БОЙГОНӢ

«    Октябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Сирри ҷавонии зан

Зебоӣ

Фаъолияти ҷисмонӣ беҳтарин васила барои ҷавон мондани инсон аст, бахусус, бонувон. Ҳамеша кӯшиш намоед, ки аз хоб “сер” кунед. Барои ин 7-8 соат кофист, зеро хоби зиёд низ ба саломатӣ зарар дорад. Аз хоби зиёд ва беҳаракатӣ вазни бадан  зиёд шуда, боиси гирифторшавӣ ба бемориҳои гуногун мегардад. Сари ҳар вақт аз муоинаи духтурон гузашта, дар асоси ташхиси табибон амал намудан муҳим аст.

         Чормағз  аз сафедаҳо, кислотаҳои равғанӣ, минералҳо ва витаминҳои В бой буда, ба нафари истеъмолкунанда қувваю неру медиҳад, ки боиси ҷавон мондани инсон мегардад.

        Сабзӣ дорои витамини А мебошанд, ки мубодилаи моддаҳоро ба эътидол оварда,  баданро мустаҳкам мекунад. Ин маҳсулот фаъолияти тамоми узвҳои дохилиро зиёд мекунад.

         Брокколи аз витамини С бой аст, ки пӯстро тару тоза ва чандир нигоҳ медорад. Он инчунин сатҳи  холестиринро дар бадан  коҳиш дода, ба фаъолияти солимии  дил мусоидат мекунад. Брокколи дар таркибаш  магний дошта,  системаи асабро мустаҳкам менамояд. Дар вуҷуди инсон   ҳама намуди ҳуҷайраҳои саратонро мекушад.

         Меваҳои ситрусӣ аз витамини С бой мебошанд, ки чандирии пӯстро таъмин мекунад.

 

         Буттамева аз антиоксидантҳои антосианин бой буда,  майнаро аз бемориҳо дар пиронсолӣ муҳофизат карда,  барои биниши чашм низ  хеле муфид аст.

         Себ ҳозимаро беҳтар намуда,  равғанҳои зиёдатиро сӯзонда, дандонҳоро тоза ва  баданро аз сироятҳои гуногун муҳофизат мекунад.

         Тухми каду  баданро тоза карда,  пӯстро аз доғҳои гуногун муҳофизат мекунанд.

                                                                          Таҳияи Мадина

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_10_2025_small.pdf [3.88 Mb] (зеркашиҳо: 41)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон