БОЙГОНӢ

«    Январ 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Масъуд Пизишкиён: “Эҳсоси ғурбат намекунам, мисли кишвари худамон!”

Хабарҳои муҳим / Слайдер

Эмомалӣ Раҳмон: “Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон! Шуморо самимимона ба хонаи худатон хайрамақдам мегӯем!”.

 Масъуд Пизишкиён: “Хело хушҳолам, ки ин ҷо хидмати шумоем!”

Бо ҳамин гуфтугӯ санаи 16-уми январ рӯзи дуюми сафари давлатии Раиси Ҷумҳури Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ шуд. 

 15-уми январи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

 Бо нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақомро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе пешвоз гирифтанд.

Дар аввалин лаҳзаҳои дидор, Сарварони олимақом якдилона таъкид доштанд, ки ин ташрифу дидорбинӣ дар таърихи муносибатҳои ду кишари ҳамҷавору ҳамфарҳнг саҳифаҳои нав боз мекунад.  Аз чеҳраҳои бисёр самимиву шод, оғӯши бози ду бародари ба дидори ҳам расида аён буд, ки ин меҳру садоқати беинтиҳои солҳову қарнҳост, ки дар шахсияти ду воломақом зоҳир мегардад.

  Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин кишварест, ки Пизишкиён ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон сафари расмии давлатӣ анҷом медиҳад.

Дар вазъияти зидду нақизи имрӯзаи дунё, ки сиёсати ҷаҳонӣ бо марҳилаи бӯҳрону чолишҳои зиёд рӯбарӯст,  ҳам ҷониби Тоҷикистон ва ҳам Эрон аз ин сафар интизориҳои зиёде доранд. Дар ин шароит густариш додани ҳамкориҳои судманд миёни кишварҳои дорои муштаракоти забониву фарҳангӣ аз манфиат холӣ нест. Тоҷикистону Эрон бо назардошти марзҳои муштарак бо Афғонистон манфиатдори вазъи хуби сиёсиву амнияти ин кишвари ҳамҷавор ҳастанд.

Муносибатҳои хуби Тоҷикистону Эрон метавонад барои  рушду тавсеии муносибатҳои ҳамҷаворӣ, ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ гардад ва дар пешрафти риштаҳои иқтисодӣ қадами ҷиддие бошад. 

Ҳамкориҳо дар соҳаи коркарди маъданҳои кӯҳӣ, ба мисли тилло, нуқра, алюминий, саноати бофандагӣ дар шароити таҳримҳои ғарбӣ дар муқобили Эрон барои ин давлат муҳим аст. Эрон метавонад ба хотири тавсеаи содироти молу маҳсулоти омода дар оянаи наздик, ба бахшҳои гунонуги иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд. . Дар самти бунёди неругоҳҳои обӣ низ Тоҷикистону Эрон метавонанд пружаҳои хуберо роҳандозӣ намоянд. Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад бо сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои хурду бузург дар Тоҷикистон дар бозори Осиёи Марказӣ ҳузури чашмрасе дошта бошад. Ҳамсарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати Чин низ барои Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳим аст.

Гуфта мешавад, ки бозори бузурги истеъмолии Эрон бо сабаби таҳримҳои зиёди солҳо охир ҳавасманди молу колои воридотӣ аз хориҷ аст ва дар ин самт ҳам Тоҷикистон метавонад аз нигоҳи рушди соҳибкории хурду миёна барои Эрон ҷолиб бошад.

Нуктаи бисёр муҳим ва ҷолиби дигар, ин тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмиву фарҳангии ду давлат аст. Бо муштаракоти забониву фарҳангӣ Тоҷикистону Эрон метавонанд дар соҳаҳои омӯзиш парвариш, илмиву пажӯҳишгарӣ дар пешрафти омӯзиши илмҳои риёзӣ, табиатшиносӣ, тиб, ҷомеашиносӣ ҳамкориҳои матақобилан судмандеро роҳандозӣ намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи мулоқоти худ бо Президенти Эрон, муҳтарам Масъуд Пизишкиён таъкид доштанд:

“Ҳамкориҳои мо дар самти хеле баланд қарор дорад. Мо аз ин ҳамкориҳо қаноатмандем. Боварии комил дорам, ки сафари имрӯзаи Шумо имконияти қувваи нав дар равобити муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон мегардад”.

Дар посухи эҳтироми Сарвари мамлакат, Масъуд Пизишкиён бо иродат ва меҳр афзуд:

“Бисёр хушҳолам, ки ин ҷо омадам хидмати Шумо ва эҳсоси ғурбат ҳам намекунам, мисли кишвари худамон. Хиёбонҳо, сохтмонҳо, майдонҳо, ҳамаш ошност барои мо. Эҳсос мекунем дар ҳақиқат дар Эронем. Ин барои ман хеле ҷолиб аст, чу ҳеҷ ҷое аз дунё мо дигар чунин ҷоро суроғ надорем. Ин иртиботот метавонад хеле қавитар бошад, дар тамоми заминаҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, амниятӣ. Ба ҳамдигар метавонем кӯмак намоем дар тавсеаву рушди ҳамаи заминаҳое, ки имкон ҳаст”.

Гулноза БОБОМУРОДОВА,

“Бонувони Тоҷикистон”

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 46)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон