаёқат сабаби пайдоиши меҳру муҳаббат ба варзиш гардид. Ӯ аз хурдсолӣ дунёи футболро рангин, ҷаззоб ва пур аз ормон медид.Марҷона на танҳо тамошобини одӣ, балки ҳар гоҳе ки имконият меёфт, бо ҳамсолонаш дар майдонҳои варзишӣ футбол бозӣ мекард. Ин дилбастагӣ боиси он гардид, ки бо дастгирии падару модар ва роҳнамоии устодон аз синфи шашум ба дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон шомил шавад.
Қадамҳои аввал
Соли нахустини фаъолият дар дастаи мунтахаб барои Марҷона оғози роҳи бузург гардид. Бо ифтихор ёд мекунад, ки аввалин рақобати байналмилалиаш бо бонувони футболбози Бангладеш буд, ки барояш дарси хуби варзишӣ гашт.Ин сафар ва шиносоӣ бо варзишгарони хориҷӣ ҷаҳонбинии ӯро куллан дигар кард. Марҷона дар дил мақсад гузошт, ки футболро на танҳо ҳамчун ҳавас, балки чун роҳи зиндагӣ интихоб намуда, тими миллиро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ созад.
Муҳаббат ба футбол
Ҳангоми таҳсил дар мактаб ҳамеша бо дастаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ тамрин мекард. Баъди хатми муассисаи таълимӣ, ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов дохил шуд ва муваффақона риштаи футболро хатм намуд.
Марҷона ба 12 кишвари дунё, аз ҷумла Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳо, ҳамчун узви тими миллии бонувони Тоҷикистон сафар карда, дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат варзид. Ҳар сафар барояш дарси наверо мемонд.
То омӯзгорӣ
Имрӯз Марҷонабону, ки таҷрибаи хуби футболро фаро гирифтааст, ҳамчун омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ ва мураббии футбол низ шинохта шудааст. Ӯ тӯли панҷ сол аст, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Левакант ва дар Мактаби варзишии давлатии шаҳр ба наврасону ҷавонон аз нозукиҳои бозии футбол дарс мегӯяд.
Шогирдони зиёдеро парваридааст, ки орзуи футболбоз шудан доранд ва ӯ мекӯшад бо тамоми ҳастӣ онҳоро дастгирӣ намояд. Ӯ худро хушбахттарин инсон меҳисобад, зеро тавонист ба орзуҳои худ расида, акнун ба дигарон роҳнамо бошад.
Рамзи талошу устуворӣ
Марҷона аз хонаводаи барзгар то саҳнаи футболи калон намунаи барҷастаи он аст, ки бо меҳнат, сабру таҳаммул ва иродаи қавӣ тавонист ба қуллаҳои мурод расад. Ӯ собит намуд, ки духтари тоҷик метавонад дар як соҳаи ба ном «мардона» чун футбол муваффақ гардад ва ифтихори миллат бошад.
Вай имрӯз барои шогирдон, ҳамсолон ва кулли духтарони тоҷик рамзи талош барои ҷомаи амал пӯшидани орзуҳост. Марҷона намунаи он аст, ки кас набояд аз ормонҳои худ даст кашад, ҳатто агар роҳ душвору сангин ҳам бошад.
Гулшан Ҷӯразода,
вилояти Хатлон
Мубодила:
Шарҳҳо











