Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Парвози дарвозабон
Варзиш / СлайдерДар кӯчаҳои шаҳри Душанбе, миёни хандаи кӯдакон ва зарби тӯбе, ки ба деворҳо бармехӯрд, танин меандохт. Духтарчаеро орзу на либоси гаронбаҳо буд ва на шуҳрати зудгузар, балки футболбоз шудан. Он ҳам дар ҷомеае, ки (солҳои пеш) бозии футболро ба писарон нисбат медоданд. Ин духтарча имрӯз яке аз чеҳраҳои шинохтаи футболи бонувони Тоҷикистон аст.
Аз футболи кӯча то майдонҳои бузург
Сайёра аз кӯдакӣ ба футбол майлу рағбати беандоза дошт. Вақте дигарон лӯхтакбозӣ мекарданд, ӯ бо писарҳои маҳалла футбол мебозид. Барои ӯ тӯб на танҳо василаи бозӣ, балки рамзи озодӣ, орзу ва мубориза буд.
– Футболро аз хурдӣ дӯст медоштам. То шом дар кӯчаҳо бо писарҳо бозӣ мекардам ва худро қисми ин бозӣ эҳсос менамудам, – он рӯзҳоро бо эҳсоси гарму самимӣ ёд меорад ӯ.
Падару модари Сайёра, ки шавқу рағбати духтарашонро медиданд, тасмим гирифтанд ӯро ба тамрини касбӣ фиристанд. Ин иқдоми онҳо дар сарнавишти духтарашон нақши ҳалкунанда бозид.Ҳамин тавр, Сайёра ба дастаи бонувони «Зебунисо»-и шаҳри Душанбе пайваст ва ин яке аз аввалин қадамҳои ҷиддии ӯ дар роҳи футбол буд.
Пешгӯии мураббӣ
Рӯзи аввали тамрин мураббӣ ӯро назди худ хонда, гуфт:– Аз ту беҳтарин дарвозабони касбӣ мебарояд.
Шояд он замон худи Сайёра ҳам тасаввур намекард, ки ин суханҳо рӯзе ба воқеият табдил меёбад, аммо заҳмат, ирода ва муҳаббати самимӣ ба футбол ӯро ба яке аз беҳтарин дарвозабонҳои дастаҳои футболи Тоҷикистон табдил доданд.
Дарвозабонӣ барои ӯ танҳо як мавқеъ дар майдон набуд. Ин масъулият, ҷасорат ва ҳимояи шарафи даста ҳисоб меёфт. Ҳар як ҷаҳиш барои гирифтани тӯб, ҳар як бозии пуршиддат ва ҳар як пирӯзӣ ӯро қавитар мегардонд. Бо гузашти вақт, маҳорати ӯро мураббиёни тими миллӣ ба мушоҳида гирифтанд. Ҳамин тавр, Сайёра ба ҳайати тими миллии бонувони Тоҷикистон даъват шуд.
Футбол — мактаби зиндагӣ
Дар ҷомеае, ки баъзан нисбат ба варзиши бонувон назари маҳдуд вуҷуд дорад, Сайёра исбот намуд, ки футбол барои духтарон низ метавонад роҳи муваффақият бошад.
– Футбол бароям ягон душворие надорад, баръакс, он ба ман рӯҳияи нав мебахшад, – мегӯяд ӯ.
Ин гуфтаҳо танҳо як сухани одӣ нестанд. Онҳо таҷрибаи зиндагии як варзишгар мебошанд, ки солҳои зиёд барои расидан ба орзуи кӯдакӣ мубориза бурдааст. Футбол ба Сайёра на танҳо муваффақият, балки дӯстони нав, ҷаҳонбинии васеъ ва эътимод бахшид. Ӯ омӯхт, ки дар зиндагӣ барои ҳар як пирӯзӣ бояд заҳмат кашид.
Соли 2016 Сайёра ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймумин Раҳимов дохил шуд. Ӯ дарк мекард, ки варзиш танҳо истеъдод нест, дониш, интизом ва омӯзиш низ барои пешрафт заруранд.
Орзуе ба номи Тоҷикистон
Ҳар варзишгар дар қалб орзуе дорад. Сайёра доимо хоҳони он буд, ки рӯзе Парчами Тоҷикистонро баланд бардорад. Ин орзу ӯро солҳо пеш мебурд.Вақте ба майдон бо либоси тими миллӣ ворид мешуд, масъулияти бузургеро эҳсос мекард. Медонист, ки намояндаи тамоми духтарони тоҷик аст, ки орзуи футболбоз шудан доранд.
Имрӯз Сайёра бо ифтихор мегӯяд, ки ба ҳадафҳои худ расид. Вай алҳол мураббии дастаи футболи духтарони то 17-солаи Тоҷикистон ва ҳамзамон капитани тими миллии бонувони кишвар мебошад.
– Ин роҳ бароям осон набуд. Дар паси ҳар як муваффақият соатҳои зиёди тамрин, шикастҳо, ноумедиҳо ва муборизаҳо пинҳонанд. Маҳз ҳамин душвориҳо маро обутоб доданд, – иброз дошт Сайёра.
Рӯйдоди таърихӣ барои футболи бонувон
Солҳои охир футболи бонувони Тоҷикистон тадриҷан рӯ ба тараққист. Яке аз дастовардҳои муҳим роҳ ёфтани тими миллии бонувони Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё мебошад. Ин воқеа на танҳо натиҷаи варзишӣ, балки саҳифаи нави таърихи футболи тоҷик аст.Сайёра ва ҳамдастаҳояш нишон доданд, ки бо ирода ва машқҳои бардавом метавон ба сатҳи баланд расид. Пирӯзӣ ба ҳазорон духтари тоҷик илҳому неру бахшид. Ин пирӯзӣ барои бисёре аз ҷавондухтарони дӯстдори риштаи футбол боис гардид, ки рӯ ба ин намуд оранд.
Насли нав — умеди нав
Иштироки мунтахабҳои ҷавонон ва наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои қитъавӣ ва ҷаҳонӣ низ барои рушди футбол заминаи муҳим гузошт. Ин мусобиқаҳо на танҳо таҷриба, балки обрӯи футболи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд. Ба гуфтаи Сайёра, солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба футбол бештар шудааст. Дар байни онҳо истеъдодҳои нав кашф мегарданд, ки метавонанд ояндаи футболи кишварро дурахшон созанд. Сайёра, ки имрӯз худ мураббӣ аст, хуб медонад, ки ҳар як истеъдоди ҷавон ба дастгирӣ ниёз дорад. Аз ин рӯ, пайваста мекӯшад, ки таҷрибаи худро ба насли нав омӯзонад.
– Мехоҳам духтарони ҷавон ба ин намуди варзиш биёянд, аз худ бовар дошта бошанд, ки метавонанд ба ҳама орзуҳояшон бирасанд, – меафзояд Сайёрабону.
Бонуе, ки монеаҳоро шикаст
Қиссаи Сайёра Саидова танҳо саргузашти як футболбоз нест. Ин қиссаи ирода, ҷасорат ва боварӣ ба худ аст. Агар инсон ҳадаф дошта бошад ва барои он заҳмат кашад, ҳатман ба мақсад мерасад. Вақте Сайёра дар майдон бо либоси тими миллӣ меистад ё ба шогирдони ҷавонаш тамрин медиҳад, ӯ на танҳо як варзишгар, балки рамзи умед барои садҳо духтаронест, ки мехоҳанд роҳи худро дар ҷомеа пайдо кунанд.
Гулшан ҶӮРАЗОДА
Мубодила:
Шарҳҳо










