Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Манфиат аз кори ҷисмонӣ
ВарзишФаъолияти ҷисмонӣ роҳи муассири беҳтар кардани саломатӣ ҳисоб ёфта, ба пешгирии бемориҳои дилу раг, диабети қанд ва саратон мусоидат мекунад. Он мушакҳо ва устухонҳоро мустаҳкам карда, мубодилаи моддаҳоро беҳтар ва фишори хунро муътадил мегардонад. Устувориро дар ниҳоди шахс зиёд карда, барои муътадил нигоҳ доштани вазн кумак мекунад. Хобро беҳтар карда, асабониятро коҳиш ва табъи инсонро болида мегардонад. Ҳамчунин қобилияти кориро баланд мебардорад.
Ҳатто дар як ҳафта ду ё се рӯзи барои корҳои ҷисмонӣ ҷудокарда метавонад, қувваро афзун ва мушакҳоро мустаҳкам гардонад. Ҳамзамон зиёнеро, ки инсон дар натиҷаи кори нишаста мегирад, метавонад бартараф намояд.
Нафароне, ки ба кори вазнини ҷисмонӣ машғуланд, ба туфайли моддаҳои кимиёвӣ, ки эндорфин номида мешаванд, аксар вақт худро бениҳоят хуб ҳис мекунанд. Зеро он имкон медиҳад, ки майна возеҳ фикр карда, асабониятро коҳиш диҳад. Чунки муддати дароз нишастан ихроҷи эндорфинҳоро коҳиш дода, ба таназзули равонӣ мерасонад.
Меҳнати ҷисмонӣ метавонад дар ташаккули хислат беҳтарин восита гардад. Он қатъият, суботкорӣ, меҳнатдӯстӣ ва дақиқкориро ба вуҷуд меорад. Ин сифатҳо барои муваффақият, рушд, афзоиш ва бартараф кардани мушкилот муҳим ҳисобида мешаванд.
Фаъолияти ҷисмонӣ ба шахс барои коҳиш додани вазни барзиёд кумак мекунад. Ҳамчунин он барои дилу рагҳо низ муфид ҳисоб меёбад. Чунки дил низ аз мушакҳо иборат буда, машқҳои мунтазам ва мутавозин ба мустаҳкам кардани устувории он мусоидат карда, чандирии деворҳои рагҳои хунро беҳтар мекунад.
Истодан, ҳаракат кардан, вазнинӣ бардоштан ва умуман фаъол будани ҷисмонӣ дар давоми рӯз калорияҳоро сӯзонда, ба қавишавии мушакҳо мусоидат мекунад.
Кори ҷисмонӣ мушакҳои дил, рагҳои хунгузар, системаи нафаскашӣ ва дигар узвҳоро мустаҳкам ва инкишоф медиҳад, ки ба ин тариқ системаи гардиши хунро хеле осон карда, ба системаи асаб таъсири мусбат мерасонад.
Таҳияи Мадина Балаҷонова
Мубодила:
Шарҳҳо











