Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳар куҷо роҳат сафед, эй Пешво!
Хабарҳои муҳим / Слайдер / Президенти ҶТ-60 дарсади пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар кӯҳсори Тоҷикистон воқеъ аст, ки дар рушди тамоми соҳаҳо ва ояндаи устувори минтақа нақши асосӣ мебозанд, - изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 дар Фаронса.
Сарвари давлат дар хусуси вазъи ташвишовари иқлим, таъсири он ба муҳити зист, обшавии бесобиқаи пиряхҳо, норасоии оби ошомиданӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли ин мушкилот суханронӣ намуда, пешниҳодҳои қобили мулоҳиза ироа дошта, махсусан таъкид карданд:
-Тоҷикистон дар чорабинии имрӯза ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускори даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосферӣ иштирок дорад. Кишвари мо тайи 20-соли охир дар арсаи ҷаҳонӣ рӯзномаи обу иқлимро бомуваффақият пеш мебарад.
Аз раванди ташвишовари обшавии босуръати пиряхҳо ва паёмадҳои харобиовари он ёдовар шуда, Президенти кишвар изҳор доштанд, ки оқибатҳои ин раванд ба иқтисодиёт ва экосистемаи кишварҳо зарар ва ба ҳаёти одамон хавф эҷод менамояд.
Гулноза Бобомуродова,
"Бонувони Тоҷикистон"
Мубодила:
Шарҳҳо
