БОЙГОНӢ

«    Август 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ситораҳои дурахшон

Варзиш

Муҳимтарин зарфияте, ки инсонро ба рушд ва пешрафтҳои касбӣ ва эҷодӣ таҳрик дода, ба қуллаи орзуву ҳадафҳояш мерасонад, завқ ва иродат ба шуғлу касбҳоест, ки аз овони кӯдакиву наврасӣ андур замири ӯ маъво гирифтааст. Шуълаи шавқ ва рағбат ба шатранҷбозӣ ҳанӯз аз овони хурдсолӣ дар дили Фотима ҷой гирифта буд, ки қариб ҳар рӯз дар саҳни ҳавлии хонадонашон дӯстдорони ин бозии зеҳнӣ ҷамъ омада, мусобиқа меоростанд.

Пешоҳанги шатранҷбозони деҳи Хушбахтии деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён қиблагоҳи равоншодаш Гурез Пиров, дар баробари пешаи омӯзгорӣ ҳанӯз дар аҳди собиқ Шӯравӣ унвони қаҳрамони Тоҷикистон оид ба шоҳмотро ба даст оварда буд.

— Гузори солҳо аз миёни шогирдони падарам, ки ҳамагӣ ҷавонписарон буданду баъзан ҳузури ягона духтарбачаи шатранҷбозро ба истеҳзо мекашиданд, танҳо ман ба мусобиқаҳои ноҳиявию вилоятӣ ва минбаъд ба бозиҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтам, — табассумомез гуфт қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон оид ба шоҳмот Фотима Пирова. 

— Аз овони 9-солагӣ нахуст бо падару бародарон ва шатранҷбозони деҳа мустақилона рақобат мекардам ва баъдан бо тамринҳои пайваста ва роҳнамоии падарам ба мусобиқаҳои мактабӣ ва миёни мактабҳои ноҳия роҳ ёфтам.

Ба ростӣ, аз бозӣ худро мешиносам, дар дил зиёд орзуву ҳавасҳо парвардаам, аммо дар интихоби шуғли дӯстдоштанӣ ба ҷуз шоњмотбозӣ дар зеҳн андешаи дигар намегунҷид. Дар ин ҷода толеи баланд доштаам, ки падар нахустин устод ва роҳнамоям буду то нимашабон ҳамроҳ тамрин мекардем ва ҳамеша таъкид мекард, ки дар симои ман қаҳрамони Тоҷикистон оид ба шоҳмот ва муаррифгари бонуи тоҷик дар арсаи оламро тасаввур мекунад.

Фотима аз солҳои аввали иштирок дар давраҳои ноҳиявӣ ва вилоятии мусобиқаҳои шоҳмот байни наврасон ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, ҳаминсон, соли овони таҳсил дар синфи 8-уми МТМУ №14-уми ноҳияи Кӯшониён дар бахши касбии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоњмот миёни наврасону ҷавонон сазовори унвони қаҳрамони Тоҷикистон оид ба шоҳмот гардид.

Ғолибият дар даври ҷумҳуриявии ин мусобиқаи бонуфуз азму иродаи ӯро дар интихоби касбу пайроҳаи интихобкардааш тақвият бахшид, ки бо панду ҳидоятҳои падар муаррифгари бонувони миллат дар арсаи ҷаҳонӣ бошад.

Солҳои таҳсил дар синфҳои болоии мактаби зодгоҳаш ва пасон, факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гули сабади маҳфил ва чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ буд. Тавре дӯстони даврони мактабиаш иқрор меоянд, тамошои медалу ҷоизаҳои аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба шоњмот овардаи Фотима Пирова ба ҳамсолону ҷавондухтарони шаҳр ва деҳот ангезаи худшиносиву бедории фикрӣ мебахшид, ки монои ӯ — қаҳрамондухтари шатранҷбоз дар зиндагӣ муборизу муваффақ бошанд.

— Дилбастагии беҳад ба ин намуди варзиш ва орзуву ҳадафҳои рӯзафзун маро водор намуд, ки таҳсилоти олиро дар шуъбаи ғоибона идома бахшида бошам, то шароит ва имкони дар бештар аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба шоњмот ширкат варзидан дошта, рейтинги фардиамро дар феҳристи шоњмотбозони касбӣ боло барам ва ба ин васила роҳи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалиро фароҳам биоварам, — иброз медорад ҳамсуҳбатам. — Завқ ва муҳаббати бузург ба бозии шатранҷ мояи рушди малакаву истеъдоди роҳнаварди ин ҷода мегардад ва инро аз таҷрибаи ҳаётии худ гуфтам. Ҳама фикру зикрам дар банди тахтаи шоњмот ва гашти беохири муҳраҳои шоњмотбозист. Ҳосили ин ишқ ва иштиёқи бузург ба бозии шоњмот диплому медалҳо аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аст, ки тайи солҳои 2009–2018 сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаам.

Ҳамзамон, соли 2018 дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот дар Ҷумҳурии Булғористон ширкат варзида, аз ҳисоби фардӣ ҷойи дувум ва аз ҳисоби даставӣ мо, шоњмотбозони тими бонувони Тоҷикистон, сазовори ҷойи сеюм гардидем. Баъди бозгашт ба Ватан ба унвони Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоњмот сазовор гаштам.

Бар замми ширкати фаъол дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун даврони донишҷӯӣ, то имрўз Фотима Пирова ба симати омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-уми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, МТМУ №25 ва мураббии шоњмот дар Мактаби варзишии ноҳияи Кӯшониён фаъолият намудааст, бо ташкили «Маҳфили шоњмотбозон» таваҷҷуҳи даҳҳо наврасону ҷавононро ба ин намуди варзиш ҷалб намудааст. Ҳолиё, аз миёни онҳо чандин нафар ғолибони мусобиқаҳои даври вилоятӣ ва иштирокчиёни даври ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот ҳастанд.

Айни замон, дар баробари пешаи омӯзгорӣ, бо дастгирии Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Кӯшониён маҳфили «Шоњмотбозони наврас»-ро фаъол бинмуда, бовар дорад, ки дар сурати ду–се соли иштироки фаъол дар тамринҳо дастпарварони ӯ дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намунавӣ хоҳанд гардид.

— Ягона орзуям ин сомон ёфтани намояндагони Федератсияи шоњмоти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аст, ки ба ин васила метавон беҳтарин шатранҷбозони маркази маъмурии вилоят — шаҳри Бохтар ва дигар шаҳру навоҳии минтақаро сарҷамъ бинмуда, бо ба роҳ мондани семинару машғулиятҳо миёни дӯстдорони ин намуди варзиш ва рушди истеъдодҳо аз ҳисоби шоҳмотбозони вилояти Хатлон беҳтаринҳоро ба мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ омода намуд, — мегўяд Фотима Пирова. — Зеро ҳанӯз аз солҳои 1960-уми асри гузашта дар ин сарзамини бостонӣ даҳҳо шоњмотбозони моҳир ба воя расидаанд, ки ҷоизаҳо ва унвонҳои қаҳрамонӣ оид ба ин намуди варзишро ба даст овардаанд. Месазад, ки дар ин шабу рӯз, дар пайравӣ аз иқдомҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои гуногуни варзиш таваҷҷуҳи зиёд дода шавад. Ташкили маҳфил ва гурӯҳҳои шоҳмотбозон дар шаҳру ноҳияҳо, бахусус, маркази маъмурии вилоят, шаҳри Бохтар, метавонад заминаи воқеии дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавононро дар ин риштаи варзиш фароҳам орад.


Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

вилояти Хатлон


Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2025_small_.pdf [4.18 Mb] (зеркашиҳо: 10)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон