БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Меҳргони меҳроин

Хабарҳои муҳим / Слайдер

     20 октябри соли равон дар  Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе  Иди  Меҳргон бо шаҳомату шукуҳи хоса таҷлил гирдид. Ба гуфти сокинон тантанаи ҷашни имсола аз солҳои пешин ба куллӣ фарқ дошт. Ҷашни бостонӣ  дар якҷоягӣ бо  “Иди себу ангур”, фестивали “Занбӯрпарварон”, намоиш-фурӯши асал,  фестивали «Оши палов» ва  намоиш-фурӯши анвои гуногуни шолию  биринҷ баргузор гардид. Дар баробари сокинони пойтахт ва гирду атрофи он, иштироки меҳмонони зиёди хориҷӣ низ ба назар мерасид, ки ба растаю гӯшаҳои рангоранг сар зада, аз зебогиҳои ҷашнгоҳ ба ваҷд меомаданд.

 

     Боғпарварони кишвар намунаҳои ҳосили меҳнаташонро аз қабили себ, хурмо, ангур, анор, чормағз, нок, олу, себи биҳӣ ва ғайраҳо ба намоиш-фурӯш гузоштанд, ки сокинону меҳмон тавонистанд онҳоро бо нархҳои арзону дастрас харидорӣ намоянд. Растаи кишоварзон пур аз сабзавоту полезиҳо: қаланфуру  помидор,  бодирингу каду, пиёзу картошка ва сабзию карам буд. Асали хушмаззаи занбӯрпарварони кишвар ҳаводори зиёде дошт.

   Ташкили намоиши ҳунарҳои мардумӣ, садои мусиқӣ ва овозхонии санъаткорони номии кишвар ба Иди Меҳргон ҳусни тозае зам намуд.

  Ҳадаф аз баргузории ҷашни ниёгон - Иди Меҳргон тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои миллӣ ва баҳра бурдан аз таҷрибаи деҳқонону боғдорони таҷрибаандӯхта мебошад.

    Дар ин рӯз Озмуни ҷумҳуриявии “Фарҳанги меҳмондорӣ ва дастархонороӣ” бо инъикоси русуми меҳмоннавозии тоҷикона ҷамъбаст гардид.

  

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон