Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Эмомалӣ Раҳмон: Дар Тоҷикистон Маркази яхшиносӣ таъсис меёбад
Хабарҳои муҳим / Хабарҳо / СлайдерСанаи 8-9-уми июни соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосферӣ, солҳои 2025-2034 ва Конфронси СММ оид ба уқёнус ба шаҳри Нитсаи Фаронса сафар намуданд.
Дар чорабинии сатҳи баланд роҳбарони давлатҳои 65 кишвари ҷаҳон, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ва роҳбарони ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамоишро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари кишвари ташаббускор ва пешво дар умури обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо оғоз намуда, қайд карданд, ки "Раванди коҳишёбии криосфера ба зиндагии босуботи мардуми сайёра таҳдиди ҷиддӣ эҷод карда, метавонад то соли 2050 ба 1 миллиард нафар аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҷазиракишварҳо таъсири назаррас расонад. Бо назардошти аҳамияти пиряхҳо ва бо мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба онҳо, мо тасмим гирифтем, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносиро таъсис диҳем".
Зимни суханронӣ мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле аз иқдому ташаббусҳои саривақтии кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон дар мавзуи обу иқлим изҳори қаноатмандӣ намуд. Чорабинӣ бо суханронии Президенти Фаронса ҷаноби Эммануэл Макрон ҳусни анҷом пазируфт.
Зимни ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон, намояндагони зиёде аз доираҳои гуногуни кишварҳои хориҷ дидору мулоқотҳои судманд анҷом доданд.
Гулноза Бобомуродова,
"Бонувони Тоҷикистон"
Мубодила:
Шарҳҳо
