Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
«Наврӯз ҷашни камонварон аст!»
Варзиш / Слайдер / ФарҳангҚаҳрамони ҷаҳон ва ғолиби бозиҳои олимпӣ - Зебунисо Рустамова 70-сола шуд
Тоҷикдухтаре, ки дар 20-солагӣ Тоҷикистонро ба оламиён муаррифӣ намуд, шумори медалу унвону мукофотҳояш ҳад надорад, тамоми ҷойҳои аввалро аз варзиши камонварӣ дар ҷаҳон дастёб гардидааст, мукофоти олии Тоҷикистон аз камонварӣ ба номаш ихтисос мегирад, ба эҳтироми хосаш Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи яке аз набераҳояшонро Зебунисо унвон кардаанд, санаи 29-уми январ зодрӯз дошт.
Ба табрикаш рафтем, дар хусуси бардоштҳояш аз зиндагӣ, рақобатҳо дар варзиши калон, оилаву фарзандон, нақшаву ҳадафҳои ояндааш суҳбат оростем.
Наврӯз барои ман…
Дар аҳди бостон Ҷашни Наврӯз бо сабқати камонварон оғоз меёфту шукӯҳманд мегашт. Онҳо бо камон сикаи тиллоиро нишон мегирифтанд, касе ба ҳадаф бирасад, «Шоҳи Наврӯз» унвон мешуд. Пас, Наврӯз ҷашни мо, камонварон аст.
Имрӯз ҷалолу шаҳомати Наврӯзи Тоҷикистон сутуданист. Бо ташаббуси Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, фалак, шашмақом, атласу адрас чун намунаҳои фарҳанги миллӣ ба номгӯи мероси ҷаҳонӣ шомил гардиданд, ман аз ин ифтихор дорам.
Ба дурбинӣ, нуктасанҷӣ, масъалагузориҳои бамавриди Пешвои муаззамамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасанно мехонам. Кадом мавзую масъалаеро набардоранд, он дар сатҳи ҷаҳон қабул ва роҳи ҳал меёбад. Эълон шудани Соли ҳифзи пиряхҳоро дунё чӣ гуна хуш пазируфт. Эълони Соли оби тоза ва бардоштани масъалаи норасоии об дар дунё як таҳаввулоти амиқ ба бор овард. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин бе асос Президенти моро «такрорнашаванда» унвон накардаанд. Таҷрибаи сулҳро имрӯз давлатҳо аз мо меомӯзанд.
X Сабақе, ки аз умр бардоштам
Ба хулосае омадам, ки дар ҷавонӣ ба халқу Ватан хизмат кунӣ, овони камолот подоши амалро ҳатман мегирифтаӣ. Касе дар илм, касе дар варзиш, касе дар фарҳанг, касе дар сиёсат ё дигар соҳаҳои зиндагӣ ҳатман бояд худро санҷад. Имрӯз, вақте мардум маро мешиносанд, эҳтиром мекунанд, наврасону ҷавонон бо ҳавас, бо умед сӯям менигаранд, ҳисси қаноатмандиву ифтихор маро фаро мегирад ва шукр мегӯям, ки умр зоеъ надодаам. Дар ин синну сол, дигар танҳо таваҷҷуҳ мехоҳӣ. Аз дастовардҳои варзишии ман ним аср гузашт, аммо то ҳол маро мешиносанд, ифтихор мекунанд, эҳтиром мегузоранд, ин бароям хушоянд аст.
Банди кадом корҳоям…
Пас аз такопӯҳои зиёд, ҳоло каме озодтарам. Сафар мекунам, дунёро мебинам, вақтро бештар бо фарзандону набераҳо мегузаронам. То ҳадде, ки метавонам, дар рушди варзиши камонварӣ дар Тоҷикистон саҳм мегузорам. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азм доранд, варзиши камонварӣ дар кишвар беш аз пеш рушд ёбад. Ҷоми Президент дар соҳаи камонварӣ таъсис ёфт, ки инак, соли дуюм аст баргузор мегардад. Бо супоришашон бояд дастаи мунтахаби камонварони Тоҷикистон таъсис ёбад. Майдони махсуси камонварӣ сохта ба истифода дода хоҳад шуд.
Соли гузашта котиби генералии Федератсияи ҷаҳонии камонварӣ - Том Дилен ба Тоҷикистон омад ва ба корҳои анҷомшудаву нақшаҳои амалишаванда баҳои баланд дод. «Тири тиллоӣ»-и Федератсияи камонварии ҷаҳонро чун рамзи эҳтиром барои дастгириҳои бевоситаи ин навъи варзиш, ба Президенти маҳбубамон армуғон овард.
Таърихи номи ман…
Маро падару модарам Зебунисо ном кардаанд. Зулфинисо, Меҳринисо, Нуринисо ҳамин гуна номҳои ҳамқофияву дилчасп дорем мо, хоҳарон. Медонам, ки Президенти кишвар номи яке аз набераҳояшонро ба хотири ман Зебунисо гузоштаанд. Ин, албатта, бароям мояи ифтихор аст. Сарвари давлат инсони бисёр бофарҳангу маданианд. Рустам, Таҳмина, Фарзона, Сомон ва номҳои дигари тоҷикона, ки ба фарзандон гузоштаанд, ҳама ба хотири гиромидошти чеҳраҳои шинохта ва бузургдошти фарҳангу таърихи тоҷикон аст.
Соли 2010, ҳангоми вохӯрӣ бо варзишгарон як камони кӯдаконаро ба Рустами Эмомалӣ тақдим кардам, ки барои Зебунисои кӯчак бубарад. Ин, албатта, туҳфаи рамзие буд, ки кӯдак сарфи назар дар самти интихоб, касбу кор ҳамеша пешқадам бошад.
Овони кӯдакиҳоям…
Ман дар шаҳри дилорои Душанбе таваллуд шудаам. Дар бинои дуошёнаи паҳлуи Институти политехникии Тоҷикистон зиндагӣ мекардем. Панҷ фарзанд дар ҳамин хонаи хурд ба дунё омадаем. Падарам Сангин Рустамов, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 буд. Пас аз анҷоми ҷанг ҳамчун донандаи хуби забони русӣ барои идомаи таҳсил дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин роҳхат гирифт.
Ҳамзамон, дар Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагин бофандагӣ мекард. Дертар директори ин коргоҳ ва Комбинати пойафзоли ҷумҳурӣ низ буд. Модарам Комила Рустамова хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогии занона ва омӯзгори фанни кимиё-биология, солҳои зиёд дар вазифаи директори мактаб фаъолият дошт.
Аъзои оила ҳар бегоҳ сари миз ҷамъ меомадем. Падарам, ки инсони санъатдӯст буданд, дӯстону рафиқони зиёде аз ин соҳа доштанд, ки зуд-зуд меҳмони мо мешуданд. Тӯхтахон Иброҳимова, Аҳмад Бобоқулов ва дигарон меомаданду сурудхонӣ мекарданд. Падарам низ овози пурқуввату марғуладоре доштанд. Лаъличаро ба даст гирифта, месароиданд.
Ман ва камонварӣ…
Дар мактаби миёнаи №18-и шаҳри Душанбе мехондам, ки клубҳои зиёди варзишӣ дошт. Падарам тарғиб мекард, ки пас аз дарсҳо ба клубу сексияҳо равем, фаъол бошем. Бародарам Ҳомидҷон дар мактаби русӣ таҳсил мекард ва мо, 4 духтар, дар мактаби тоҷикӣ. Байни худ тақсим кардем, ки кӣ ба кадом кружоку клубҳо аъзо мешавад. Апаам Зулфинисо ба маҳфили сурудхонӣ рафт, Меҳринисо аъзои гурӯҳи рақсӣ ва ману Нуринисо, ки шояд бисёр шӯх будем, аъзои клуби варзишӣ гаштем.
Соли 1969 дар Тоҷикистон клуби камонварӣ таъсис ёфт ва ман ба он роҳ ёфтам. Нуринисо ҳам ҳамроҳам омад.
Футболро дӯст медоштам
Камонвариро интихоб карда бошам ҳам, чандон маъқулам набуд. Аввалҳо бароям вазнинӣ мекард. Як муддат аз он дилсард шудам, дигар ба машқгоҳ намерафтам. Он айём рӯзи занги охирон одатан талабаҳои синфҳои болоӣ пас аз анҷоми чорабиниҳои мактабӣ ба боғу гулгаштҳо мерафтанд. Бо ҳамсинфон ба Боғи марказии пойтахт ба номи В.И.Ленин мерафтем, ки дугонаҳоям Татянаву Иринаро дидам, ки аз варзишгоҳи «Динамо» мебаромаданд. Дар гарданашон медалҳо овезон. «Ту ҳам меомадӣ, ҳоло мисли мо соҳиби медал мешудӣ», - гӯён аламамро тоза карданд. Гуфтам, ки аз пагоҳ ҳатман тамрин мекунам. Ҳамин тавр боз ба машқ мерафтагӣ шудам.
Қаҳрамони ҷаҳон, медали олимпӣ…
Ин дафъа ҷиддӣ ба варзиш машғул шудам ва заҳматам борвар гашт. Соли 1972 аввал устоди варзиш, баъдан устоди дараҷаи байналмилалӣ шудам. Соли 1974 ба ҳайати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шуравӣ шомил гардидам. Соли 1975 мураббиамон Арсен Балов маро дар ҳайати дастаи Иттиҳоди Шуравӣ ба чемпионати ҷаҳон шомил кард. Ин бароям ногаҳонӣ буд. Ҳама ҳайратзада буданд. Он сол бояд Эмма Гапченко, чемпиони ҷаҳон (соли 1973) ба мусобиқа мерафт, аммо бо сабаби хуб омода набуданаш, маро ба ҷояш гирифтанд.
Ҳамчун варзишгари рақами чор номнавис шудам. Дар ин сафар ҳайати даста маро барои «хурдсолтарин варзишгар» буданам, эҳтиёт мекарданд. Он сол анқариб аз тамоми намуди мусобиқаи камонварӣ: дар масофаҳо, гурӯҳӣ, инфиродӣ ҷойи аввалро гирифтаму рекордҳои нави ҷаҳонӣ гузоштам. Лутфи Худоро бинед, ки дар ҳайати даста ҳамчун варзишгари рақами чор рафта бошам ҳам, чун варзишгари рақами як баргаштам. Аз ин ба баъд ба кадом мусобиқае наравам, бе медал барнамегаштам.
Соли 1976 иштирокдор ва ғолиби бозиҳои олимпӣ гардидам. Медали биринҷии олимпиада низ бароям осон ба даст наомад…
«Оиладор шавед»
Устодону мураббиён ҳамеша таъкид мекарданд, ки дар вақташ оиладор шавем. Аз зиндагии варзишгароне, ки дар оиладориву таваллуд дер карда буданд, мисолҳо меоварданд. Пас аз бозиҳои олимпии соли 1976 гуфтанд, ки то мусобиқаҳои дигар як сол муҳлат, касе хоҳад оила барпо намояд. Ҳамин тавр, соли 1977 ман ҳам оиладор шудам. Вақте шавҳар кардам, ҳама мегуфтанд, ки дигар Зебунисо ба варзиш барнамегардад. Аммо исбот кардам, ки метавон оилаву варзишро тавъам сохт.
Ҳоло соҳиби ду фарзанду шаш набераам. Писаронам соҳаи иқтисодро интихоб карданд. Дар оилаи мо ҳама варзишро дӯст медоранд. Обутоби бадан барои ҳар нафар ҳатмист. Дӯстдории варзишро дар ниҳоди инсон аз боғчаву мактаб бояд ҷой кард. Дар назди макотиби миёнаву олӣ бояд клубҳои варзишӣ таъсис ёбанд. Мутаассифона, дар мо истеъмоли доруро афзалтар медонанд, дар ҳоле, ки бо истифода аз варзиш инсон метавонад аз бисёр дардҳо раҳо ёбад.
Арсен Балов…
Мураббии мо хислати хубе дошт, мекӯшид, то ҳар дафъа варзишгарони навро ба майдон барорад. Вақте варзишгар нав аст, тарсу масъулиятро камтар эҳсос мекунад ва аз рӯи техника хуб тир мепарронад. Барои чемпион душвортар аст. Вақте медонӣ, ки ҳама аз ту медали тилло интизоранд, таҳти таъсири сахти равонӣ қарор мегирӣ.
Дар Иттиҳоди Шуравӣ чемпионҳои ҷаҳон зиёд доштем. Ирина Солдатова, Наталя Бутузова, Эмма Гапченко, Кетеван Лосаберидзе ва дигарон.
Ба андешаи ман…
Мо чемпионҳои зиёди ҷаҳон ва қаҳрамонҳои олимпӣ доштему дорем. Юрий Лобанови тоҷикистонӣ дар заврақронӣ 10 карат чемпиони ҷаҳон буд. Ё Анатолий Старостин дар варзиши панҷҳарба қаҳрамони олимпӣ буд. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва дигарон натиҷаҳои баланди варзишӣ ба даст оварданд.
Замоне аз роҳбарияти Кумитаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ канор рафтам, пешниҳод карданд, ки ба соҳаи маориф гузарам. Мутаассифона, ин корро ба таъхир гузоштам. Бояд пешниҳодро пазируфта, клубу гурӯҳҳои варзишии мактабиро пурзӯр мекардам.
Намудҳои варзиши даставӣ, ин намудҳои беҳтарини варзиш дар дунёст. Тарбияи гурӯҳӣ он ҷо шакл мегирад. Волейбол, басткетбол, футбол, гандбол ҳама бозии даставист. Омӯзиши ин навъи варзиш бояд дар мактабҳои миёна хуб ба роҳ монда шавад.
Орзуи ман…
Осудагии дунёро, сулҳро дар сайёра орзу дорам. Саломатии инсонҳо, покии табиатро мехоҳам. Дили ҳар ҳамватанам барои Ватан битапад ва ин шеъре, ки шиори зиндагии ман гаштааст, имрӯз шиори ҳамагон бошад:
Дил ба ғами Ватан фигор мо накунем, кӣ мекунад?
Ҷон ба раҳи Ватан нисор мо накунем, кӣ мекунад?
Гулноза БОБОМУРОДОВА
Мубодила:
Шарҳҳо
