Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Варзиш зебоист
ВарзишМактаби варзишии ноҳияи Спитамен, ки таърихи амали он аз даврони шуравӣ оғоз мегардад, имрӯз ба яке аз марказҳои тарбияи варзишгарони ҷавон табдил ёфтааст. Солҳои пеш фаъолияти он бештар бо омӯзиши одии намудҳои алоҳидаи варзиш маҳдуд буд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ муассиса нафаси тоза гирифта, ба макони парвариши истеъдодҳои ҷавон мубаддал гардид.Ҳар рӯз дар толорҳо ва майдончаҳои он садои тамрин, талош ва умед танин меандозад. Дар ин ҷо на танҳо маҳорати варзишӣ, балки ирода, матонат ва ҳисси ватандӯстӣ низ тарбия меёбад.
Имрӯз ин ҷо аз рӯи 16 намуди варзиш 956 нафар наврасу ҷавонон тамрин менамоянд. Аз ин шумора 154 нафарро духтарон ташкил медиҳанд, ки бо ҷасорату ғайрат дар баробари писарон барои расидан ба қуллаҳои баландтарини варзишӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, борҳо номи ноҳия ва Тоҷикистонро сарбаландона муаррифӣ намудаанд.
Устоди варзиши ҷумҳурӣ оид ба самбо ва яке аз мураббиёни пуртаҷриба Рустам Соҳибназаров бо ифтихор аз дастовардҳои шогирдонаш ёд мекунад. Ба гуфтаи ӯ, маҳз дар даврони истиқлолият имкониятҳои нав барои рушди варзиш фароҳам омаданд ва ҷавонон тавонистанд истеъдоди худро бештар нишон диҳанд. Имрӯз роҳбарии муассисаро Зоирҷон Турабоев ба зимма дорад, ки худ ҳамчун варзишгари муваффақ соли 2016 дар шаҳри Волгогради Федератсияи Россия унвони қаҳрамони карате-доро соҳиб гардид. Маҳз таҷриба ва муҳаббати ӯ ба варзиш барои пешрафти шогирдон нақши муассир доранд.
Дастовардҳои варзишгарони ҷавон дар ҳамаи намудҳо назаррасанд. Хусусан духтарон бо иродаи қавӣ ва заҳмати пайваста нишон медиҳанд, ки барои муваффақият ҷинсият монеа шуда наметавонад. Онҳо дар баскетбол, тенниси рӯи миз, акробатика, ҷаҳиш ва ҷиуҷитсу маҳорати худро сайқал дода, борҳо соҳиби ҷойҳои намоён гардидаанд.
Дар байни ин чеҳраҳои умедбахш номи Фариза Қосимбоева бо эҳтиром зикр мешавад. Ин варзишгардухтар соли 2024 дар чемпионати Осиё, дар шаҳри Абузабӣ миёни ҳамсолонаш ҷойи сеюмро ишғол намуда, баъдан дар мусобиқаи варзишгарони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон ҷойи аввалро сазовор гашт. Моҳи июни соли равон Фариза дар Ҷоми Осиё, дар шаҳри Остона бори дигар маҳорати худро собит намуда, мақоми аввалро соҳиб шуд ва Парчами давлатии Тоҷикистонро дар фазои мусобиқа парафшон кард. Ин пирӯзӣ барои мураббияш Шоҳҷаҳон Отабоев ва варзишгарону сокинони ноҳияи Спитамен мояи ифтихори бузург гардид.
Комёбиҳои духтарони ноҳия танҳо бо як ё ду ном маҳдуд намешавад. Дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба карате-до, ки дар маҷмааи «СуғдАрена»-и шаҳри Хуҷанд доир шуд, Марҷона Содиқова бо ҳунару маҳорати баланд ҳамаи рақибонашро шикаст дода, ҷойи аввалро мушарраф гашт. Ин дастовард дар ҳоле ба даст омад, ки дар мусобиқа варзишгарон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок доштанд. Ғалабаи Марҷона бори дигар нишон дод, ки духтарони тоҷик метавонанд дар сатҳи ҷаҳонӣ рақобат намуда, бо сарбаландӣ Парчами кишварро боло бардоранд.
Дар қатори онҳо Дурдона Дӯстмадова, Манижа Рӯзиқулова ва Мухлиса Обидҷонова низ дар ҳайати дастаҳои баскетбол маҳорати баланд нишон дода, шарафи ноҳияро борҳо дар мусобиқаҳои гуногун ҳимоя кардаанд. Ҳар як пирӯзии онҳо самараи заҳмати шабонарӯзӣ, иродаи мустаҳкам ва эътимод ба неруи худ мебошад.
Воқеан, арзиши аслии варзиш танҳо дар медалу дипломҳо нест. Варзиш, пеш аз ҳама, мактаби зиндагист. Он инсонро ба интизом, масъулиятшиносӣ, эҳтироми рақиб ва меҳнати ҳалол одат медиҳад. Маҳз ҳамин хусусиятҳоро мураббиёни мактаби варзишӣ дар шогирдони худ тарбия мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, аксари варзишгарон дар таҳсил низ фаъол буда, дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ иштироки намунавӣ доранд.
Лаҳзае, ки бо варзишгардухтарон ҳамсуҳбат шудем, дар чеҳраи ҳар яки онҳо нури эътимод ба фардо эҳсос мешуд. Онҳо бо самимият мегуфтанд, ки варзиш барои онҳо танҳо рақобат ё гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ нест. Варзиш тарзи зиндагӣ, сарчашмаи неру ва омили зебоии инсон аст. Зебоӣ на танҳо дар қомати росту ҷисми солим, балки дар ахлоқи ҳамида, иродаи қавӣ, андешаи пок ва муносибати нек ба атрофиён таҷассум меёбад. Духтарони ҷавон мехоҳанд на танҳо дар майдони варзиш, балки дар таҳсил, кор ва зиндагӣ низ зебо бошанд — зебо бо донишу маърифат, зебо бо фарҳангу одоб ва зебо бо корномаҳои шоиста.
Шояд маънии аслии ибораи «Варзиш зебоӣ низ ҳаст», маҳз ҳамин бошад, зеро варзиш инсонро на танҳо қавӣ, балки ӯро комилтар, ботароваттар ва зеботар месозад. Духтарони ҷавони Спитамен бо чашмони пур аз орзу ва қалбҳои саршор аз умед ба оянда менигаранд. Эҳсос мешуд, ки пирӯзии бузургтарини онҳо на медалҳо, балки сохтани симои як насли солиму соҳибмаърифат аст.
– Бо ҳамин умеду орзуҳои нек онҳо гоҳе субҳгоҳон, гоҳе нимаи рӯзу ва гоҳи дигар пас аз шом ҷойи худро дар тамрингоҳ мебинанд ва бо ин ҳама онҳо ба дарсҳои устодони хеш ҳамеша бо омодагии хуб меоянд, – изҳори қаноатмандӣ мекунад роҳбари муассиса ва меафзояд, ки духтарони варзишгар дар чорабиниҳои мактабӣ, ноҳиявӣ ва вилоятиву ҷумҳурӣ низ аз шумули беҳтаринҳоянд.
Рустами НАЗИР
Душанбе – Спитамен – Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо










