Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Башорати Паём: мараторий дар санҷишҳои соҳибкорӣ
Хабарҳои муҳим / СлайдерПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карданд.
Қайд мешавад, ки мораторияи эълоншуда ба рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ, воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ барои беҳбудии самтҳи иқтисоди кишвар мусоидат менамояд.
Муносибатҳо вобаста ба мораторияи эълоншуда дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» танзим мегардад.
Тибқи муқаррароти Қонун дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ боздошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки давоми солҳои 2008 – 2022 (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022) дар ҷумҳурӣ 4 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шудааст.
Гулноза Бобомуродова,
“Бонувони Тоҷикистон”