БОЙГОНӢ
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бардошт аз тантанаи Рӯзи Модар бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Слайдер / Сиёсат / Фарҳанг(Кохи Борбад, 7.03.2025)
Давлату Ҳукумати мамлакат ба хизмату заҳмати занону модарон арҷ мегузоранд!
Шумо, бонувон, болотарину беҳтарин гавҳаред.
Агар шумо, бонувон, набошед, хурсандӣ нест, хушбахтӣ нест, дунё ҳам нест!
Ба қадри модар дар зиндагиаш бирасед, ки баъд дер мешавад.
Модар ба ягон туҳфа ниёз надорад, барояш тансиҳатии шумо, фарзандонаш муҳим аст.
Ҳеҷ гоҳ ба модар сухани дурушт нагӯед, ки қалбаш шикаста мешавад.
Аз волидон ба хотири пирӣ ҳазар накунед, наандешед, ки онҳо дигар зебо нестанд, шумо ҳам як рӯз пир мешавед.
Ризои Худованд мехоҳед, хидмати падару модар ба ҷо оред!
Бонувони азиз, шумо посдорандаи фарҳангу маданияти миллати қадимаед. Шинаму зебову тоҷикона либос ба бар намоед.
Атласу адрасу чакан зеби зани тоҷик аст.
Духтарону бонувони азиз, ба қадри озодие, ки ҳоло доред, бирасед, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоед!
Барои зан одобу тамиз, эҳтироми шавҳар, тарбияи фарзанд дар ҷойи аввал меистад.
Бонувони азиз, сариштакор бошед, маъракаҳои бодабдабаю серхароҷот наороед, ҳеҷ кас миннатдор намешавад, баръакс ба иқтисоди оилаҳоятон зиён меоред. Ба ҷои ин камбудии фарзандонро бартараф созед, барояшон шароит муҳайё намоед, хонанд, забон омӯзанд, пешрафта бошанд…
Ин гулчини панду андарзҳои тиллоӣ аз суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба Рӯзи Модар аст, ки барои хонандаи маҷалла ёддошт намудаем.
Он рӯзи воқеан фараҳнок, Пешвои муаззами миллат беш аз ду соат дар ҳузури духтарону бонувони фаъоли касбу кори гуногун суханронӣ намуда, тамоми паҳлуҳои зиндагии Зан-Модари тоҷикро бо мавзую масъалаҳои муҳим ва ҳусну қубҳаш мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Он қадар бо маҳорати хос, ҷолибу дархӯри вазъу ҳолат, ки гӯё як лаҳза буд ин мулоқот, аммо ба вусъати як дунё бори маънӣ мекашид фалсафаи ин суҳбат.
Бонувон он рӯзи некпайғом бори дигар итминон ҳосил намуданд, ки дар меҳвари сиёсати созандаи имрӯзи давлату Ҳукумат қарор доранд. «Эътибору эҳтироми занон дар ягон давру замон ба ҳадде, ки имрӯз аст, набуд. Бонувон воқеан гули сари сабад, нигини муҷаллои давлатанд», - бо ифтихору ризомандӣ мегуфт бонуи ҳампаҳлуям…
Суханони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунон дилчаспу самимӣ берун меомаданд, ки гӯё падаре рӯ ба рӯ бо духтари ноздонааш суҳбати хосу насиҳатҳои хирадмандона аз таҷрибаи рӯзгораш ироа медорад, роз мегӯяд, ҳарфи дил ифшо месозад.
Ҷое бо эҳсос бонувони толор ашки чашм пок мекарданду ҷое аз ҳазлу шӯхиҳои Пешвои муаззам табассум дар чеҳраҳояшон гул мекард…
Сарвари давлат зимни чорабинӣ ба масъулини Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо, ниҳоду ташкилотҳо новобаста аз шакли фаъолияту моликият супориш доданд, ки дар амри ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани занону духтарон фаъол бошанд. «Сафи бонувон дар соҳаи бонкдорӣ афзун ва 60–70 дарсад боло бурда шавад», - таъкид доштанд Президенти мамлакат.
Пешвои муаззам зикр намуданд, ки сафи занон бояд дар тамоми соҳаҳо мисли маорифу тандурустӣ зиёду муассир бошад.
Бонувони толорро воқеан, ҳисси ифтихору сарбаландӣ фарогир буд. Бо масъулияти тамом қисми фарҳангии чорабиниро кӯдакону наврасон бар дӯш доштанд.
Насли нав, насли доно, закӣ, масъулиятшинос фарзандони арзандаи Ватан хоҳанд буд, ки ҳатман шарафи ворис будан ба кору амали бузургони дирӯзу имрӯзи миллатро арзанда соҳиб мешаванд. Дирӯз ба дурустии ин ақидаву бовар эътиқоду эътимоди қавӣ ҳосил шуд. Бо шукргузорӣ аз сулҳу оромии Ватан дар Рӯзи Модар қалбу ҷон осоиш ёфт, фараҳ дошт, масъуд гашт.
Рӯзи Модарро бо иродат ба тамоми духтарону бонувон, модарони сарбаланди Тоҷикистон муборакбод мегӯем.
«Бонувони Тоҷикистон»
Мубодила:
Шарҳҳо
