Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Пӯсти рӯйро муҳофизат мебояд
ЗебоӣДар фасли гармо пӯсти рӯйи инсон ба нигоҳубини махсус ниёз дорад. Ҳавои гарм, чангу ғубор, нурҳои офтоб метавонанд ба пӯст таъсири манфӣрасонанд. Дар чунин ҳолатҳо аксаран пӯст хушк, равғанин ва бар асари нурҳои офтоб сӯхта, тағйири ранг менамояд.
Нигоҳубини пӯст яке аз амалҳои асосиест, ки дар ин фасл бояд роҳандозӣгардад. Барои аз ғубор эмин нигоҳ доштани рӯй ҳар субҳ ва бегоҳ бо воситаҳои косметикии махсус рӯйро тоза кардан муҳим аст. Он бояд сабук, бидуни равған ва спирт бошад.
Меҳронабону – пардозгари хушном, барои нигоҳубини дурусти пӯсти рӯй дар фасли гармо чанд тавсияи худро пешниҳод менамояд.
Барои пешгирӣкардани хушкшавии пӯсти рӯй бояд ҳар рӯз ҳадди ақал 1,5 - 2 литр об ё чойи сабз бинӯшед. Барои муҳофизат аз нурҳои сӯзони офтоб аз малҳам истифода бурда, ҳатто дар рӯзҳои абрнок низ аз он истифода баред, зеро нурҳои ул- трабунафш абрҳоро рахна намуда, ба рӯй таъсири манфӣмерасонанд. Ҳангоми бозгашт аз кӯча рӯйро шуста, пок созед.
Нурҳои ултрабунафши офтоб метавонанд бармаҳал ба пиршавӣ, офтобсӯхтагӣва ҳатто са- ратони пӯст оранд. Дар ин маврид малҳамҳои муҳофизатӣкумакрасони шумост. Пӯшидани кулоҳ ва истифодаи чатр низ тавсия мешавад.
Равғани кунҷид аз антиоксидант ва витаминҳо бой аст, ки тақрибан 30 фоиз шахсро аз нурҳои ултрабунафш эмин медорад. Норҷил (кокос), зайтун ё равғани авокадоро низ метавон бо ин мақсад истифода бурд.
Ниқоб аз бодиринг
Пораҳои бодирингро метавонед ба рӯй монед, зеро онҳо ба рӯй сардиву рутубат бахшида, сурхиашро бартараф месозад. Бодиринг, сабр (алоэ), пудина ва чойи сабз барои сард кардани пӯст мувофиқанд. Пӯсти рӯйро таскин бахшида, илтиҳобро коҳиш медиҳанд.
Бодирингро реза ва бо оби сабр омехта кунед. Ба рӯйи офтобсӯхта ғафс молед ва 15 - 20 дақиқа нигоҳ доред, баъдан бо оби сард шӯед. Ин амалро дар як ҳафта як маротиба ба ҷо оред. Шарбатҳои тару тоза истеъмол намоед. Шарбати кабудиҳо барои нигоҳ доштани чандирии пӯст муфид аст.
Ниқоб аз йогурт
Ду қошуқ йогуртро бо 1 қошуқ асал омехта ку- нед. Онро ба рӯй молед ва 10 - 15 дақиқа нигоҳ доред. Сипас, рӯйро бо оби хунук шӯед.
Ниқоб аз банан ва асал
Банан ва асалро ба ҳам омехта, муддати 15 - 20 дақиқа ба рӯй молед ва баъдан бо об бишӯед. Хокаи зарчӯба ва ширро то хамира шудан ба ҳам омехта, ба рӯй молед, пас аз 10 - 15 дақиқа онро бо об бишӯед. Ин ниқобҳоро метавонед ҳар рӯз истифода баред.
Таҳияи МАДИНА
Мубодила:
Шарҳҳо
