БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

         Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо

Хабарҳои муҳим / Слайдер / Сиёсат / Аз ҳар боб

                   Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо

     Имрӯз ва пагоҳ Душанбеи озодаву гулбасар мизбони меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров аст, ки аз вохӯрию мулоқотҳои дуҷониба хурду калони Тоҷикистон умедвориҳои зиёд доранд. Хушбахтона, мо аллакай бо бародарони қирғиз бо саъю талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари давлати Қирғизистон Садир Жапаров дар фазои сулҳу дӯстӣ қарор дорем, аз накҳати муаттари он чандест, ки нафас мекашем.

 

    Воқеан, авзои чанд соли пеш ба миёномада муносибатҳои сиёсию иқтисодии моро бо ҳамсоякишвар анқариб ба ҳадди ниҳоӣ расонда буд, то ҷое, ки рафту омади сокинони ҳар ду кишвар ба хоки муқаддаси ҷонибҳо қатъ гардид ва модарон аз дидани фарзандҳо, аз дидани волидони хеш маҳрум шуданд. Танҳо инро бо масъулияти баланди давлатдорӣ ва меҳру шафқати падарона марди худодод Эмомалӣ Раҳмон дарк намуд. Дарк намуд, ки бе миёнаравии ҷонибе бояд ба созиш расид ва муносибатҳои дўстонаро барқарор намуд. Гуфтушунидҳои баландпояи ҳукуматӣ бо ташаббуси Президент ва шахсан дидору вохӯриҳои худи Ҷаноби Олӣ бо давлатдори Қирғизистон ин орзую омоли ӯро бароварда кард. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари вохӯрӣ бо мардуми манотиқи сарҳадӣ ибрози ҳамдардиҳо аз ҳар кадом сабру таҳаммулро хоҳиш менамуду барои ба ҳадаф расидан баъзе гузаштҳоро дар мисоли муайян намудани марзи байни ду давлат ба онҳо баён медошт.


     Мардуми тоҷик, ки аз азал ҷонибдори сулҳу амонӣ ва дӯстию рафоқат ҳастанд, ба Пешвои худ, ба ҷасорату мардонагии ӯ тан додаанд ва аз кӯшишҳои сулҳофарии Президент хуб огаҳанд. Мегуфтанд, ки «Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, мо дар ҳар қадам дар каноратон ҳастем, Шумо будед, ки ба Тоҷикистон сулҳу ваҳдат овардед, Шумо будед, ки Ватанро аз нестӣ наҷот додед ва албатта, ки мо бо Шумо барои ба созиш расидани муносибатхои дӯстона бо қирғизҳои ҳамсоя умед мебандем…» Ва хушбахтона, мардуми ду ҷониб дар атрофи Сарварони давлати худ муттаҳид шуданду аз баҳри як порча замин, аз баҳри як гӯшаи ҳавлӣ гузашта, ба созишу баҳамойии ду миллати дӯсту бародар ҳамовоз шуданд.

    Инак, анқариб як сол мешавад, ки дарҳои мову ҳамсоякишвар ба рӯи якдигар боз аст. Муносибатҳои иқтисодӣ дубора барқарор гардид, ки дар натиҷа ин амал аз ду ҷониб ҳам болоравии нархҳоро дар бозори Тоҷикистону Қирғизистон ба танзим даровард. Шукрона, ки имрӯз дигар мардуми ҳар ду ҷониб бо нигоҳи меҳру вафо ба ҳам менигаранд. Ин фазои дӯстию вафодориро тайи ду рӯз давлатмардони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров бо вохӯрию мулоқотҳои сатҳи баландпояи ҳар ду ҷониб, гурӯҳҳои фарҳангию тиҷорӣ боз ҳам тақвият мебахшанд.

     Яъне, ки имрӯзу пагоҳ на танҳо дар лафзи Сарварони ду давлат, балки дар ҳар хонадони тоҷику қирғиз мисраҳои мондагори устод Мирзо Турсунзода гул мекунад:

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.   

 

Рустами НАЗИР

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 13)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон