БОЙГОНӢ

«    Октябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Духтарон футбол мебозанд

Варзиш

Ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва сулҳу оромӣ дар кишвар соҳаи варзиш рушд ёфта, ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат табдил ёфтааст. Пешравӣ ва дастовардҳое, ки дар ин муддат соҳаи варзиш ба даст овардааст, дар таърихи ҷумҳурӣ беназир маҳсуб меёбанд. Дар ин раванд, ба истифода додани як қатор маҷмааҳо ва толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ дастоварди бузургест.

Ҳукумати кишвар ба хотири рушди соҳаи варзиш барои наврасону ҷавонон, ташвиқу тарғиб ва тарзи ҳаёти солим шароити мусоид фароҳам меорад, зеро варзиш воситаи беҳтарини нигоҳдории саломатии инсон ба шумор меравад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ на танҳо дар пойтахти мамлакат, балки дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ пешравиҳои зиёд ва ободиву созандагӣ ба назар мерасанд, ки ҳамаи онҳо аз сулҳу суботу ягонагӣ сарчашма мегиранд. Аз ҷумла, ноҳияи Носири Хусрав дар ин самт пешсаф буда, ба як қатор дастовардҳо ноил гаштааст. Дар ҳамин раванд, Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия, ки соли 2014 ташкил шудааст, аз дабистонҳои пешсаф аст. Алҳол, дар мактаб 334 кӯдак ва наврас ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар ин дабистон, дар баробари писарон, духтарон низ ба варзиш машғул мешаванд.

Солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ зиёд шуда, ба ҳамаи намуди варзиш майл менамоянд. Пештар духтарони мактаби варзишӣ бештар ба бозиҳои воллейбол, шоҳмот ва шашкабозӣ авлавият медоданд. Оҳиста-оҳиста дар майдон духтарон ҳамроҳи писарон ба футбол рӯ оварданд. Соли 2014 дастаи духтаронаи футбол ташкил шуд. Дастаи мазкур аз солҳои 2020 то 2024 соҳиби ҷойҳои намоён мегардад. Хушбахтона, дар соли 2024 аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон барои иштирок дар бозии дӯстона варзишгарони синни 17–19-сола, 9 нафар ҷавондухтар ба Арабистони Саудӣ сафар намуданд, — иброз дошт роҳбари мактаби мазкур Эркин Нормуродов.

Солҳои охир ба футбол пайвастани духтарон зиёд дида мешавад. Ҳоло ба ифтихори духтарони тоҷик дар арсаҳои байналмилалӣ Парчами давлатии Тоҷикистон боло мешавад ва Суруди миллии Тоҷикистон садо медиҳад.

— Ҳоло футболбоздухтарони мо ба чемпионати Тоҷикистон, ки соли 2025 доир мешавад, омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Духтарон дар мусобиқаи шашкаву шоҳмот дар Ҷоми Пешвои миллат моҳи декабри соли гузашта иштирок карда, сазовори ҷойи намоён гаштанд. Дар ноҳия ҳоло ҳам се гурӯҳ гимнастикаи бадеӣ низ вуҷуд дорад. 

— Дар бозии футбол байни бонувону мардон ягон тафовут нест. Имрӯз дар кишвар дастаҳои футболи занона ташкил шудаанд, ки дар рушди он саҳми Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон зиёд аст. Дар ин миён дастаи «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав аз дастаҳои фаъоли занонаи ҷумҳурист, — мегӯяд бо ифтихор муаллими мактаби варзишӣ.

Эркин Нормуродов чанд соли умри худро ба соҳаи варзиш бахшида, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Даҳҳо варзишгар аз мактаби ӯ сабақ гирифта, имрӯз дар ин ҷода комёб гаштаанд. Ба ҳамин хотир, аҳолии ноҳия ӯро чун устоди варзиши худ медонанд.

— Бо модарони ҳамкории хубро ба роҳ мондаем. Дастгирии волидон ва таваҷҷуҳи онҳо ба духтарон нерӯву қувват бахшида, сабаби комёбиҳои онҳо мегарданд. Падару модарон худашон духтаронашонро ба тамрингоҳ оварда, ба варзиш ҷалб менамоянд, — гуфт Эркин Нормуродов.

Соли 2020 беҳтарин бозигари чемпионати футболи ҷумҳурӣ Рафина Нурмуродова дониста шуд. Вай алҳол оиладор буда, соҳиби фарзанд аст ва дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Носири Хусрав ҳамчун мураббии гимнастика заҳмат мекашад.

Дар бештари ҳолат оиладоршавии духтарон сабаби аз варзиш дур мондани онҳо мешавад. Оиладорӣ боис мешавад, ки духтарон аз варзиш даст кашанд, зеро, ба андешаи бештари онҳо, вазифаи зан танҳо аз фарзанд таваллуд кардан ва тарбияи кӯдак иборат аст. Аммо варзиш барои ҳар нафар муҳим буда, онро бояд пеш аз ҳама барои саломатӣ интихоб намоем, — мегӯяд Эркин Нормуродов.

— Тобистон тамрин кардан хеле мушкил мешавад. Аз сабаби иқлими гарми ин мавзеъ машқро пас аз фурӯ рафтани офтоб оғоз менамоем. Тибқи нақша бояд дар як ҳафта ҳашт соат тамрин намоем. Ҳар рӯз пас аз соати 16–17 дар майдон футбол мебозем. Баъзе рӯзҳои истироҳат низ ба майдон мебароем, — афзуд мураббии варзиш.

 

Хушоянд аст, ки даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонувони тоҷик ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Имрӯз занону духтарони мамлакат, дар баробари касбу кори гуногун, ҳамчун варзишгарони шинохта низ ном баровардаанд. Бонувон, дарвоқеъ нерӯи бузурги ҷомеа буда, иззату икроми онҳо вазифаи аввалиндараҷаи мост.

Мадина БАЛАҶОНОВА,

Душанбе — Носири Хусрав — Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_10_2025_small.pdf [3.88 Mb] (зеркашиҳо: 27)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон