БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон натиҷагирӣ гардид

Хабарҳои муҳим / Слайдер / Президенти ҶТ / Сиёсат


8-уми июл Президенти Ҷумҳурии Қирғистон Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Майдони Қасри миллат ба ин муносибат ба таври идона ороста шуд ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистонро самимона истиқбол намуданд.

 

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни сарони давлатҳои ду кишвар баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Изҳороти муштараки миёни ду кишвар имзо гузошта, як қатор санадҳоро ба имзо расонданд. Ҳамчунин, сарони ҳарду кишвар фаъолияти боз як гузаргоҳро дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба таври фосилавӣ оғоз бахшиданд.  

Баъди анҷоми музокирот ва маросими имзои санадҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барои намояндагони васоити ахбори омма дар нишасти матбуотӣ барои намояндагони васоити ахбори омма оид ба натиҷаҳои мулоқоти сатҳи олӣ суханронӣ карданд. 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иброз доштанд, ки музокироти имрӯза дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи созанда сурат гирифта, маҷмуи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон муфассал баррасӣ гардидааст.

 

Пешвои муаззами миллат талошҳои ҳарду ҷонибро барои ҳарчи зуд анҷом додани демакратсияи сарҳад ва пурзӯр намудани тадбирҳои эътимод дар минтақаҳои наздисарҳадӣ зикр намуда, дар доираи музокирот ҳамчунин ба рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар ин радиф, дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳиро баррасї намуданд.

Ба мувофиқа расидани идомаи ҳамкориро дар соҳаи гидроэнергетика қайд намуда, аҳамияти ифтитоҳи хатти интиқоли барқи “Хуҷанд – Датка”-ро байни ду кишвар дар чаҳорчӯби лоиҳаи CASA-1000 таъкид доштанд. Тақвияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи амалҳо дар доираи Комиссияи муштараки оби Тоҷикистону Қирғизистон низ ба таъкид гирифта шуд.

Зимни музокирот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъол гардондани тамосҳои соҳибкорӣ ҷонибдорӣ намуда, дар ин замина тасмим гирифта шуд, ки Шурои тиҷоратии палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар барои рушди робитаҳои доираҳои соҳибкорӣ таъсис дода шавад.

Ҳамчунин масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ, содагардонии расмиёти ҳамлу нақли бор, рушди логистика ва иқдомҳои рақамикунонӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Масъалаи афзоиши шумораи хатсайрҳои мунтазами ҳавоӣ ва заминӣ, хосса дар минтақаҳои сарҳадӣ баррасӣ гардида, дар ин росто, рушди ҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарии муносибатҳо, татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои илму маориф, табодули фарҳангӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш ҷонибдорӣ гардид.

Дар рафти музокирот санади муҳим – Созишнома дар бораи таъсиси Шурои байниҳукуматӣ бо роҳбарии сарвазирони ду кишвар ба имзо расид. Бастаи муҳими санадҳои дуҷониба, ки аз рӯйи музокироти имрӯза қабул гардид, ба таври умум заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории ду кишварро бо мазмуни нав ғанӣ мегардонад. Ба ин тариқ, заминаи ҳуқуқӣ барои тавсеаи минбаъдаи тамоми маҷмӯи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мустаҳкам гардид.

Мубодилаи пурмуҳтавои андешаҳо оид ба масоили таъмини амният сурат гирифта, масъалаи мавқеъгириҳои муштарак ҷиҳати таҳкими субот дар минтақа ба миён гузошта шуд. Аҳамияти таҳкими таҷрибаи дастгирии ташаббусҳои ҳамдигар дар майдонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ зикр карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти хабарӣ қайд намуданд, ки созишҳои аз рӯйи натиҷаи сафар бадастомада барои тавсеаи доираи муносибатҳои дуҷониба, таъмини субот ва шукуфоӣ бар нафъи мардуми ду кишвар ва минтақа мусоидат хоҳанд кард.

Дар заминаи фаъол гардондани тамосҳои соҳибкорӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ба кори худ шурӯъ хоҳад кард.

С. Ашӯрова

  

    

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 13)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон