Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Манфиати бозии теннис
ВарзишТабибон бар онанд, ки тенниси рӯи миз ба таҳкими системаи дилу раг ва ба эътидол овардани фишори хун мусоидат намуда инсонро аз гирифторшавӣ ба сактаи қалб пешгирӣ мекунад.
Тенниси рӯи миз як машқи олӣ на танҳо барои мушакҳо балки барои чашмон низ ҳисоб мешаванд. Диққати доимӣ ба тӯб, ҳангоми дур ва наздик шудан барои рафъи шиддату хастагӣ ва нигоҳ доштани биниши аъло кӯмак менамояд.
Машқи мунтазами тенниси рӯи миз ба мустаҳкам кардани мушакҳои пой, даст, пушт ва шикам ҳам кӯмак мекунад. Ғайр аз ин, тенниси рӯи миз буғумҳои гуногунро дар дастҳо, пойҳо ва бадан ба кор медарорад. Дар натиҷа, буғумҳо чандиртар шуда, ҳангоми калонсолӣ фаъолияти ҷисмониро нигоҳ медорад.
Тадқиқоти 25-сола бо иштироки беш аз 8500 нафар нишон додааст, ки теннисбозон нисбат ба дигар варзишгарон 10 сол зиёдтар умр мебинанд. Дар байни ҳама намудҳои варзиш теннис аз рӯи дарозумрӣ ҷои аввалро касб кардааст.
Мунтаззам машқи тенниси рӯи миз ба ташаккули иродаи инсон мусоидат мекунад. Ҳангоми бозӣ одам аз фикрҳои тира ва афсурдаҳолӣ раҳо меёбад. Бештари вақт тенниси рӯи мизро барои барқарор кардани солимии равонӣ дар давраи пас аз ҷарроҳӣ тавсия медиҳанд. Ин роҳи беҳтарин барои мубориза бо асабоният ҳисобида мешавад.
Тенниси рӯи миз ба саломатии бозингарони ҳама синну сол таъсири мусбӣ расонда, ҳам ба кӯдакону калонсолон ва пиронсолон муфид аст. Ин на танҳо як варзиши байналмилалӣ ва бозии ҷолибу фароғатӣ, балки як машқи муассир барои тамоми узвҳои бадан аст.
Таҳияи Мадина
Мубодила:
Шарҳҳо











