Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
ЗЕБООФАР
ЗебоӣТо олами орзуҳо расидан, роҳест душворгузару мушкилписанд, аммо на ҳар инсон бидуни заҳмату бедорхобиҳо дар зиндагӣмуваффақ мешавад.
Заҳмат, талошу ғайрат, сабур будан метавонанд инсонро ба қуллаҳои мурод бирасонанд. Хушбахтона, насли фардосози Меҳан, духтарони серталошу заҳматкаш аз ҳар имкон истифода бурда, чи дар дохилу чи бурун аз Ватан дар касбу кори гуногун муваффақ гаштаанд.
Ҷавондухтари зебопараст Саида Доробшоева, ки худ зебосту касбу кораш низ вобаста ба зебоии инсон, хосса зебоии бонувон аст, дар кӯҳистони дурдасти Ватан, дар рустои Чарсеми ноҳияи Шуғнон тавлид ёфта, дабистони зодгоҳашро хатм ва шомили Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев мешавад.
Аз овони кӯдакӣ рағбаташ бештар ба ороиши мӯйю абрӯ, чеҳраороии бонувону наварӯсон буд. То соҳибдиплом шуданаш, ҳам хонду ҳам омӯхт, ҳам заҳмат ба бор дошт.
Имрӯзҳо яке аз соҳаҳои муҳими зебоиофарӣва нигоҳубини симо ин косметология мебошад. Бо рушди технология ва таваҷҷуҳи афзояндаи мардум ба зебоӣ, нақши мутахассисони соҳа боз ҳам муҳимтар мегардад.
Яке аз самтҳои муҳими косметология, ки талаботи зиёд пайдо кардааст, перманенти абрӯ ва лаб мебошад ва яке аз чунин мутахассисони ҷавон ва боистеъдод Саида ба шумор меравад, ки дар самти перманенти абрӯ ва лаб фаъолияти густарда дорад.
Имрӯзҳо Саида Доробшоева дар шаҳри Москва як тан аз моҳиртарин ороишгар миёни бонувони тоҷик шумурда мешавад, ҳам музди ҳалол ба даст меораду ҳам барои тоҷикони бурунмарзии дар ин шаҳр иқоматдошта хидмат мерасонад.
Тарзи кори Саида на танҳо ҷузъиёти техникиро дар бар мегирад, балки ба эҳсоси худбоварӣва зебоии табиии занон низ равона шудааст. Муштариён ӯро барои ҳирфаият ва муносибати нарм меписанданд.
Шахсе, ки дар ин самт бо маҳорати баланд фаъолият мекунад, на танҳо симои инсонро зебо мегардонад, балки ба ӯ эътимоди нафс мебахшад. Бо зарфияти баланди касбӣ, ӯ ҳар як муштариро бо эҳтиром мепазирад, хоҳишҳои онҳоро мефаҳмад ва бо дасти сабук чеҳрае меофарад, ки табассум дар рӯйи одамон нақш мебандад. Ҳар як хатти абрӯ ва ранги лаб зери ангуштону қалами ин шахс ба як асари беназир мубаддал мегардад. Аз ҳамин ҷост, ки номи ӯ дар байни муштариён бо эҳтиром ва эътимод садо медиҳад.
Бо меҳру сабр ва дониши касбӣ шогирдони зиёдеро тарбия кардааст, ки имрӯзҳо ҳар кадоме дар гӯшаҳои гуногуни кишвар ва ҳатто берун аз он фаъолият дорад.
Саида бар он бовар аст, ки зебоӣ танҳо зоҳир нест балки эҳсоси оромӣ, эътимод ба нафс ва муҳаббат ба зиндагист.
Новобаста аз он, ки дар ороиши абрӯву дигар зебоофарии тоҷикона дар Ватан моҳир буд, барои сайқали ҳунар ба Москва омад ва дар ин шаҳр низ ҳам омӯхту ҳам даҳҳо духтарони иштиёқманди ин касбро таълим дод, то гулдухтарони тоҷик ба тақлиди дигар халқиятҳо напардозанду сурату ороиши зебои тоҷикона дошта бошанд.
Саида Доробшоева пас аз он, ки бо мақсади такмилу тақвияти ҳунараш ба Маскав омад, дар даҳҳо курсҳои омӯзишӣ хонд ва ният дорад, ки ба Ватан баргашта бо ин шуғл ҷиддӣ машғул шавад, давраҳои синфи омӯзишии ороишу зебоофариро таъсис диҳад ва ҳар он чизеро, ки омӯхтаасту тавони анҷомашонро дорад, ба ҳавасмандони ин касб омӯзонад.
Маърифати ХУРШЕД,
ш. Москва
Мубодила:
Шарҳҳо
