БОЙГОНӢ
« Октябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дар бозиҳои олимпии оянда ширкат меварзем
ВарзишДарозои 33 соли Истиқлоли давлатӣ дар вилоят чандин корхонаву муассисаҳои таъиноташон гуногун қомат афрохтанд, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҳаёти фарҳангии ҷомеа нигаронида шудаанд.
Дар ин росто, дар вилояти Суғд як қатор корхонаҳои варзишӣ арзи ҳастӣ намуданд, ки баҳри пешрафти фарҳанги кишвар ва намудҳои бозиҳои миллӣ мусоидат менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар вохӯриву чорабиниҳо оид ба рушди соҳаи камонварӣ, махсусан байни бонувон таъкидҳо дошта, оид ба таъсиси мактабҳои махсуси варзишии камонварӣ дастур дода буданд, то тамрину тармими варзишгарон, хосатан, наврасону ҷавонон бештар гашта, чунин қаҳрамононе мисли Зебунисо Рустамова тарбия ёбанд.
Хушбахтона, чунин иншооти муҳиме моҳи апрели соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои беш аз 10 ҳуҷраи корӣ барои маъмурият ва кормандон, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, дастшӯӣ, анбор барои нигоҳ доштани таҷҳизоти варзишӣ ва дигар нуқтаҳои ёрирасон аст. Дар гӯшаи алоҳидаи ошёнаи якуми бинои мактаб намунаи либосҳои варзишии камонварӣ, тиру камон ва дастовардҳои варзишгарони тоҷик аз ин риштаи варзиш ба намоиш гузошта шудаанд.
Директори Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ» Абдуғаффор Рустамов, ки дар шаҳри Душанбе дар омӯзишгоҳи захираҳои олимпӣ ҳамчун мураббӣ фаъолият намуда, аз соли 2011 дар маркази камонварӣ ва солимгардонии Зебунисо Рустамова ба кор шуруъ намуд, изҳор медорад, ки дар муассиса ҳоло 4 нафар мураббӣ аз намуди камонварӣ дар 9 гурӯҳ бо ҷалби 94 нафар варзишгар, аз ҷумла, 22 духтар тамрин намуда истодаанд. Дар муассиса давоми 6 моҳи соли 2024 бо мақсади ташвиқу тарғиби варзиш, тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон мактаби варзишии махсус оид ба намудҳои камонварии вилоят чандин чорабиниҳои варзишии дохилимактабӣ, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ баргузор гардида, дар он шогирдони ин муассиса ширкат намуданд.
Аз чор нафар мураббии муассиса се нафар - Манижа Қосимова, Умедаҷон Ҷӯраева ва Мавзуна Азимова бонувонанд. Манижа Қосимова зодаи шаҳри Бохтар буда, соли 2013 пас аз хатми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ҳамчун муаллими тарбияи ҷисмонӣ фаъолият намуд. Соли 2013 ба аспирантура дохил шуда, онро соли 2022 ба итмом расонд. Соли 2023 ӯ номзади илми таърих гардид ва аз таърихи камонварии тоҷик рисолаи номзадии худро дифоъ кард. Шоёни зикр аст, ки соли 2002 фаъолияти варзишӣ ва волонтёрии Манижа оғоз гардид. Аз соли 2003 то 2019 дар ташкилоти ҷавонони суғдии «Дина» фаъолият карда, аз соли 2012 то 2019 директори мактаби варзишии вилояти Суғдро ба зимма гирифта буд. Соли 2018 соҳиби унвони Корманди хизматнишондодаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш гардид. Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст. Имрӯз ҳамчун мураббӣ фаъолият намуда, маҳорати варзишии худро, ки аз устодаш Зебунисо Рустамова азбар кардааст, ба шогирдонаш дар мактаби махсуси варзишии камонварӣ ба шогирдон меомӯзонад.
Умедаҷон Ҷӯраева, хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе аст. Азбаски ба камонварӣ шавқу рағбати зиёд дошт, дар донишкада таҳсилро давом дода, дар мактаби варзишӣ ба фаъолият оғоз кард. Умедаҷон изҳор кард, ки аз соли 2015 фаъолияти худро аз камонварӣ оғоз кардааст. Солҳои 2016–2017 дар Чемпионати Тоҷикистон ҷойҳои аввалро соҳиб гардид. Баъдтар дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон–шаҳри Шимкент дар давраи омехта аз масофаи 18 метр бо шарикаш Манучеҳр Шерозиев ҷойи аввалро соҳиб гардиданд. Дар мусобиқаҳои кушод ба ифтихори Зебунисо Рустамова, дар Ҷоми Тоҷикистон, дар чемпионати Тоҷикистон ҷойҳои намоёнро ишғол намуд. Соли 2022 ҳамчун тренер-мураббӣ фаъолият намуда, шогирдонашро ба мусобиқаҳои байналмилалӣ омода месозад.
Имрӯз ӯ 30 нафарро тайёр намуда, ба мусобиқаҳои гуногун раҳнамун сохт. Шогирдонаш Дилшоди Бахтиёр дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ байни наврасону ҷавонон соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардида, соҳиби унвони номзади устоди варзиш гардид. Ҳамчунин, Томирис Раҳимова, Сафия Зиёева, Абдунабии Муҳаммадамин, Абдураҳмон Абдуғаффоров ва чанде дигарон дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ширкат намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуда истодаанд. Умедаҷон Ҷӯраева аз ин дастовардҳои шогирдон басо хурсанду шодмон аст.
Мавзуна Азимова низ имрӯз дар ин даргоҳ ба сифати мураббӣ фаъолияти пурсамар дорад. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе буда, то имрӯз ба шогирдон аз камонварӣ сабақ меомӯзад. Ҳамзамон, ӯ хатмкардаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, то имрӯз 30 нафар шогирдро тарбия кардааст. Шогирдони ин бонуи камонвар Муҳаммадазим Раупов, Абдусаттор Ёқубов номзад ба устоди варзиш гардиданд. Айни замон Мавзуна шогирдони аз 8 то 10-соларо омода месозад. Худи Мавзуна соли 2013 дар чемпионати ҷаҳон дар Осиё, Туркия, Анталия ширкат намуд. Соли 2016 низ дар чемпионатҳои Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ширкат намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуд. Соли 2023 бошад, ба кишвари Корея ҳамчун мураббӣ сафар намуд.
Имсол барои шогирдони ин даргоҳ соли пурфайзу бобаракат омад. Онҳо дар чандин чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Санаҳои 16–18-уми моҳи июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ байни наврасону ҷавонон баргузор гашт. Дастпарварони ин даргоҳ дар муҳорибаҳо хеле фаъол буда, соҳиби 10 медал: 2 медали тилло, 4 нуқра, 4 биринҷӣ гардиданд.
Имсол шогирдонро дастовардҳои хеле зиёд дар пешанд. Дар олимпиадаи навбатӣ албатта, онҳо ширкат хоҳанд кард, – изҳор намуд директори марказ.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
вилояти Суғд