БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Шукуфоии Сангистон

Хабарҳои муҳим / Слайдер / Хабарҳо

Дар идомаи сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №6-и Гулистонро ба истифода доданд.  

     

Бинои кӯдакистон аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, аз ҷониби ҶДММ “Сайҳуни Хуҷанд” бо сифати баланди меъморӣ сохта шудааст.  

  

Сокинон ва маорифчиёни ноҳияи Айнӣ барои ин туҳфаи арзишманд ва дастгирии ҳамешагиашон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.    

 

 

 Дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин хатти оби нӯшокиро, ки барои 500 оила пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Хатти оби ошомиданӣ тариқи чоҳи амудӣ аз умқи 35 метр ба воситаи обкашҳои махсуси барқӣ бароварда шуда, барои захираи оби тоза ва таъмини доимии мардум дар ҳамаи фаслҳои сол ҳавзи нигоҳдорӣ бо ғунҷоиши 100 метри мукааб бунёд шудааст.

 

Иқдоми мазкур дар заминаи пешниҳоди ҷаҳонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон доир ба масоили обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” амалӣ гардид, ки барои сокинони ин деҳаи дурдаст туҳфаи арзанда аст.

  

Ҳамчунин 6 километр роҳи даруни деҳа, ки маркази ноҳияро бо деҳаи Сангистон мепайвандад, пурра мумфарш гардид, ки сокинони деҳа шукуфоии Сангистонро аз баракати қадами файзбори Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанад.

Мафтунаи Қосим

 


Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 21)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон