Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Уфуқҳои тозаи Варзобдара
Слайдер / ИҷтимоъБа ҳавою оби Варзобдара, ки дар оғӯши кӯҳҳо осудаанду аз ларзишу шӯхиҳои рӯди сармаст таровати хос доранд, бо хондани шеърҳои дилошӯби устод Лоиқ дил додаам. Ба чанористону маҷнунбеду тахтасангҳояш меҳр варзида, дар осмони ситорарезаш пар кушодаам. Дар фарҳанги зеҳнам Варзоб танҳо бо як калима шарҳ дода мешуд - фароғатгоҳ…
Аммо сафари навбатӣ ба Варзоб ва шиносоӣ бо вазъи зиндагиву рӯзгори сокинонаш, уфуқҳои тозаи ин гӯшаи ободи Ватанро бароям муаррифӣ намуд.
Дуртар аз соҳил, он ҷо, ки кӯҳҳо замину осмонро ба ҳам мепайванданд, дар ҳар ваҷаб сангзор корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар авҷ. Мардуми меҳнатқарин, ки сабру тамкин аз кӯҳҳову шавқу туғён аз рӯди пурхурӯш омӯхтаанд, баҳри сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар камари ҳиммат бастаанд.
Биное, ки бо зеботарин усули меъморӣ бунёд шудаву дару деворҳояш нақши дасти аҳли фарҳангу маданияти ноҳияро оинадорӣ мекунад, бинои қасри фарҳанг аст.
- Вақте бино ба истифода дода шуд, на танҳо боиси нишоту шодмонии кормандони соҳаи фарҳанг гардид, балки кулли мардум фараҳманд буданд. Чун дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат дар тамоми гӯшаву канори мамлакат кохҳои фарҳанг сохта ба истифода дода шуданд, мо низ орзуи чунин як бинои муҳташамро доштем, ки кормандони зерсохторҳои бахши фарҳангро ба ҳам орад. Шуруъ аз соли 2012 ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи кулли сокинони ноҳия муроҷиат намудем, то дар амалӣ шудани ин орзуи дерини мо ёрӣ расонанд.
Ҳамин тариқ, бо дастгирии Сарвари давлат соли 2018 қасри фарҳанг аз тарафи Дирексияи сохтмо- ни иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд, - иброз дошт мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия Наҷмиддин Қаландаров.
Бинои қасри фарҳанг иборат аз толори бузург бо 350 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои кории маъмурӣ ва либосу пардозгарӣ барои ҳунармандон мебошанд. Студияи сабти овоз дар дохили бино бо риояи анъанаҳои меъмории халқи тоҷик бунёд шуда, на танҳо маҳалли фаъолияти кормандони он, балки макони баргузории тамоми чорабиниҳо гаштааст.
- Аз ҳамон нахустин рӯзи ба фаъолият пардохтан то ҳол қаср дар хизмати мардум қарор дорад. Маҷлису вохӯриҳо ва чорабиниҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ, ҷамъомаду вохӯриҳои кормандони соҳаҳои тандурустиву маориф ва дигар тантанаҳои сатҳи баланд дар толори барҳавои он доир мегарданд. Дари қасри фарҳанг барои баргузор намудани барномаи консертии ҳунармандони касбӣ, ҳаваскорони ҷавон ва ҳунарҷӯёни мактаби санъат низ боз аст, ки ин фаъолияти густарда дар тозаву озода нигоҳ доштани ҳар хишти он моро масъул медорад, - иброз дошт мудири бахш.
Бинои муҳташами дигаре, ки бо тарзи меъмории муосир бунёд шудаву туҳфаи арзанда ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар аст, бинои комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб мебошад. Бино аз 3 ошёна ибо - рат буда, тарҳи он ба ҳусни ин ноҳияи кӯҳистон зебоии дигар бахшидааст. Фармоишгар, лоиҳакаш ва пудратчии ин бинои хуштарҳ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб буда, он соли 2022 ба истифода дода шудааст.
Бинои нав дорои ҳуҷраҳои муҷаҳҳази корӣ, маҷлисгоҳ ва ёрирасон аст, ки барои ҳизбиён дар тарғибу ташвиқи идеологияи созандаи ҳизби маҳбуб шароити мусоиди корӣ фароҳам овар - дааст.
- Дар ноҳияи Варзоб бахшида ба Ҷашни 35-со - лагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру навсозӣ ва сохтмони 158 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки иҷрои он бомаром идома дорад. Тибқи нақша то имрӯз 105 иншоот ба истифода дода шуд ва дар 53 адади дигар корҳои сохтмонӣ оғоз гаштаанд. Корҳои сохтмонӣ асосан дар самти бунёди корхонаи саноатӣ, ин - шооти соҳаи тандурустиву маориф, майдончаҳои варзишӣ, иншооти истироҳатӣ-фарҳангӣ, биноҳои маъмурӣ, марказҳои хизматрасонӣ, таҷдиди роҳу пулҳо, кашидани хатти оби ошомиданӣ дар деҳаҳои дурдаст аз рӯйи нақша бомаром ҷараён доранд, - гуфт мудири бахши сохтмон ва меъморӣ Фирӯз Баротзода.
Дар амалисозии корҳои ободонию созандагӣ масъулини бахш саҳми соҳибкорони маҳаллиро низ назаррас медонанд. Бо ташаббуси онҳо як қатор муассисаҳои хусусии хизматрасонӣ, нуқтаҳои тиббӣ ва марказҳои фарҳангӣ бунёд гардида, роҳҳои байни деҳаҳо тахту ҳамвор ва мумфарш шудаанд. Ҳамзамон, бо дастгирии аҳолӣ аксияҳои ихтиёрии тозагӣ, ободонӣ ва шанбегиҳо мунтазам гузаронда мешаванд.
Симои ноҳияро қомат афрохтани пояи Нишо - ни давлатӣ ва сабзу гулпӯш гаштани атрофи он, ки рӯ ба рӯйи бинои М ИМҲД-и ноҳия ва дар шоҳроҳ қарор дорад, назарработар кардааст. Майдони Н и - шони давлатӣ бо парчамҳои парафшону қандилҳои фурӯзон, бо ниҳолҳои гулафшону гулҳои шукуфон на танҳо барои сокинону меҳмонон, балки ба му - софироне, ки аз ин масир ба самти шимоли киш - вар ҳамарӯза дар сафаранд, эҳсоси ифтихори ватандорӣ мебахшад. Аз як тарафи роҳ садои фо - рами рӯди Варзоб, аз самти дигар суҳбаткадаҳои роҳатбахш ва майдончаи варзишиву асбобҳои бозӣ барои дилхушии кӯдакон шомҳои гувороро ба аҳли ноҳия тақдим медоранд, ки аз хуррамиву ободӣ биболанду дар зеботар шудани ҳар ваҷаб замини ин маъвои кӯҳҳову обҳои мусаффо дасту остин барчинанд…
Мафтуна НАЗИРОВА,
Душанбе-Варзоб-Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
